Дар шаҳри Ӯши Қирғизистон ҳамоиши байналмилалии «Муколамаи наслҳо» баргузор шуд.
Дар чорабинӣ намояндагони мақомоти худидоракунии маҳаллии ду кишвар, донишҷӯёни як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии Ӯзбекистон ва Қирғизистон ширкат варзиданд. Иштирокчиёнро муовини вазири фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Қирғизистон Марат Тагаев ва сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Андиҷон Камронбек Рустамбеков истиқбол гирифтанд.
Иштирокчиёни анҷуман – намояндагони насли калонсол ва ҷавони ду кишвар доир ба фаъолияти сиёсати ҷавонон, соҳибкорӣ, технологияҳои иттилоотӣ ва ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни тиҷорат табодули афкор намуданд.
Дар доираи муколама ҷамъомадҳои умумӣ, муҳокимаҳои сексиявӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ ташкил карда шуданд.
Меҳмонон аз Ӯзбекистон низ бо ёдгориҳои шоёни таҳсини таърихии шаҳри Ӯш шинос шуданд.
Илова менамоем, ки форум дар асоси тавофуқи дар ҷараёни сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қирғизистон моҳи январи соли 2023 ҳосилшуда ташкил карда, ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои дӯстона ва густариши муносибатҳои ҳамкории наслҳои мухталифи ду кишвар нигаронида шудааст.
АИ «Дунё»,
шаҳри Ӯш.