Дар шаҳри Фарғона бо иштироки мушовири вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковник Зокирҷон Алматов вохӯрии доманфарох баргузор гардид.
Гуфта шуд, ки мақсад аз баргузор намудани ин ҷамъомад фаҳмонидани иллатҳои вабои асри бисту якум, ки имрӯз тамоми халқҳои ҷаҳонро ба ларза андохтааст, чун терроризм, ифротгароӣ, савдои одам ва нашъамандӣ мебошад.
З. Алматов перомуни хурӯҷи даҳшатафканӣ ва ифротгароӣ ҳарф зад ва ҷавононро даъват намуд, ки ҳамеша ҳушёру огоҳ бошанд. Ба гуфтаи ӯ, ин ду падида аз иллатҳое маҳсуб меёбанд, ки ҷомеаи ҷаҳонро ба нигарониҳои сахт мувоҷеҳ кардаанд ва ҳар як одами сулҳдӯст бояд алайҳи ин иллатҳо қотеъона мубориза барад.
– Дар баробари терроризму ифротгароӣ, руҷӯъ ба маводи мухаддир низ хеле реша давондааст ва ҷони ҷавонони зиёди моро ба хатар рӯ ба рӯ кардааст. Истеъмоли маводи мухаддир иллате мебошад, ки раҳоӣ аз он кори сахту сангин аст. Барои ҳамин ҷавонон набояд ба нашъамандӣ рӯй оранд ва дар баробари ба хатар гузоштани ҷонашон падару модар ва аъзои хонаводаи худро ба ташвиш наандозанд, – изҳор кард мушовири вазир.
Дар ин вохӯрӣ, ки басе хотирмон буд, як гурӯҳ собиқадорони корҳои дохилӣ бо китоби «Ҷасорати ҷовид» сарфароз гардиданд.
Файзулло ИБРОҲИМОВ.
Шаҳри ФАРҒОНА.