МУЛОҚОТ БО ҶОНИШИНИ РАИС

Гурӯҳи корӣ бо сардории ҷонишини раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, роҳбари фраксияи ӮзЛиДеП Аҳтам ҲАИТОВ ба вилояти Бухоро омада бо вазъи иҷрои фармону қарорҳои сарвари давлат оид ба шуғли аҳолӣ , масъалаҳои ҷавонон, аз камбағалӣ баровардани оилаҳои камдаромад, истифодабарии самаранок аз қитъаҳои наздиҳавлии аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шинос шуд.

Аввалин вохӯрии онҳо дар шаҳр ва ноҳияи Когон ба амал омад. Мулоқотҳои эшон бо роҳбарон, намояндагони халқ, сарварони ташкилоту корхона ва маҳаллаҳои ноҳияи Шофиркон дар ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи Қайрағоч сурат гирифт. А. Ҳаитов дар бораи вазъи мураккаби имрӯза вобаста ба пандемия, масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, муҳим будани иҷрои фармону қарорҳои Президент роҳу усулҳои коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ, истифодабарӣ аз имкониятҳо хусусан, бо мақсади кишти такрорӣ ба эҳтиёҷмандон тақсим карда додани майдонҳои аз ғалла холишудаи киштзорҳои хоҷагиҳои фермерӣ, дар ҳавлиҳо мувофиқи имконияташон ташкил кардани соҳаи мурғпарварӣ ва ғайра ҳарф зад. Маълум шуд, ки дар ноҳия 2630 нафар аҳолӣ камбағалона умр басар мебарад. Ҷонишини раис аз ҳокими ноҳия хоҳиш намуд, ки якҷоя бо депутатҳо, роҳбарон ва мутасаддиёни кор бобати ба дармондагон расондани кӯмак чораю тадбирҳои зарурӣ бинанд. Ҷонишини ҳокими вилоят, сардори садорати дастгирии оила ва маҳалла Йӯлдош Ҷумъаев низ дар ҷамъомад оиди ҳалли масъала изҳори ақида намуд. Ҳокими ноҳия Шукрулло Ҳакимов ташрифовардагонро бовар кунонд, ки баҳри ислоҳсозии вазъият чораю тадбирҳо меандешад.

А. АВЕЗОВ, 
мухбири «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: