МУЛОҚОТИ СУДМАНД ВА БОАРЗИШ

Дар Маркази дипломатияи мардумии СҲШ ҳайат таҳти раёсати мушовири вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар умури сиёсӣ Меҳрдод Киёиро раиси ин марказ Қобилҷон Собиров ба ҳузур пазируфт ва ҷонибҳо дар фазои дӯстона мулоқоти густурда ва пурмуҳтаво баргузор намуданд.

Президенти Ӯзбекистон қарореро имзо кардааст, ки дар он ёддошти тафоҳуми Эрон барои гирифтани мақоми узви Созмони ҳамкории Шанхай тасдиқ карда шудааст.
Ёдоварӣ гардид, ки роҳбарони ду кишвар дар чаҳорчӯби нишасти сарони кишварҳои узви СҲШ дар Самарқанд як қатор масъалаҳоро таҳти баррасӣ қарор дода буданд. Инчунин сафари ахири вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон ба Эрон низ боиси ба даст овардани натиҷаҳои хеле хуби ҳамкорӣ арзёбӣ гардидааст.
Дар мулоқот Қобилҷон Собиров ва Меҳрдод Киёӣ инчунин қайд намуданд, ки муносибатҳои Ӯзбекистон ва Эрон дар солҳои минбаъда бо суръати нав инкишоф меёбанд. 
Меҳрдод Киёӣ ташаббусҳои Президенти Ӯзбекистонро дар масъалаҳои гуногун хеле муҳим арзёбӣ намудааст. Ба гуфтаи роҳбари ҳайати эронӣ таъсиси ниҳодҳои гуногун, аз ҷумла Маркази дипломатияи мардумии СҲШ намунаи беҳтарини ин ташаббуси Мирзиёев мебошад. 
– Бо пуштибонӣ аз ташаббусҳои ҷониби Ӯзбекистон дар Эрон низ ба таъсиси чунин сохтори ғайридавлатии СҲШ таваҷҷуҳи бештар дода хоҳад шуд, ки ба масъалаҳои ҳамсоядории нек, тавсеаи риштаҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо кишварҳои узви СҲШ нигаронида мешаванд, – изҳор намуд Меҳрдод Киёӣ.

Мирасрор АҲРОРОВ,
мухбири 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: