МУЛОҚОТИ ҒАЙРИЧАШМДОШТ

Борҳо иттифоқ афтодааст, ки аз шаҳри Хуҷанд тавассути дараи Варзоб худро ба шаҳри Душанбе расондаам.

Табиати ин дара чаҳор фасли сол дилрабову дилпазир аст. Аммо ҳаргиз гумон намекардам, ки дар қисми ҷанубу шарқии қаторкӯҳҳои Ҳисор, дарунтар аз ин роҳи калон Маҷмӯаи кӯҳию лижаронии «Сафеддара» вуҷуд дорад, ки дар баландии беш аз 2500 метр аз сатҳи баҳр мавқеъ ёфта ва таваҷҷӯҳи сайёҳони зиёдро ба худ ҷалб намудааст.
Мо шаҳраки Такоби ноҳияи Варзобро пас гузошта, боло мерафтем. Масофаи байни Душанбеву Сафеддара 55 километрро ташкил медодааст. Дар ҳақиқат, ин минтақаи табиаташ мафтункунанда, ҳавояш софу беғубор басо назаррабост. Тибқи ҳидояти роҳбаладамон Аҳмадалӣ Тоҷиддинов, ки аз соҳибкорони варзида ва фарҳангдӯсти тоҷик муаррифӣ шудааст, ба воситаи нақлиёти танобӣ боло баромадем.
Аз ин ҷо чаҳор самти Маҷмӯаи кӯҳию лижаронии «Сафеддара» чун кафи даст намудор мешуд. Як гурӯҳ одамони лижасавор аз баландӣ ба фарози нишебиҳо алвонҷхӯрон сарозер мерафтанд ва шавқу завқи одамони атрофро бедор мекарданд. Дар ҷои дигар хурду калон ба камерҳои резинии калоне, ки ҳаво пур карда шудаанд, савор шуда, бо ҳаёҳуй аз баландӣ худро сарозер мекарданд. Гурӯҳи дигар ба худравҳои барфӣ савор шуда, сайр мекарданд.
Мо ғарқи тамошои манзараҳои пуршавқу шӯр будем. Ин лаҳза аз нақлиёти танобӣ марду зан ва ду писарбача берун шуданд. Вайро шинохтам. Ӯ Фарҳод Калонов – ҳамон байкери машҳуре буд, ки тоҷикон аз ӯ ифтихор мекунанд. Аз ин вохӯрии ғайричашмдошт бо Фарҳод Калонов хурсанд шудам. Вай аз зумраи сайёҳонест, ки тасмим гирифтааст, тавассути мошин гирди олам сайёҳат кунад. Фарҳод Калонов зимни сафар дар кишварҳои гуногун корҳои хайрияро низ анҷом медиҳад. 
– Дар айни ҳол тавассути киштӣ мошинамро ба соҳили Амрикои Ҷанубӣ интиқол додам. Дар ин миён хостам ҳамроҳи завҷаву ду писарам андак дар Сафеддара лижаронӣ кунем. Ростӣ, ки барфу лижатозиро хеле пазмон шудаам,– гуфт Фарҳод Калонов. – Завҷаам Насиба низ лижатозӣ мекунад. Вай аз мардуми ӯзбектабори Тоҷикистон аст. Ману ӯ аз шумори оилаҳои интернатсионалӣ ҳастем, ки тоҷику ӯзбек бо ҳам издивоҷ кардаанд, – илова намуд ӯ.
Сонӣ онҳо ба лижаҳо савор шуда, аз баландӣ ба поин ҳаракат намуданд. Маълум шуд, ки писарҳояш низ аллакай дар лижаронӣ маҳорати калон пайдо кардаанд. Мо чанд лаҳза лижаронии ин чаҳор нафарро бо ҳавас тамошо кардем.
Ман дар тӯли умри зиёда аз шастсолаам ягон бор лижаронӣ накардаам. Иттифоқ афтод, ки дар Сафеддара бори нахуст савори лижа шавам ва бо кӯмаки мураббӣ чанд лаҳза ин тараф – он тараф ҳаракат кунам.
– Акнун дар сабқати байни лижаронҳои худамон натарсида иштирок мекунед, – гуфт бо шӯхӣ корманди сомонаи интернетии «Дарё.ӯз» Азизбек Абдувалиев.
Бори аввал дар фарози Маҷмӯаи кӯҳию лижаронии «Сафеддара» дар радифи парчами Тоҷикистон парчами давлати мо низ парфишонӣ кард. Ин парчамро яке аз ҳамроҳони мо бо худ ба Тоҷикистон оварда буд ва ҳар ҷо, ки мерафтем, онро болои сар бардошта, ба атрофиён намоиш медодем, ки аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон омадаем. Парфишонии ду парчам аз он шаҳодат медод, ки тоҷикону ӯзбекон дар тӯли қарнҳо бо ҳаманд, соҳиби фарҳангу суннатҳои муштарак, бародару баробаранд.
Боздид аз Қалъаи Ҳисор, осорхонаи миллӣ ва китобхонаи миллии Тоҷикистон низ дар замири журналистони ӯзбекистонӣ таассуроти амиқ боқӣ гузошт. Сипас барои зиёрати мақбараи устод  Садриддин Айнӣ омадем. Ин мақбара дар боғи фарҳангӣ-фароғатӣ хеле хубу зебо ва бо диди баланд эъмор шудааст. Дар сари марқади устод дуою фотиҳа кардем. Дар ҳақиқат, боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Айнӣ ба яке аз ҷойҳои дӯстдоштаи мардум ва меҳмонони шаҳри Душанбе табдил ёфтааст. 
Вақте ба боғи «Низомиддин Алишер Навоӣ» омадем, аз виқори пайкараҳои ду абармарди бузурги тоҷику ӯзбек – Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ ба ваҷд омадем. Он ба ҳусни ин шаҳр ҳусни бештар зам намудааст. Гуфта мешавад, ки ин пайкара баъди сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон арзи вуҷуд кардааст ва ба таври доимӣ рамзи дӯстиву рафоқати ҷовидонаи халқҳои тоҷику ӯзбек мебошад.

Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори «Овози тоҷик».

ТОШКАНД – ДУШАНБЕ – ТОШКАНД.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: