Мулоқоти Президенти Ӯзбекистон бо Президенти Тоҷикистон

Душанбе, 14 июн. Хабарнигори махсуси ӮзА Матназар Элмуродов хабар медиҳад.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Душанбе барои иштирок дар ҳамоиши панҷуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё омад.
Роҳбари давлатамонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ пешвоз гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар кохи «Миллат»-и шаҳри Душанбе бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ намуд.
Роҳбарони давлатҳо суръати фаъолонаи инкишофи дӯстии Ӯзбекистону Тоҷикистон, некҳамсоягӣ ва ҳамкории бисёрҷанбаро бо қаноатмандии том таъкид намуданд.
Таъкид гардид, ки ба шарофати иродаи сиёсии нек ва ҳамдастии муштарак принсипҳои шарикии стратегӣ молики хусусияти амалӣ мегардад. Ҳаҷми табодули мол афзуда, лоиҳаҳои ҳамкории муштарак ва барномаҳои табодули маданиву инсонпарварӣ пешбарӣ мегарданд. Дар дараҷаи минтақаҳо алоқаҳои фаъол роҳандозӣ гаштааст.
Дар мулоқот истиқболи васеъ гардондани ҳамкории доманфарох байни мамлакатҳоямон муҳокима гардида, масъалаҳои муҳими молики аҳамияти минтақавӣ ва байналхалқӣ баррасӣ гардиданд.
Роҳбари давлатамон ба Президенти Тоҷикистон дар баргузор намудани чорабиниҳо дар доираи ҳамоиши МҲТБО тавфиқ хост.
ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: