МУЛОҚОТИ СУДМАНДУ САМИМӢ

Чанде пеш дар мактаби мо бо хабарнигори «Овози тоҷик» дар вилоятҳои Фарғона ва Андиҷон вохӯрӣ баргузор гардид.

– Дар мактабамон вохӯрӣ бо мухбири рӯзномаи марказӣ бори нахуст ба вуқӯъ мепайвандад. Минбаъд домани чунин вохӯриҳоро васеъ менамоем, то ки дар байни талабагони мактаби мо низ ба касби рӯзноманигорӣ шавқу рағбат пайдо шавад. Бовар дорам, ки дар оянда шогирдони мо низ ба ин касб завқ пайдо хоҳанд кард, – гуфт директори мактаб Ҷаннатхон Нуриддинова.
Баъд мухбири рӯзномаи «Овози тоҷик» Мирасрор Аҳроров роҷеъ ба фаъолиятҳои хабарнигорони он дар дафтари шаҳри Тошканд ва соири вилоятҳои кишварамон маълумоти мухтасар  ироа кард.  Маълум шуд, ки ин рӯзнома аз соли 1924-уми қарни гузашта дарҷ мегардад ва нашрияи Олий Маҷлис ва Девони Вазирони ҷумҳурӣ мебошад. 
Дар ҷараёни вохӯрӣ боз донистем, ки ин рӯзнома бештар кадом матолибро дар саҳифаҳои худ нашр мекунад. Хабарнигор дар идомаи сӯҳбат гуфт, ки хоҳишмандон метавонанд ба он обуна шаванд ва ҳатто хабару мақолаҳои худро дар он мунтазам интишор  кунонанд. Вай ҳамчунин ба саволҳои талабагони зиёд ҷавобҳои муфассал дод. 
Зимнан қайд карданиам, ки мо, як гурӯҳ талабагони синфи даҳум, таҳти номи «Рангинкамон» рӯзномаи деворӣ нашр мекунем. Кӯшиш мекунем, ки он диққатҷалбкунанда барояд. Аммо баъди вохӯрӣ бо журналист дарк намудем, ки рӯзномаи девории  мо аз нигоҳи мундариҷа хеле суст аст. Вай машварат дод, ки  мо кадом матлабҳоро бояд мавриди чоп қарор диҳем. 

Шоҳсанам АШӮРАЛИЕВА,
хонандаи синфи даҳуми
мактаби рақами 13-уми деҳаи Волики шаҳри Қувасой.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: