МУЛОҚОТ БО САФИР ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Ҳамон рӯз мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 17-уми шаҳри Ангрен намуди идона дошт.

Ҳамон рӯз мактаби таълимоти ҳамагонии рақами 17-уми шаҳри Ангрен намуди идона дошт. Ҳувайдо буд, ки мизбонон барои қабули меҳмонон тараддуди хос гирифтаанд. Ба ин мактаб бо роҳбаладии мудири шӯъбаи таълими халқи шаҳри Ангрен Роҳила Абдуқодирова Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода як гурӯҳ кормандони ин сафорат ташриф оварданд.
Директори мактаб ба Абдуҷаббор Раҳмонзода синфхонаҳои таълимиро нишон дод ва бо омодагириҳо ба соли нави таҳсил ошно намуд. 
Дар мулоқоти сафири Тоҷикистон бо ҷамоаи мактаб ва меҳмонони дигар вай роҷеъ ба дӯстиву рафоқати миёни ду халқ – тоҷикон ва ӯзбекон бо ҳарорати том ҳарф зад. Бо ташаббуси сарварони ду давлати ҳамҷавор Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дӯстиву рафоқати миёни ду халқ беш аз пеш мустаҳкам мегардад ва ҳамкориҳои миёни доираҳои соҳибкории ду кишвар дар тамоми соҳаҳо тавсеа меёбанд.
– Тавре ки ман иттилоъ дорам, мактаби шумо аз калонтарин мактабҳои тоҷикӣ дар Ӯзбекистон маҳсуб меёбад. Фикр мекунам, ки ҷараёни таълиму тадрис низ дар он хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Аз ҷониби худ кӯшиш мекунам, ки ҳамкориҳои сафорату мактабҳои тоҷикӣ дар оянда боз бештар рушд намояд, – изҳор кард сафир.
Абдуҷаббор Раҳмонзода гуфт, ки ба ин мактаб бо дастони холӣ наомадаанд. Баъд кормандони сафорат чанд бастаи китобҳои гуногунро, ки дар Тоҷикистон ба нашр расидаанд, ба хазинаи китобхонаи ин мактаб тақдим намуданд.
Вай боз иброз дошт, ки Тоҷикистон ҷиҳати рафъи камбудии омӯзгороне метавонад кӯмак намояд, ки дар ин мактаб эҳтиёҷ ба онҳо бештар эҳсос мегардад.  
– Аз ин суҳбату мулоқот хеле баҳраманд шудам, – мегӯяд Роҳила Абдуқодирова.
Дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 17-и шаҳри Ангрен 1 ҳазору 475 нафар фарзандони мардуми тоҷиктабор ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ба онҳо 82 нафар омӯзгорон сабақ медиҳанд. Соли гузашта аз хатмкунандагони мактаби мазкур 38 нафар ба донишгоҳҳои мухталифи Ӯзбекистону Тоҷикистон дохил шудаанд.  
Соли равон низ ҳудуди 100 нафар ба донишгоҳҳои гуногун ҳуҷҷат супоридаанд.
 
Зайниддин ИБРОҲИМОВ.

Шаҳри АНГРЕН.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: