МУЛОҚОТ БО КОТИБИ ГЕНЕРАЛИИ ИТТИҲОДИ БАЙНИПАРЛУМОНӢ

Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо Котиби генералии Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг, ки барои иштирок дар анҷумани байналхалқии «Ҳамкории ҷаҳонии байнипарлумонӣ барои муваффақ шудан ба мақсадҳои рушди устувор» ба кишвари мо омадааст, вохӯрд.

Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Норбоева бо Котиби генералии Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг, ки барои иштирок дар анҷумани байналхалқии «Ҳамкории ҷаҳонии байнипарлумонӣ барои муваффақ шудан ба мақсадҳои рушди устувор» ба  кишвари мо омадааст, вохӯрд. Дар мулоқот корҳое, ки дар мамлакати мо бинобар муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, таъмин сохтани ҳуқуқҳои инсон ва баробарии гендерӣ татбиқ мешаванд, баррасӣ шуданд.
Котиби генералии Иттиҳоди байнипарлумонӣ ба ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистон амалӣ мешаванд, баҳои баланд дод. Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро дар бораи қабул гардидани баённомаи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ оид ба баланд бардоштани нақши парлумонҳо бинобар муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор ва таъмин сохтани ҳуқуқи инсон, ки аз минбари баланди иҷлосияи 75-умини Ассамблеяи Генералии Созмони Милали Муттаҳид садо доданд, махсус зикр намуд.
Меҳмони олиқадр дар бораи зарурияти анҷумани байналхалқӣ дар мавзӯи «Ҳамкории ҷаҳонии байнипарлумонӣ барои муваффақ шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор», ки дар Бухоро баргузор мегардад, фикру андешаҳои худро изҳор кард.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди байнипарлумонӣ баррасӣ гардиданд. Комёбиҳои кишвари мо бинобар Ҳадафҳои рушди устувор, ҳамкории парлумон бо мақомоти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои инсон, таъмин сохтани баробарии гендерӣ таъкид гардид.
– Иштироки фаъоли Ӯзбекистон дар фаъолияти Иттиҳоди байнипарлумонӣ сазовори эътирофи алоҳида аст, – гуфт Мартин Чунгонг. 
Дар мулоқот қайд гардид, ки ба иҷрои амалии баённома ва қарорҳои СММ, рушди ҳамкорӣ бинобар татбиқсозии онҳо эътибори махсус дода мешавад. Таъкид шуд, вазифаҳое, ки дар Стратегияи амалиёт доир ба панҷ самти бартариноки рушди Ҷумҳурии Ӯзбекистон муайян шудаанд, ба Ҳадафҳои рушди устувори СММ куллан мувофиқат мекунанд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин масъалаҳои дигаре, ки ба ҳамкории байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди байнипарлумонӣ алоқаманд мебошанд, муҳокима гардиданд.

Беҳрӯз
 ХУДОЙБЕРДИЕВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: