Деҳаи зебоманзари Мулгони ноҳияи Сӯх аз азал маскани одамони сарбаланд, баору номус, меҳнатӣ ва сухандону бомаърифат будааст.
Яке аз шахсиятҳои нотакрори деҳа Усмоналиамак Ғиёсов (Худо раҳмат кунад) солҳои дароз ба деҳа саробонӣ намуда, дар пешравӣ, фаровонӣ ва нашъунамои он ҳиссаи босазо гузоштааст. Баъди ӯ ба ҷамоаи шаҳрвандони деҳа М. Азимбеков, А. Атабеков, Т. Ғиёсов, И. Қосимовҳо раисӣ намуда, ҳар яке алоқадри ҳол хидмати мардум карданд. Имрӯз бошад, раисии маҳалла бар дӯши Фурқатҷон Домуллоев бор аст. Фурқатҷон набераи Зархорбой Домуллоеви дар деҳа машҳур мебошад.
ҶШМ Мулгон аз 4 маҳалла: Спортчилар, Армуғон, Ибрат ва Ифтихор иборат буда, ҷамъи аҳолӣ 2950 нафарро ташкил мекунад. 10 нафар оилаҳои камтаъмину маъюбон дар мадди назари раис Ф. Домуллоев, котиб К. Каримов, сарвари занҳо Т. Мелникова, посбон Ҳ. Юсуфҷонов, сарвари маҳаллаҳо Б. Қозиев, Р. Каримов, Ҳ. Атабеков ва Э. Сӯфиевҳо буда, имрӯзҳо ободию зебогии ҳар чаҳор маҳалла аз якдигар намемонад. Дар ҳар як тадбиру маросимҳо мӯйсафедон ва фаъолони маҳалла А. Атабеков, Д. Маҳмудов, Р. Тоҷиддинов, И. Саломов, Д. Маҳматов, К. Санобаров, И. Мелников, М. Қозиев, И. Боронов ва даҳҳо дигарон ёвару мададгори раиси ҷавонанд.
Аҳли Мулгон дорои кулли шароитҳои зиндагӣ буда, аз ҳеҷ чиз танқисӣ намекашанд. Ду кӯдакистон, мактаби миёна, мактаби спорт, шуъбаи алоқа, нонвойхонаю чойхона, қассобхонаю 7 дӯкони савдо, сартарошхона, устохонаи таъмири мошин, устохонаи тунукасозӣ, маркази тиббию шуъбаи ёрии таъҷилии тиббӣ дар хидмати аҳли диёранд.
Соли гузашта хурсандии аҳли деҳ дучанд гашт. Зеро деҳаи Мулгон ба барномаи «Қишлоқи обод» даромад. Натиҷаи ҳамин буд, ки 4 километру 300 метр кӯчаҳои деҳ мумфарш гардида, 1800 метр шағалпӯш карда шуд. 86 дона лампочка шабона кӯчаҳои деҳаро фурӯзон менамояд, ки аз ин шодию хушнудии аҳли деҳа ҳадду канор надорад.
Натиҷаи барнома буд, ки 90 метр роҳи пиёдагард таъмири хушсифат ва 80 метр мобайни роҳи пиёдагарду ҷӯй гулзор карда шуд. Ба 280 метр ҷӯй нова хобонда шуд, ки ин ба кӯчаи деҳ ҳусн илова кард. Ба масофаи 2 км қубури обӣ хобонда шуд, ки он дар арафаи будшавист.
Он сон, ки аз нақли раиси ҷавон Фурқатҷон Домуллоев бармеояд, ҳоло барномаи «Қишлоқи обод» идома дорад.
Баҳриддин ТОҶИДДИНОВ.
Вилояти ФАРҒОНА.