МУЛОҚОТИ ТАМАДДУНҲО ДАР НОҲИЯИ СӮХ

Таҳти ҳамдастии ҳокимияти ноҳияи Сӯхи вилояти Фарғона, Институти таърихи халқҳои Осиёи Миёна ба номи Махпират ва филиали Академияи фанҳои Турон дар ноҳияи Сӯх бахшида ба 90-солагии адиби барҷастаи замон Чингиз Айтматов дар маҷлисгоҳи Хонаи маданияти ноҳияи Сӯх анҷумани илмию амалӣ таҳти мавзӯи «Чингиз Айтматов ва мулоқоти тамаддунҳо» баргузор гардид.

Тадбирро ҳокими ноҳияи Сӯх Ф.Ӯсаров бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ бахшид ва  оиди мақсад, мазмуну моҳияти гирдиҳамоии фарҳангӣ мухтасар ҳарф зад. Маърӯзаҳо дар мавзӯъҳои «Чингиз Айтматов – адиби бузург ва сарояндаи дӯстӣ», «Эҳтиром ба Айтматов – соҳиби қалами тиллоӣ», «Ман ва Чингиз», «Чингиз Айтматов ва адабиёти тоҷик», хусусан, ҷолиби диққат буданд. Муовини раиси бунёди хайрияи байналхалқии «Шарқ аёли» Ш.Орипова доири ҳамкории адабии Чингиз Айтматов ва Абдулло Орипов, умуман, дӯстии адабиётҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ баромад намуд. Роҳбари филиали Академияи фанҳои Турон дар ноҳияи Сӯх Ф.Ҷӯраев, устоди Донишгоҳи давлатии Фарғона Ф.Исомиддинов ва дигарон баробари таъкиди хидматҳои шоёни Ч.Айтматов дар равнақи адабиёти давр саҳми арзандааш ҷиҳати ҳамбастагии халқҳои Ӯзбекистон ва Қирғизистонро алоҳида қайд карда гузаштанд. Намояндагон аз вилояти Боткони Ҷумҳурии Қирғизистон, масъулони марказҳои миллӣ-фарҳангӣ, ки меҳмони анҷуман буданд, воқеан маҳфили дӯстӣ, иди адабиёт ва фарҳанги халқҳои ӯзбек, қирғиз ва тоҷик будани гирдиҳамоии мазкурро қайд карда гузаштанд.
Барномаи консертӣ дар  иҷрои санъаткорони се халқ, саёҳат ба мавзеъҳои таърихӣ ва ҷойҳои ҷолиби диққати кӯҳистони Сӯх ба иштирокдорон, айни замон, таассуроти нек бахшид.

Ш. МАҲМУДҶОНОВ.
 
ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: