МУЛОҚОТИ МАРДУМИ ДИЁРИ НОЗАНИН

  • МУЛОҚОТИ МАРДУМИ ДИЁРИ НОЗАНИН
  • МУЛОҚОТИ МАРДУМИ ДИЁРИ НОЗАНИН

КУНУН ЗАМОНА ДИГАР ГАШТУ МО ДИГАР ГАШТЕМ...

Вақте ки мошини мо аз роҳи пурпечутоб гоҳ  поёну гоҳ боло мерафт, аз байни анбӯҳи дарахтони сарсабзу хуррам гузашта, деҳаҳои сари роҳро убур менамуд, ки соҳили чапи дарёро бо деҳаҳои Нанай, Боғистон ва Бурҷимулло васл менамуд.  
Ба ёд расид, ки тақрибан бист сол пеш мо як гурӯҳ журналистони тоҷик барои фотиҳахонӣ ба деҳаи Нанай мерафтем. Вақте ки ба сари пул расидем, сарҳадбонон баъди шиносоӣ бо ҳуҷ-ҷатҳои мо гуфтанд, ки наметавонем аз пул гузашта ба деҳаи Нанай равем, зеро ҷойи зисти доимиамон шаҳри Тошканд аст. Ҳайрон шудем ва натавонистем фаҳмонем, ки мо барои дуову фотиҳа омадаем ва баъди чанд лаҳза зуд ақиб бармегардем. Ин даъвову гапҳоямон ягон фоида набахшид ва маҷбур шудем, ки ақиб баргардем. Аммо тайи солҳои охир вазъият куллан дигар шудааст ва барои шаҳрвандон роҳ ба самту минтақаҳои гуногуни мамлакатамон боз мебошад ва зимни равуо ягон мушкил пеширӯ намеояд.
ИСТИҚБОЛИ ГАРМ БА ДИЛҲО СУРУР БАХШИД

Дар яке аз мавзеъҳои хушбоду ҳавои деҳа, дар соҳили дарёи Писком барои пазироии иштирокчиёни вохӯрии се насл ва меҳмонони он шароит фароҳам оварда шудааст. Мизбон хатмкунандагони солҳои 1966-2022 мактаби таҳсилоти умумии рақами 44 буданд, ки ҳоло андаке даври пирӣ меронанд,  чанде дар ташкилоту созмон ва муассисаҳои гуногуни давлативу ҷамъиятӣ адои вазифа менамоянд. Қисме аз хатмкунандагони мактаб дар қайди ҳаёт набудаанд.
Дарвоқеъ, ҳар як иштирокчии ин вохӯрӣ бо иштиёқ ва чеҳраи шод вориди сайлгоҳ мегардид. То ҷойҳои худро ишғол кардани мизбонону меҳмонон аз фурсат истифода бурда, бо раиси ҷамоати шаҳрвандон Шодмон Тошпӯлодов ҳамсуҳбат шудам. 
– Дар деҳа бештар аз 1 ҳазору 500 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Мардум асосан бо чорводорӣ, боғпарварӣ ва кишти зироати гуногун машғул. Дар ҷамоатамон як мактаби таълимоти ҳамагонӣ фаъолият мебарад, ки 180 хонанда дорад. Ба онҳо 17 нафар омӯзгорони хушсалиқа сабақ медиҳанд. Дар як кӯдакистони хонагӣ бештар аз 30 нафар кӯдакони аз 3 то 7 сола ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, – гуфт Шодмон Тошпӯлодов.
– Дар байни омӯзгорон ду нафар Аълочии таълими халқи Ӯзбекистон фаъолият мекунанд. Ҳар сол 65-70 фоиз шогирдони мактабамон ба муассисаҳои таҳсилоти олии гуногун дохил мешаванд,– ба суҳбат ҳамроҳ шуд директори ин мактаб, дорандаи ордени «Эл-юрт ҳурмати», сазовори унвони Ходими шоистаи таълими халқи Ӯзбекистон Муллобой Норматов.
Ӯ таъкид намуд, ки ба шарофати ба забони тоҷикӣ будани таълим дар мактаб онҳо ба муваффақиятҳои зиёд ноил мешаванд. Ба гуфтаи ӯ ҳоло мактабашон дар рейтинг аз шумори беҳтарин даҳ мактаби вилоят ҷой гирифта, дар байни мактабҳои ноҳия ҳамеша дар ҷойҳои аввал қарор дорад.
Маросими вохӯрии се насл таҳти унвони «Нанай – деҳаи қадимаи ба асрҳо баробар»-ро ровиён – дастпарвари ҳамин мактаб, муҳаррир ва барандаи барномаи шабакаи телевизионии «Ӯзбекистон» – «Рангинкамон» Шарофат Эрматова ва журналист Толибҷон Исроилов ҳусни ифтитоҳ бахшиданд. Гуфта шуд, ки баргузории ин вохӯриро одамони зиёд интизор буданд, инак, ширкати тақрибан ҳазор нафар хатмкардагони мактаб ва меҳмонони шарофатманд нуфузи ин вохӯриро бештар афзудааст. Баъд бо қироати чанд оят аз Қуръон аз рафтагони деҳа ёдовар шуданд ва хотираашонро гиромӣ доштанд.
Деҳа аз макони кадрҳои баландмалакаи минтақа ба шумор меравад ва аллакай як қарн пеш аз ин мисли Ҷаҳон Обидова байрақи ҳаракати озодибахшии занонро ба даст дароварда, дар ҷиҳати озодиву ободии макон, таҳсилу таълими занон бо қувваҳои мутаассибин ва ифротии давр мубориза бурдааст.
Фарзандони деҳа дар роҳи илму техника ва таълиму назария низ беҳтарин шахсонро парвардааст. Доктори илмҳои тиб, профессор Асомиддин Садриддинов, доктори илмҳои физика-математика, профессор Қудратулло Фаёзов, доктори илмҳои педагогика, профессор Рисқинисо Шомаҳмудова, доктори илмҳои техникӣ, профессор Ойбек Орифҷонов, ходимони баландпояи мақомоти қудратӣ Тоштамбой Умаров ва Кенҷа Солметов аз ҷумлаи чунин нафарон ба шумор мераванд.   
–  Ғайр аз ин шахсиятҳои маъруф дар ҳамин ҳол аз насли миёнсоли Нанай метавон сардабири рӯзномаи «Овози тоҷик» Шерпӯлод Вакилов, Ходими шоистаи фарҳанги ҷумҳурӣ ва дорандаи ордени «Дӯстлик» Шарофат Эрматова ва дигаронро ном бурд, ки шуҳрати деҳаашонро боло бурдаанд. Мисли шоира Коммуна Бобоева диёри худро дар шеърашон тараннум менамоянд. Инчунин як гурӯҳ насли ҷавон дар донишгоҳҳо таҳсил менамоянд ва дар ояндаи наздик сафи олимону фозилонро афзоиш хоҳанд дод,– мегӯяд омӯзгори собиқадори забон ва адабиёти форсу тоҷик Раҳматулло Абдуллоев, ки худ аз деҳаи ҳамсояи Боғистон меҳмонӣ омадааст. Ба гуфтаи ин ҳамсуҳбати мо баъди хатми факултаи шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон солҳои зиёд дар мактаби деҳаи Боғистон ба тадриси ҳуруфи арабиасоси форсӣ машғул шуд. Ҳоло ба нафақа баромадааст ва ҳамроҳи завҷааш – Равза Азметоваи нанайӣ дар иҳотаи фарзандону набера ва аберагон давлати пирӣ меронад. Ҳамсари вай ҳанӯз солҳои донишҷӯӣ ба гирдоварии фолклор ва эҷодиёти даҳонакии мардуми Нанай  шурӯъ намудаву он ҳоло дар шакли китоби алоҳида ба табъ расидааст. 
Ногуфта намонад, ки бо даъвати ҳокимияти ноҳияи Бӯстонлиқ ва раёсати ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Нанай барои ширкат дар чорабинии «Мулоқоти се насл»  аз шаҳрҳои Тошканду Ғазалкенту Чирчиқ ва ноҳияҳои дигар низ меҳмонон ташриф оварданд. 
– Иштирок дар ин чорабинии шумо барои мо ифтихори бузургест. Нанай таърихи  дурудароз дорад ва тӯли асрҳо ҳодисаву воқеаҳои гуногунеро паси сар намудааст. Ҳоло китобе, ки маҳз дар ҳамин чорабинӣ маросими муаррифии он баргузор мегардад, ба қалами Равза Азметова тааллуқ дорад. Вай аз ҳамдеҳагони бомаърифати шумо ва шаъну шарафи ҳамаи мост. Дар рисолаи «Фолклори деҳаи Нанай» баъзе паҳлӯ ва ҷиҳатҳои эҷодиёти даҳонакии мардуми маҳал таҷассум ёфтааст, ки хеле китоби арзишманд мебошад, – гуфт депутати Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, профессор Таваккал Чориев.
Дарвоқеъ, мавзуи таърихи деҳ ва мафҳуми «Нанай» низ аз аҷибтарин ва ғароибтарин баҳсҳои мардуми маҳал ва берун аз он аст. Дар ин бобат аз тахмини омиёна ва содалавҳонаи «Нон ҳай» сар карда, то талқини муҳаққиқон, аз ҷумла ҷуғрофияшинос Мурод Аминов, ки «Нанай ба маънии тухми гиёҳе маълум аст» мегӯяд ва муҳаққиқи донишманд Мӯҳсин Умарзода, ки дар тадқиқи топонимҳо дасти расо дошт, маънии онро то ба «Аноҳита, «Ноҳид» – олиҳаи обу дарё, зебоӣ, хушӣ бинобар ин ки деҳа дар соҳили дарё ҷой гирифтааст, мебаранд. 
– Ман аз зумраи 31 нафар ҳамсинфон ҳастам, ки дар мактаби ин деҳа таҳсил гирифтаам. Баъди хатми факултаи таърихи донишгоҳ дар рӯзномаи «Овози тоҷик» шурӯъ ба фаъолият намудам. Аммо шароит тақозо намуд, ки ба деҳа баргардам ва дар хидмати падару модар бошам. Бо вуҷуди ин, ифтихор мекунам, ки бо Шавкат Ниёзов, Мӯҳсин Умарзода ва як идда кормандони маъруфи ин рӯзномаи ягонаи тоҷикӣ дар як саф кор кардаам. Солҳои зиёд ба фарзандони аҳли деҳ аз таърих сабақ додам ва ба нафақа баромадам,– мегӯяд Мирзораҳим Фаёзов.
Ба ин чорабинӣ ташриф овардани Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода иштирокчиёни онро хеле ба ваҷд овард. Зеро вай қаблан ҳам ба ин деҳаи тоҷикнишин сафар намудаву бо мардумаш дидору мулоқот анҷом дода буд.
– Мо ҳамеша ба иродаи сиёсии ду абармарди тавоно – Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон, муҳтарам Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арҷу эҳтиром мегузорем. Ҳарду моро баҳам оварданд ва бо бартарафсозии ҳамаи монеаҳо тоҷикону ӯзбекон дубора ҳамон равуо, дӯстиву рафоқате, ки қаблан доштанд, идома додаву ҷиҳати мустаҳкам кардани он талоши зиёд ба харҷ дода мешавад, – изҳор намуд Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Вай афзуд, ки барояш ин деҳа ва мардуми шарифи он хеле писанд омадааст. Аслан, мардуми кӯҳистон ҳамеша мардуми дилсофу самимӣ, меҳрубону бомурувват ва меҳнаткашу заҳматписанданд. Худ нони ҳалол мехӯранд ва ба наслҳои худ низ ҳамин рисолатро меомӯзонанд. Сафири Тоҷикистон тазаккур дод, ки аз нанайиҳо бархеро мешиносад, ки дар рушду такомули забону фарҳанги миллии тоҷик хеле нақши муассир доранд.
– Бо истифода аз маросими шодиву нишоти имрӯза ба хазинаи китобхонаи мактаби шумо сад нусха китоб армуғон мекунам. Умедворам омӯзгорону шогирдони мактаб аз дурри маонӣ истифода мебаранд ва ҷиҳати боло бурдани сатҳи дониш ва маърифати худ талош мекунанд, – иброз дошт Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Дар чорабинӣ гурӯҳ-гурӯҳ ҳамсинфони собиқ баромада, аз лаҳзаҳои хушу гуворои давраи мактабхонӣ, заҳмати устодон ва талошҳояшон барои соҳиб шудан ба ин ё он касб бо ҳарорат ҳарф мезаданд. Баъд зери суруду таронаҳои Ҳунарпешаи шоистиаи ҷумҳурӣ Равшан Комилов, овозхонон Шӯҳрат Усмонов ва Улуғбек Ҳамроев навои шӯху диранг ҳай мерақсиданду мехиромиданд. 
Тамошои шаршараи Ахсарсой, ки дар фасли гармо ҷойи дӯстдоштаи мардум мебошад, барои иддае аз меҳмонони ин чорабинӣ низ хуш омад. Онҳо аз оби софу сарди чашма нӯши ҷон намудаву бо як ҷаҳон таассуроти хубу хотирмон он маконро тарк карданд.

Мирасрор АҲРОРОВ,
Тоҷибой ИКРОМОВ,
хабарнигорони «Овози тоҷик».
Вилояти ТОШКАНД.
Суратгир:
Козим ӮЛМАСОВ.    

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: