Дар мамлакатамон ташаббусҳои соҳибкоронро давлат дастгирӣ менамояд, барои онҳо имкониятҳои васеъ фароҳам оварда мешаванд.
Субъектҳои соҳибкорие, ки аз ин имкониятҳо самарабахш истифода бурда, тиҷорати худро бомуваффақият ривоҷ медиҳанд, низ кам нестанд. Фаъолияти оқилонаи онҳо ва риоя гардидан ба меъёрҳои ҳуқуқӣ натиҷаҳои мусбат медиҳанд. Аммо на дар ҳама ҷо ҳам вазъият як хел аст.
Дар натиҷаи дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронда шудани чорабиниҳои назоратӣ бинобар омӯзиши саривақту хушсифат аз ҷониби «Ӯзнефтгазинспексия» расонда додани маҳсулоти нафту газ маълум шуд, ки баъзе ташкилотчиён кӯшиш мекунанд истеъмолгар-ҳамкорашонро фиреб диҳанд ва толону тороҷ кунанд.
Дар тафтишоте, ки дар ҳудуди вилояти Тошканд 22 июли соли ҷорӣ гузаронда шуд, ҳолатҳои ҷой доштани қонуншиканиҳо дар соҳа маълум гардид. Аз ҷумла, муайян гардид, ки ҳангоми аз ҷониби ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Пахта нефт базаси»-и ноҳияи Чилонзор ба фермерон тақсим намудани сӯзишворӣ 81 ҳазору 365 литр камомад, инчунин 140 литр сӯзишвории зиёдатии дизелии ЭКО вуҷуд доштааст. Оид ба сӯзишвории дизелӣ низ чунин ҳолатҳо ҷой доштаанд. Дар ҳуҷҷатҳои ҳисоботии истифодаи сӯзишвории дизелӣ дар ҳаҷми 854 730 литр номутобиқӣ пайдо шудааст. Дар рафти тафтиш норасоиҳои техникӣ ва метрологӣ зоҳир шуданд.
Дар ПТСФ-13-и ба номи Охунбобоев – 12 235 литр, дар ПТСФ-11 – 51 209 литр, дар ПТСФ-41-и ба номи Ҳ. Олимҷон – 7130 литр, дар ПТСФ-36-и «Тошовул» – 10 791 литр норасоии сӯзишворӣ роҳ дода шудааст. Дар ПТСФ-22-и ба номи Абай дар ҳаҷми 63 литр сӯзишвории дизелии ЭКО, дар ПТСФ-8-и ба номи Улуғбек 77 литр сӯзишвории дизелии ЭКО зиёдатӣ буданд.
– Дар натиҷаи тафтишот, ки дар ноҳияи Ӯрта Чирчиқи вилоят гузаронда шуд, ҳолатҳои дуздиву ғорат аниқ гардиданд, – мегӯяд сардори Раёсати «Ӯзнефтгазинспексия» Дилшод Каримов. – Ҳамин тавр маълум гардид, ки норасоии сӯзишвории аз ҷиҳати экологӣ тозаи дизелӣ дар нуқтаи тақсимоти сӯзишворӣ ба фермерони ҶММ «Кучлик нефт базаси» 200 литр, камомади бензини тамғаи АИ-80 8 ҳазору 190 литрро ташкил медиҳад. Инчунин, дар ин ҷо дар ҳаҷми беш аз 8 ҳазор литр сӯзишвории зиёдатии дизелӣ баромад, тафовут байни нишондиҳандаҳои сутуни тақсимоти сӯзишворӣ ва нишондиҳандаҳои ҳисоботӣ 40 005 литрро ташкил дод. Дар ПТСФ-1-и «Турон», ПТСФ-20-и «Навбаҳор», ПТСФ-37-и ба номи Улуғбек, «Ачамайли» ва «Ачамайли»-77 низ ба чунин камбудиҳо роҳ дода шудаанд. Баробари ин сифати маҳсулоти нафт, ки дар нуқтаҳои тақсимоти сӯзишворӣ нигоҳ дошта мешаванд, мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Намунаҳои ба ин мақсад гирифташуда ҳоло дар лабораторияҳои назорати кимиёвии «Ӯзнефтгазинспексия» аз тафтиш гузаронда мешаванд.
Субъектҳои соҳибкорӣ низ бинобар истифодаи гази табиӣ аз тафтиши назоратӣ гузаронда шуданд. Муқаррар гардид, ки панҷ истеъмолчии яклухт ғайриқонунӣ ба қубури газ пайвастаанд. Дар асоси ҳисобу китобҳои таъҷилӣ ба ҳисоби қонуншиканон 11 миллиону 807 ҳазор метри мукааб гази табиӣ қайд карда шуд.
