МУКОФОТҲОИ ПУЛИИ ФОНД БА ЖУРНАЛИСТОНИ СОБИҚАДОР

Бо хотираи таърихӣ ба сар бурдан, арҷгузорӣ ба куҳансолон аз арзишҳои миллии мост.

Ҳар сол дар мамлакатамон 9-уми май ба сифати Рӯзи хотира ва қадр қайд карда мешавад, ки  аҳамияти калони тарбиявӣ дорад.
Дар ин рӯз аз гузаштагон ёд мекунанд, солмандонро ба курсии иззат менишонанд. Барои хабаргирӣ ба хонаи собиқадорони ҷангу меҳнат мераванд, ба онҳо туҳфаю мукофотҳо супурда мешаванд. Ҳоло дар саросари мамлакатамон бахшида ба 9-уми май — Рӯзи хотира ва қадр чорабиниҳои гуногун баргузор мешаванд.
Хоссатан, фармони сарвари мамлакатамон «Дар бораи ҳавасмандгардонии иштирокдорони ҷанги дуюми ҷаҳон» боз як нишонаи ҳурмату эътибор ва ғамхорӣ ба собиқадорони ҷанг мебошад. Тибқи фармони мазкур имсол низ дар мамлакатамон бо иштироки аҳли ҷомеаи васеъ чорабиниҳое баргузор мешаванд, ки собиқадорони ҷанг ва фронти меҳнатро болида месозанд.
Дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр аз ҷониби Иттиҳоди эҷодии журналистони Ӯзбекистон ва Фонди ҷамоатии дастгирии  эҷодкорон — «Илҳом» дар сари хони  неъмат ба 40 нафар журналистони собиқадор туҳфа ва мукофотҳои пулӣ супурда шуданд. Дар чорабинӣ журналистони солманд, дар баробари шукргузорӣ аз ҳаёти тинҷу осоишта, ба Президентамон, барои эътибору ғамхорӣ ба  аҳли қалам, арзи сипос намуданд.
– Ба сифати як собиқадори ҷангу меҳнат аз ғамхориҳое, ки ба мо зоҳир карда мешаванд, хеле мамнун ҳастам. Ҳар сол дар арафаи Рӯзи хотира ва қадр Иттиҳоди эҷодии журналистон моро дар атрофи як дастархон ҷамъ меоварад, — гуфт журналисти собиқадор Георгий Любимов. — Дар ин чорабинӣ бо журналистони собиқадоре, ки якҷо кор кардаам, вохӯрдам, ёди гузаштагон кардем. Бояд бигӯям, ки аз ин эътибору ғамхорӣ сарам ба осмон расид. Халқу кишваре, ки ба солмандонаш арҷ мегузорад, ҳеч гоҳ кам намешавад.

Ҷобир ХӮҶАҚУЛОВ.   
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: