МУЛОҚОТ ХОТИРМОН ГУЗАШТ

Қисми зиёди аҳолии деҳаи Лоғони ноҳияи Фарғонаро мардуми тоҷиктабор ташкил мекунад.

Қисми зиёди аҳолии деҳаи Лоғони ноҳияи Фарғонаро мардуми тоҷиктабор ташкил мекунад. Ин деҳаи хушбоду ҳаво бо як қатор деҳаҳои  ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканди Қирғизистон ҳаммарз мебошад. Мардуми он асосан ба кишоварзӣ, боғу токпарварӣ, паррандапарварӣ, чорводорӣ ва ҳунармандӣ машғул мебошанд. 
Ин деҳа мизбонии як мулоқоти доманфарохи маҳаллӣ ва байналмилалиро бар ӯҳда дошт. Дар он намояндагони се насл ба дидори ҳам расиданд ва мулоқот карданд. Ба мулоқот меҳмонон аз вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон пайвастанд ва шукӯҳи онро  афзуданд.
Меҳмонони тоҷикистонӣ ва қирғизистонӣ дар доираи ин ташриф аз “Маркази ҳунармандон”-и шаҳри Марғилон боздид намуданд. Онҳо бо ҷараёни кори занону духтароне ошно шуданд, ки ба бофтани атласу адрас ва қолини абрешимӣ машғуланд. Роҳбарии онро ҳунарманди варзида Иброҳимҷон Султонов бар дӯш дорад. 
Меҳмонон аз корхонаи муштараки “Баҳодир Лоғон текстил” низ боздид намуданд. Ин корхона ба калобаресӣ ихтисос дода шудааст. Тамошои корхонаи муштараки Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Vodiy shoes” низ дар меҳмонон таассуроти хуб боқӣ гузошт. Дар ин корхона зану мард ба истеҳсоли пойафзори босифату серхаридор машғул мебошанд.
Ҳамон рӯз дар гузари нави деҳаи Лоғон намоишгоҳи маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ ташкил карда шуд. 
– Ин чорабинии моро ташрифи меҳмонони тоҷику қирғиз боз ҳам шукӯҳи тоза бахшид. Ширкати собиқадорони меҳнат, роҳи тайкардаи онҳо, бо ҳаловати том шунидани нақли хотираҳои мӯйсафедони рӯзгордида дар меҳвари мулоқоти се насл қарор гирифтааст, – гуфт ҳокими вилоят Хайрулло Бозоров.
Ногуфта намонад, ки дар вилояти Фарғона ҳудуди чаҳор миллион аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ки аз намояндагони қавму миллатҳои гуногун иборатанд. Дар ҳашт маркази миллӣ-фарҳангӣ  онҳо гирдиҳам омадаанд ва муттаҳид шудаанд.  
Ба наздикӣ маркази миллӣ-фарҳангии тоҷикони вилоят дар қатори ҳафт маркази дигар бо мошини сабукрави “Дамас” ва 50 миллион сӯм тақдир гардид. Дар баробари ин, ба ивази 12 миллион сӯм сару либоси гуногун харидорӣ гардид, ки зимни баргузории маросимҳои гуногун ва шодиву сурур занону духтарони тоҷик онро ба бар мекунанд, – мегӯяд ҷонишини ҳокими вилоят Файзулло Қосимов. 
– Бо аксари бошандагони Лоғон бо забони ноби форсии тоҷикӣ суҳбат кардам ва завқ бурдам, ки онҳо забони модарии худро хеле хуб ҳифз намудаанд, – мегӯяд сафири Тоҷикистон дар  Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Дар ин чорабинӣ ғолибони марҳилаи ҷумҳуриявии “Оилаи китобхони ҷавон” Абдуллоҷон ва Умедахон Ниёзматовҳо ба тӯҳфаҳои гаронбаҳо сазовор дониста шуданд.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
 “Овози тоҷик”.

Вилояти ФАРҒОНА. 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: