Ҳамон рӯз одамон гурӯҳ-гурӯҳ ба самти мазори “Ҳазрати Алӣ”, воқеъ дар деҳаи Сарикандаи ноҳияи Сӯх мешитофтанд.
Ин мазор аз фароғатгоҳи беҳтарини ноҳия ба шумор меравад. Дар ин ҷо ҳар гуна чорабиниҳои фарҳангӣ, намоиши барномаҳои консертии гурӯҳҳои ҳунарӣ, озмунҳо, ҷамъомадҳои доманфарох ба роҳ монда мешаванд. Гузашта аз ин, хоҳишмандон метавонанд бо аъзои хонаводаву пайвандонашон ба ин ҷо омада, вақти худро бо фароғат гузаронанд.
Қабули сайёри ҳокими вилоят Шуҳрат Ғаниев ва аъзоёни секторҳо маҳз дар ҳамин фароғатгоҳ баргузор гардид. Дар яке аз майдонҳои фарохи он курсиҳои зиёд қатор чида шуданд. Ду микрофон низ гузоштанд, то ки хоҳишмандон баромада фикрашонро ба самъи ҳокими вилоят ва аъзои секторҳои он расонанд.
– Мо барои он ба ин ҷо омадем, ки муроҷиати шуморо шунавем. Ин кори мо тибқи фармудаи Президенти мамлакатамон Шавкат Мирзиёев ба вуқӯъ мепайвандад,– мулоқоти сайёрро ҳусни оғоз бахшид Шуҳрат Ғаниев. – Моҳи сентябри соли равон дар шаҳри куҳани Қӯқанд фестивали байналмилалии ҳунармандон баргузор мегардад. Дар ин фестивал аз аҳли ҳунармандони Сӯх низ ба теъдоди зиёд ширкат мекунанд.
Таъкид гардид, ки ба зимистонгузаронӣ тайёр кардани ноҳияи Сӯх яке аз масъалаҳои муҳим мебошад. Сокинони аксари деҳоти ноҳия аз истифодаи гази табиӣ маҳрум мебошанд. Барои ҳамин ҳокимияти вилоят тасмим гирифтааст, ки мардуми ин минтақаҳои ноҳияро бо ангишти арзон таъмин кунад. Барои рафъи эҳтиёҷи аҳолии Сӯх 5 ҳазор тонна ангишт харидорӣ ва ба ин ноҳия интиқол хоҳад ёфт.
Дар мулоқоти сайёр боз тазаккур ёфт, ки дар деҳаҳои Тӯл, Қалъача ва Ғазнов мардум аз истифодаи телефонҳои ҳамроҳии ширкатҳое маҳрум ҳастанд, ки дар Ӯзбекистон фаъолият мекунанд ва пули зиёд аз ин ҳисоб ба ширкатҳои телефонҳои ҳамроҳии Қирғизистони ҳамҷавор интиқол меёбад. Мардуми ин минтақа аз тамошои барномаҳои як қатор шабакаҳои телевизионии худамон низ бебаҳра мондаанд.
Дар айни ҳол мардуми ноҳияи Сӯхро боз нашудани роҳи Сӯх – Риштон азият медиҳад ва ин масъала низ дар мулоқоти сайёр ба миён гузошта шуд.
– Мо ин масъаларо бо ҳамсояҳои қирғизамон баррасӣ кардем. Бовар дорам, ки дар ояндаи наздик ин роҳ боз хоҳад шуд, – гуфт Шуҳрат Ғаниев.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаи бо оби нӯшокӣ таъмин кардани аҳолии як қатор деҳот, мусоидат дар сохтани биноҳо барои ҷамоатҳои шаҳрвандони маҳаллаҳое, ки бинои он кӯҳнаву фартут шудааст, барпо намудани боғчаҳои бачагона ва ба таълиму тарбия фаро гирифтани кӯдакони синнашон то 6-сола, бо оби тоза таъмин кардани сокинони хонаҳои намунавӣ ва поликлиникаи оилавии деҳаи Тӯл, аз нав сохтани хонаи маданияти деҳаи Ҳушёр, ба мактаби таҳсилоти умумӣ табдил додани коллеҷи агросаноатии ноҳия, тармими якчанд селроҳаҳо ва аз хатар эмин намудани сокинони ду соҳили он, насби трансформаторҳои нав ба манзури беҳбуди таъмини мардум бо барқро низ метавон аз масъалаҳои асосӣ арзёбӣ кард.
Ҳокими вилоят тавзеҳ дод, ки бархе аз ин корҳо маблағҳои зиёд тақозо менамоянд ва онро ҳокимияти вилоят бо роҳбарони садоратҳо мавриди баррасӣ қарор дода, аз ҳисоби маблағҳои буҷаи давлатӣ ҳаллу фасл хоҳад кард.
Таъкид гардид, ки барои таъмини муассисаҳои тиббии ноҳия 10 нафар ҷавонони сӯхӣ тибқи квотаи давлатӣ ба донишгоҳҳои тиббӣ шомил хоҳанд шуд. Ҳамчунин, дар айни ҳол 12 нафар пизишкони шифохонаҳои вилоят барои муоинаву муолиҷаи беморон ба ноҳияи Сӯх сафарбар шудаанд ва онҳо боз чанд муддат барои мардуми ноҳия хизмат хоҳанд кард.
Ҳокими вилоят эълон кард, ки барои ифтитоҳи мактаби кураш 400 миллион сӯм ҷудо мекунад ва дар Сӯх бори нахуст чунин мактаби варзишӣ ба фаъолият шурӯъ мекунад. Ҳамчунин масъалаи сохтани бинои иловагии мактаби рақами 4-уми ноҳия ба миён гузошта шуд, ки донишомӯзони он ҳатто дар ду баст наметавонанд гунҷоиш ёбанд.
Қарор аст, ки дар ноҳияи Сӯх як корхонаи симонбарорӣ сохта шавад. Сохтумони ин корхона низ аз рӯи эҳтиёҷи мардум нисбати ин маҳсулоти сохтумонӣ роҳандозӣ хоҳад шуд ва сохтумони онро сармоягузорони хориҷӣ бар дӯш хоҳанд дошт.
Дар деҳаи Девайрон чанде пеш корхонаи дӯзандагӣ ба кор даромада буд. Ба гуфтаи сокинони ин деҳ дар айни ҳол ин корхона аз фаъолият бозмондааст.
– Ман масъулонро вазифадор мекунам, ки ба ин кор бевосита машғул шаванд. Итминон медиҳам, ки ин корхона дар арафаи ҷашни истиқлолияти кишварамон дубора фаъолияташро идома хоҳад дод,–гуфт Шуҳрат Ғаниев.
Иштирокчиёни қабули сайёр ба ҳокими вилоят муроҷиат карда гуфтанд, ки масъалаҳои ба миён гузошташуда солҳо боз ҳаллу фасл нашудаанд ва боиси ранҷу азияти мардум гардидаанд, ки дар ҳаллу фасли ин масъалаҳо ба таври фаврӣ чораҷӯӣ кунад.
– Муроҷиати ман ношунида монд,– гуфт сокини деҳаи Ҳушёр Қодирбек Амирбеков. – Вақте ки сухан ба ман расид, мулоқоти сайёр якбора хатм шуд. Гап дар он аст, ки соли 1942, бо вуҷуди шароити ногувор, ҳукумат барои обёрии беш аз 1000 гектар майдонҳои бекорхобида қарор баровард. Лӯлаҳои калондиаметрӣ болои дарё насб гардиданд ва оби канали самти муқобили дарё аз тариқи ин лӯлаҳо бо маҷрои худ ба дашту даман ҷорӣ гардид. Ин кор ба шарафи қаҳрамонписари тоҷик Тешабой Одилов сурат гирифтааст, ки дар ҷанги зидди фашистон корнамоиҳои зиёд нишон додааст...
Ба гуфтаи Қодирбек Амирбеков акнун ин лӯлаҳои обгузар моли қирғизҳои ҳамсоя шудааст ва як қатра об ба тарафи дашту дамани ҳушёриён намегузарад ва аз ин об мардуми Қизилқиёқ низ бебаҳра мондаанд. Дарахтони зиёд хушкида, майдонҳои киштшаванда бидуни обёрӣ ва ҳосил мондаанд.
– Мехостам ин масъаларо ба миён гузорам ва ҳокими вилоят кӯшиш кунад, ки аз тариқи гуфтушунид бо қирғизҳо як қисми ин обро барои обёрии садҳо гектар замини таҳти кишти мо низ ҷудо кунанд. Аммо имкон нашуд, ки ин фикрҳоямро ба ҳокими вилоят бигӯям, – мегӯяд бо таассуф Қодирбек Амирбеков.
Дар як тарафи майдон микрофон гузошта буданд, то ки хоҳишмандон бо истифода аз он ба ҳокими вилоят бо саволҳои худ муроҷиат кунанд, мушкилоташонро баён намоянд. Вале ин микрофон соҳиби худро пайдо накард. Зеро ҳоким ному насаби муроҷиаткунандагонро як-як хонда, онҳоро ба наздаш даъват карда пурсид, ки суолашон ҳамон аст, ки ин ҷо навишта шудааст. Баъд гуфт, ки масъаларо ҳокимияти вилоят ё идораи марбута ҳаллу фасл мекунад.
Мулоқот хеле зуд анҷом пазируфт.
Мирасрор АҲРОРОВ,
хабарнигори
«Овози тоҷик».
Вилояти ФАРҒОНА.