МУЛОҚОТИ СЕ НАСЛ

Ба муносибати сивумин солгарди истиқлолияти Ватани маҳбуб дар ноҳияи Риштон намояндагони се насл бо ҳам мулоқот карданд.

Ба муносибати сивумин солгарди истиқлолияти Ватани маҳбуб дар ноҳияи Риштон  намояндагони се насл бо ҳам мулоқот карданд. Дар он ноиби ҳокими вилоят, мудири шӯъбаи вилоятии маҳалла ва пуштибонӣ аз оила Баҳодир Холиқов, мудири қабулхонаи президентии ноҳияи Риштон Соҳибҷон Додобоев ва меҳмонони дигар ширкат карданд. 
– Дар мамлакатамон таҳти роҳнамоии Президент Шавкат Мирзиёев ислоҳоти доманфарох пиёда мегардад. Барои сулҳу субот ва фаровонии мардуми кишвар, арҷгузорӣ ба калонсолон, инчунин барои ба воя расидани ҷавонони бошараф тамоми шароити мусоид фароҳам оварда мешавад, – гуфт зимни сухани муқаддимавӣ ҳокими ноҳия Субҳонҷон Солиев.
Вай афзуд, ки ҷавонон бояд сисолагии истиқлолияти кишварро бо меҳнати зарбдор ва тӯҳфаҳои арзанда истиқбол гиранд. Гузашта аз ин, меросбарони ҳақиқии аждод шаванд, барои тараққиёт ва пешрафти мамлакати паҳноварамон саҳми худро гузоранд. Ин вазифаи муқаддаси онҳост.
– Мо дар муддати сӣ сол ба муваффақиятҳои бузург ноил шудем. Ин раванд бо суръат идома дорад. Зиндагии озоду обод дорад мардуми мо. Ба дастовардҳои мо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо ҳавас назар мекунад. Ба қадри чунин Ватан расидан ва барои пешрафти он меҳнат кардан шараф мебошад, – гуфт шоир Баҳодур Исо.
Дар мулоқот ҷавонон аз он ибрози хушҳолӣ намуданд, ки Президенти мамлакат барояшон шароити мусоид фароҳам овардааст, то ки онҳо таҳсил кунанд ва машғули кору зиндагии орому осуда шаванд.
Дар ҷараёни мулоқоти се насли ноҳия як гурӯҳ журналистону блогнависони маҳаллӣ низ иштирок намуданд. 

Аброр ДЕҲҚОНОВ, 
котиби матбуоти ҳокимияти 
ноҳияи Риштони вилояти Фарғона.  

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: