МУЛЛОИ МУСОФИР

Мегӯянд, ки Худои яккаву ягона моро дар зиндагӣ баҳри имтиҳон офаридааст.

Оғози олам ғулғула, поёни олам зилзила,
Ишқову шукре бо гала ором  бо зилзолаҳо.
(Мавлоно Балхӣ).
Мегӯянд, ки Худои яккаву ягона моро дар зиндагӣ баҳри имтиҳон офаридааст. Аслан зиндагии бо ғулғула оғозгаштаи мо дар анҷом ба зилзилаи сахте рӯ ба рӯ мешудааст. Аз бозии сарнавишт ҷойи гурезе набудааст. Хоҳу нохоҳ, рӯзе дар гирдоби пурталотуми баҳри зиндагӣ ғарқ мешавем. Гирдоби баҳри зиндагӣ Мулло Султон ва ҷигарбанди ӯ Махсуми Аббосро ба дуриҳои дур меафканад. Дар ғарибию залилиҳо умри хешро мегузаронанд падару писар. Дар дуриҳо аҷдод ва Ватани афсонавии хешро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ин ҳарду. Баҳри баланд бардоштани маърифати динии ҳамдиёрон хидмати бедареғе анҷом медиҳанд. 
Аз қисмати талху шӯри ин мардони Худо ҳолдонҳои пешин нақлҳои риққатангезе  ба ёдгор гузоштаанду рафтаанд. Ин ёдномаҳоро мо аз ёдҳои шоҳидон ғун кардем, то он ба боду чанги таърих омехта нагардад, рӯйи коғаз кӯчонидем. Умед дорем, шумо онро хонда баҳра мебардоред.
Ривоят мекунанд, ки гӯё авлоди Мулло Норбой аз диёри дури дуре ба деҳаи Дарбанд омада, дар Ҳайроншехӣ ном дараҳои зебоманзар сукунат ёфтаанд. Бобову бобокалонҳои онҳо одамони бою бадавлат, соҳиби рамаҳову галаҳо дар ихтиёр доштаанд. Худо ба гузаштагони ин авлод пайкари рустамона, дасту бозуи қавиро насиб гардонида. Мегӯянд, ки писарони Мулло Норбой чунон мардони таҳамтане будаанд, ки агар ношиносе дар кӯҳу саҳро ногаҳон бо онҳо рӯ ба рӯ ояд, аз ҳайбату ҳашамати онон  ба ваҳму таҳлука меафтодааст. Дидаву шунидаҳо қисса мекунанд, ки гӯё чор писари Мулло Норбой ҳар яке ҷуволи гандуми даҳонбастаро аз ҷониби росту чапи аспу харҳои борбардор озод бор карда, онро ба ҷониби осиё мебурдаанд. 
Аз Тубаки Ӯрун то Ҳайроншехӣ ва Қӯноқпоя манзилу макони онҳо ба ҳисоб мерафтааст. Аз Ҳайроншехӣ то Қизилқӯтону Қароғут дарбандиён буду бош доштаанд. Мусофириён бо авлоди пиратиён, яъне бобокалонҳои Мулло Норбой аҳди дӯстӣ доштаанд. Хушбахтона, ин анъанаҳои гузаштагонро ҳоло ду авлод идома медиҳад. Мулло Султон писари сеюми Мулло Норбой буда, мисли дигар авлоду аҷдодаш марди кӯҳпайкаре буда саводи ибтидоии диниро дар назди қиблагоҳаш мегирад. Мулло Норбой низ соҳибдавлат буда,  айёми тирамоҳу зимистон чорвои хешро дар ин дараҳо дар саргаҳи дарёи Дарбанд, дар марғзорҳои сералаф  ва анбӯҳи арчазорон мепоидааст.
Соле Мулло Султон бо чанд тан даҳмарда рамаи хешро ба домани ин чарогоҳҳо оварда, дар назди арчазори анбӯҳ қарор мегирад. Шабе аз шабҳо даҳмардаҳо ба козаи Мулло Султон гирд омада, мегӯянд, ки “эй дӯст, ту бори аввал ба ин манзилу макон, баҳри рамапойӣ омадӣ. Аз рӯйи таомули ҳамкасбон касе, ки бори нахуст ба ин ҷо по мегузорад, аз рамаи хеш, баҳри рафъи балои қазо моли аз ҳама фарбеҳу бузургҷуссаи хешро забҳ мекунад». Розӣ мешавад ӯ.  Пагоҳӣ даҳмардаҳо шаҳбузи бузургҷуссаи рамаро, ки дар гардан зангӯлаи огоҳӣ дошт, дар роҳи даъфи балоҳо забҳ мекунанд. Пас аз ин хайру саховат ба Мулло Султон дуое медиҳанд. 
Бехабар аз ин кору ҳол, Мулло Норбой ба кӯҳсор меояд. Беихтиёр ба рамаи хеш назар афканда мебинад, ки аз шаҳбузи бузургҷусса дараке нест. Аз Мулло Султон ва даҳмардагон ин ҳолро мепурсад. Онҳо буду шуди воқеъаро ба ӯ қисса мекунанд. Ғазаби Мулло Норбой боло мегирад, чӯбдастеро гирифта, чанде ба сару  тани ӯ мезанад. Мегӯяд, ки дар таомули даҳмардагон сорбони рамаро намекушанд. Чӣ мегӯед, ки кор аз кор гузаштаву оби рехтаро имкони ғункардан набуд. Ҳамон шаб Мулло Султон нопадид мешавад. Саҳари солеҳон даҳмардагон дар козаҳо ӯро ҷустуҷӯ мекунанд. Аз ӯ на ном буду на нишон. Рӯзҳои пасин низ ӯро меҷӯянд: касе ӯро дидам намегуфт. Ҳама ҳайрон, аз кардаи худ пушаймон. Дар ҷустуҷӯи ӯ ба гирду атроф то ба Толлӣ одам мефиристанд. 
Мулло Султон ҳамон шаб чанде дуртар аз козаи даҳмардагон дар паноҳи арчаи азиме шабро саҳар карда, рӯ ба ҷониби деҳаи Сангардак меорад. Номи ин деҳаро борҳо шунида, вале онро надида буд. Намедонист ин роҳ ӯро то ба куҷое мебарад. Аз кӯфти роҳ чун беҳолу бемадор мегашт, ҳаловатро ихтиёр мекард ва пасон боз рӯ ба роҳ  мениҳод. Намози шом ба ин деҳа мерасад. Дар лаби чашмаи мусаффо дасту рӯ шуста, аз оби ҷонбахши он нӯши ҷон карда, фароғатро ихтиёр мекунад. Ба чашмонаш хоб омада, чанд муддат дар ин ҳол мемонад. Дар хобаш ҳамон даҳмардаи шиносашро, ки дар домани даштҳои Сайҳон ду сол ҳамроҳ рама поида буданд, мебинад. Аспсавор ба дунболи рама мерафт он даҳмарда. Чун ба ҳам рӯ ба рӯ омаданд, “биё дӯстам, биё” гӯён аз асп поён шуда, ба оғӯш мегирад ӯро. Аз хоб як қад парида бармехезад. Ба худ омада мебинад, ки дар лаби чашмаи зулоле хуфта. Хоби ҳамин ҳоло дидаашро дубора ба ёд меорад. Дар банди хаёлҳояш шарорае рух зада, ба дилаш умеде падид мегардад. Гуфтаҳои ӯро пеши назар меорад. 
Манзилам дар қарибии кӯҳи Гавургон аст, рамаро дар лаби дарёи Қаратоғ об медиҳам – ин гапро чандин бор такрор карда буд, ҳангоми хайру хуш он даҳмардаи боботоғӣ. Торикӣ фаро расида буд. Шабро дар ин манзил рӯз карда, субҳи содиқ ба ҷониби Узундара роҳ мепаймояд. Ба соҳили дарёи Тӯпаланг мерасад. Тӯпаланг чун паланг ғурриш мекард. Дар соҳили он одамони зиёде ғун гашта роҳи аз як соҳил ба дигар соҳил гузаштанро меҷустанд. Яке мегуфт, ки ҳар кӣ шиновар аст, убури он осон аст. Дигаре арзи хешро тасдиқ мекард, ки ҳар кӣ аспи тавоное дорад, бечунучаро ин дарёро убур хоҳад кард. Ҳамин сон мусофирони дар соҳил истода баҳсу талош мекарданд. Бад-ин тариқ Мулло Султон низ дар қатори ин мусофирон дар хаёли убури дарё монда буд. Ин дам як аспсаворе ба назди мусофирон омада мегӯяд, ки убури дарё дар ин манзил имкон надорад. Фақат дар Зарчоб ном деҳа, ки тақрибан 7-8 чақрим роҳ аст, дарё хеле танг ҳаракат мекунад. Аз ду ҷониб арғамчинҳои дарозро мехкӯб кардаанд. Арғамчин аз як соҳил ба соҳили дигар мерасад. Одамон арғамчинҳоро ба миён баста, аз як ҷониб ба ҷониби дигари дарё мерафтанд. Чун ба соҳил расиданд, ду нафар аз дасташон дошта, онҳоро аз харсанги лаби дарё боло мекашанд. Мулло Султон бо нишондоди он савори ношинос намози шом ба ин манзил мерасад. Шабро дар козаи даҳмардае саҳар карда, ба соҳили ин гузаргоҳ меояд. Чун офтоб як қади найза боло мебаромад, кӯҳу камар ва соҳилҳоро бо нури сахобахши хеш маҳин-маҳин сила мекард: ин манзилу маконро ноаён аз боду тафи намнок  дур меандохт. Ин нури босафо гӯё ба ҷони ин манзил ҷон мебахшид. Дар сари як харсанге нишаста, соҳили дарё ва гузаргоҳро муоина мекард. Мусофирон як-як аз паси дигар ба ҷониби гузаргоҳ омада, фикри аз дарё убур карданро доштанд. Мулло Султон ресмонро ба миёнаш сахт баста, худро ба дарёи пурталотум меандозад. Мавҷи дарё дар як они воҳид ӯро ба соҳили рост мебарад. Ду нафар чолокона дастони ӯро маҳкам дошта, ба болои харсанги бузурге мекашанд. Аз хунукӣ танаш чун барги бед меларзид. Аз мусофирон чӣ гуна ба деҳаи Узун расиданро аниқ мекунад ва роҳашро идома медиҳад. 
Нисфирӯзӣ ба манзил расида, дар соҳили дарёи Қаратоғ он даҳмардаи шиносашро интизор мешавад. Аз оби ҷонбахши дарё нӯши ҷон карда, тану тӯши аз роҳ кӯфташудаи хешро мешӯяд. Насими дарё бо як маром вазида ба ҷони ӯ ҳаловат мебахшид. Нигоҳи ӯ ба рамае, ки чун ресмони сиёҳ як раҳ кашол гашта, сар ба зер, ба поён ба ҷониби дарё дартоз меомад, афтид. Ба дунболи рама даҳмардае вазнин-вазнин қадам мезад. Ба истиқболи даҳмарда гом мениҳад. Чун бо ӯ рӯ ба рӯ меоянд, салом арз намуда, шиноси деринашро мепурсад. Дар посуху пурсиши ӯ даҳмарда иброз мекунад, ки пас аз фурсате он шиносаш ба ин ҷо хоҳад расид. Рамаи гӯсфандон ба соҳил расида дурудароз оби дарёро ошомида, коҳилона боз ба раҳи омадаашон бармегаштанд. Рамаи дигаре дартоз ба соҳил меомад. Ногоҳ нигоҳаш ба шиноси деринааш афтод, ки ба дунболи рама чанд хару хингилро пешандоз карда, вазнин-вазнин ба поён меомад. Вақте ба ӯ наздик мешуд, якдигарро зуд шинохта, ба оғӯш кашиданд. Дар лаби дарё бо ҳам нишаста, якҷоя нонушта карда аз аҳволи якдигар огоҳ шуданд. Чун мешҳо ташнагӣ бишкастанд, ба ҷониби чарогоҳи худ роҳ паймуданд. Ҳар ду ба машкҳо об гирифта, онро ба маркабҳо бор карда, ба дунболи рама ба ҷониби кӯҳи Гавургон равон шуданд. Намози шом ба шафати ин кӯҳ расиданд. Ду рӯз дар сою қирраҳои дароз рамаро пойида, боз ба ҷониби дарё омаданд. Соҳиби рама онҳоро дар соҳили дарё интизор буд. Бой пас аз паёму салом аз куҷову чикора будани ӯро пурсид. Ӯ мақсади ба ин манзил омадани хешро ба бой нақл мекунад. Ин дам бой ба Мулло Султон дурудароз зеҳн монда, андешамандона мепурсад:
– Ҳақиқатан ту барои рамабонӣ омадӣ? Аз гиру монат, тану тӯшат, маълум аст, ки дар ин кор таҷриба андӯхтаӣ?
– Шояд, аз гӯштингирӣ низ хабар дорӣ,– гӯён чунин суолҳоро такрор мекунад. 
– Зиёд не, каму беш аз гӯштингирӣ хабар дорам. 
– Аз гӯштингирӣ хабар дошта бошӣ, писар, ҳамроҳ ба қароргоҳи мо меравем. Он ҷо бо чанд паҳлавон, ки мисли худат даҳмардаанд, гӯштӣ мегирӣ. Агар дастат аз ин набард боло шавад, як рамаи гӯсфандонро барои поидан ба ихтиёрат вомегузорам. 

(Давом дорад).
Нуралӣ РАҶАБ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: