Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кишвари мо анҷом ёфт.
Дар вохӯриҳои сатҳи олӣ, ки 2 июн дар Тошканд баргузор шуд, як қатор тавофуқҳои муҳим ба даст омада, қарори таърихӣ дар бораи ба сатҳи иттифоқӣ боло бурдани муносибатҳои дуҷониба қабул гардид. 3 июн сарварон гуфтушуниди самимонаи худро дар Хоразм давом доданд.
Дар фурудгоҳ меҳмони олиро сарвари давлатамон гусел кард.
Сипас Президенти кишварамон ба Тошканд баргашт.