Масалан, корхонаи истеҳсоли оҳаки «Фруит интенсив» низ ба чунин қонуншиканӣ роҳ додааст. Он бидуни имзо намудани шартнома бо шохобчаи таъминоти газ 1 миллиону 323 ҳазор метри мукааб газро ғайриқонунӣ истифода намудааст. Корхонаи истеҳсоли оҳаки «Сифат оҳак бизнес»-и ноҳияи Юқоричирчиқ низ 501 ҳазор метри мукааб гази табииро ғайриқонунӣ истеъмол намудааст.
– Бинобар мувофиқи тартиботи муқарраргардида расонда додани гази табиӣ ба аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ таҳлилҳои ҷиддӣ гузаронда мешаванд, – мегӯяд сардори Раёсати ҳудуди тошкандии «Ӯзнефтгазинспексия» Маҳмудҷон Ёқубов. – Ҳангоми омӯзиш маълум шуд, ки дар ин низом низ ба қонуншиканиҳо роҳ дода шудааст. Аз ҷумла, дар шуъбаи «Бӯка газ таъминоти»-и филиали минтақавии «Тошкент вилояти бӯйича газ таъминоти» лӯлаҳои газии ҳаҷми умумиашон 170 ҳазор килограмми бино бар таъинот истифоданашуда ҷой доранд. Ба ғайр аз ин, зоҳир гардид, ки ҳангоми аз ҷониби ин шуъба ба истеъмолгарон дар моҳҳои январ-июни соли 2019 расонда додани гази табиӣ ба 2 ҳазор килограмм камомад роҳ дода шудааст.
Намояндаи ҳар як соҳа ба касбаш бо садоқат кор кунад, дар ҳамон ҷо обрӯву эътибор пайдо мекунад. Дар акси ҳол, зери таънаву маломат мемонад. Дар рафти тафтишот фаъолияти кормандоне, ки ба вазифаҳояшон саҳлангорона муносибат зоҳир намуданд, фош гардиданд. Масалан, бо роҳи муқоиса зоҳир гардид, ки имзоҳо дар варақаҳои борхати расонда додани газ ба истеъмолгарон дар тӯли панҷ моҳи гузаштаи соли ҷорӣ қалбакӣ карда шудааст. Ба ҷойи соҳибони манзилҳо худи кормандони шуъба имзо гузоштаанд. Ҳуҷҷатҳо доир ба 140 ҳазор килограмм гази табиӣ аз ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ гум карда шудааст. Ба ин факт чи хел эзоҳ додан мумкин аст, ки дар моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ 71 миллион сӯм пули аз ба аҳолӣ фурӯхтани гази моеъ бадастовардашуда ё ки ҳаққи 13 ҳазору 360 килограмм газ ба Бонки халқӣ пурра супурда нашудааст.
Чунин қонуншиканиҳои ҷиддӣ на танҳо дар вилояти Тошканд, балқи вилоятҳои Андиҷон, Намангон, Самарқанд, Хоразм ба назар мерасанд. Масалан, 29-30 июли соли ҷорӣ аз рӯйи бо нархҳои имтиёзнок ба аҳолӣ расондани гази моеи углеводородӣ дар вилояти Самарқанд тафтиш гузаронида шуд. Ошкор гардид, ки дар лӯлаҳои гази маишӣ, воситаҳои махсуси нақлиёти автомобилӣ ва ҳисоб-фактураҳо зиёдатӣ 23 ҳазор килограмм газ ҷой дошта, камомади гази моеъ беш аз 5 ҳазор килограммро ташкил медиҳад.
Дар вилояти Хоразм низ дар ин низом камбудиҳои зиёд ҷой доранд. Аз ҳисоби ҳисобу китоби нодуруст харҷи технологӣ дар ИСГ «Шовот» аз ҳисоб беасос 26 ҳазору 560 килограмм гази моеъ бардошта шудааст. Ба ҷойи ду монометрҳои зарурӣ ба низоми насосӣ як монометр васл карда шудааст. Дар анборҳо ускунаи ченкунии ҳаҷми гази моеъ вуҷуд надорад. Дар натиҷа моҳҳои январ-июни соли 2019 ба ноҳияи Янгибозор 17 ҳазору 90 килограмм газ кам расонда дода шуда, 854 хонадон бе газ мондааст. Аз ҳисоб беасос 140 килограмм гази табиии ҳафт лӯлаҳои гази маишӣ аз ҳисоб бароварда шуда бошад, норасоии гази моеи ҳашт лӯлаҳои гази маишӣ 60 килограммро ташкил додааст.
Қайд кардан ҷоиз аст, ки тамоми ҳолатҳои зоҳиргардида барҳам дода хоҳанд шуд. Аммо агар субъектҳои хоҷагидорӣ ҳалол ва самарабахш кор накунанд, онҳоро лозим меояд дар назди қонун ҷавоб диҳанд. Аз ин рӯ, тафтишоти назоратии «Ӯзнефтгазинспексия» боз ҳам пурзӯр гардонда хоҳад шуд.
Н. ЗИЁДУЛЛОЕВА,
мухбири ӮзА.