МУЛОҚОТ БО САФИРИ ТОҶИКИСТОН

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба «Хонаи дӯстӣ»-и шаҳри Бухоро, ки он ҷо марказҳои миллию мадании вилоят ҷо гирифтаанд, ташриф овард.

Сафири Фавқулодда ва Мухтори Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба «Хонаи дӯстӣ»-и шаҳри Бухоро, ки он ҷо марказҳои миллию мадании вилоят ҷо гирифтаанд, ташриф овард. Аввал дар назди даромадгоҳи бино ниҳол шинонд. Баъд бо марказҳои миллию маданӣ ва роҳбарону фаъолони онҳо шинос шуд. 
Мулоқот бо аъзоён ва меҳмонони Маркази миллию мадании тоҷикону форсҳои вилояти Бухоро – «Офтоби суғдиён» хотирмон гузашт.
– Замоне Бухорои шарифро тавассути асарҳои Устод Айнӣ, хусусан «Ёддоштҳо»-и ӯ  тасаввур мекардем. Ҳоло манораю мадраса, зиёратгоҳҳои шаҳри кӯҳна ва ҷараёни корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободгардониҳо ва мардуми ҳамзабонро ин ҷо дида хеле шод шудам, – гуфт сафир сардафтари адабиёти форсизабонони дунё Рӯдакӣ дар ҳамин ҷо эҷод карда, чун сарвари шоирон шинохта шуда буд. Мо имрӯз комёбиҳои халқу кишвари ба дилу дида наздикро дида хеле сарфароз гардидем. Дил мехоҳад, ки дӯстии халқҳоямон ҳамеша пойдор бимонад.
Шоир Асад Гулзодаи Бухороӣ дар бораи вазъи маорифу таълим ва маданияти тоҷикони вилоят сухан ронд.
Дар мулоқот коргардонҳои кино Бақо Содиқов, Алӣ Чориев, журналистон ва аҳли ҳунару адаб ширкат намуданд. 

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: