Мулоқоти ошкоро бо аҳолӣ ва бо дарду ташвиши онҳо зиндагӣ кардан, баробари беҳтар кардани некӯаҳволӣ, инчунин баҳри барҳам додани муаммоҳои ҳалталаби иқтисодӣ-иҷтимоии шаҳрвандон хидмат мекунад.
Бо ташаббуси Президент мулоқоти ошкоро ва пурсамар бо халқ ҷорӣ карда шуд, ки муаммоҳои ҳалталаби сарбаста сари вақт ҳаллу фасл мегардад.
Дар ин ҷода қабули сайёри ҳокими вилояти Намангон, узви Сенати Олий Маҷлис Хайрулло Бозоров дар саросари вилоят баргузор мегардад, ки барои сари вақт ҳал шудани муаммоҳои ҳалталаби муроҷиаткунандагон омили муҳим мебошад.
Дар қабули сайёри ҳокими вилоят, ки дар ноҳияҳои Учқӯрғон, Уйчӣ, Чортоқ, иттиҳодияи ташкилотҳои иттифоқи касабаи вилоят баргузор гардид, муроҷиатҳо асосан барои таъмини манзил, гирифтани кӯмаки моддӣ, аз бонкҳо гирифтани воми имтиёзнок, ба роҳ мондани фаъолияти соҳибкорӣ, дарёфти ҷойи кор ва таъмири роҳҳо нигаронида шудааст.
Ба қарибӣ қабули сайёри навбатӣ бо иштироки ҳокими вилоят Х.Бозоров дар зиёратгоҳи «Бибиона»-и ноҳияи Чуст баргузор гардид. Дар он зиёда аз 150 муроҷиати шаҳрвандон аз шаҳри Намангон, аз ноҳияҳои Янгиқӯрғон, Норин, Уйчӣ, Тӯрақӯрғон ва Чустро дида баромаданд. Дар қабули сайёри навбатие, ки бо шаҳрвандон рӯ ба рӯ мулоқот ороста шуд, роҳбарони идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, мутасаддиёни корхона, муассисаҳои садорати вилоят иштирок намуданд.
Қисми асосии муроҷиатҳо барои гирифтани манзил, хонаву ҷой, хидмати кадастр, муаммоҳои тиббӣ, таълим, аз рӯи ихтисос ба кор қабул шудан, гирифтани воми имтиёзнок буд. Аз ҷумла, собиқадори меҳнат Зайниддин Инъомов аз шаҳри Намангон, аз рӯи кам кардани воми 24-фоизӣ муроҷиат кард. Муроҷиати Насиба Зиёвиддиноваи чустӣ бинобар бо кор таъмин кардани писараш Ойбек Инъомов буд, ки маълумоти олӣ дорад. Инчунин, Шоҳида Қаҳҳорова чанд сол аст, ки бо соҳибкорӣ шуғл варзида, дар устохонаи телефони мобилиаш 18 нафар ҷавононро бо кор таъмин мекунад. Вай дар муроҷиаташ хоҳиш кардааст, ки дар шаҳри Чуст барои ба роҳ мондани фаъолияти либосшуии кимиёвӣ ва дар ноҳияи хурди 3-юми шаҳри Намангон барои истгоҳ замин ҷудо карда шавад. Барои иҷрои ин муроҷиатҳо ба зиммаи мутасаддиёни дахлдор вазифаҳо гузошта шуданд.
Одилҷон Каримов ва Маъруфҷон Сатторов аз деҳаи Варзики ноҳияи Чуст, бобати ба роҳ мондани фаъолияти клуби деҳа, фаъолияти шуъбаи статсионарӣ муроҷиат карданд. Аз рӯйи муроҷиати онҳо ба мутасаддиён супориш дода шуд.
А.МУРОДОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик» дар вилояти Намангон.