МУЛОҚОТИ ТЕЛЕФОНИИ ПРЕЗИДЕНТИ ӮЗБЕКИСТОН БО ПРЕЗИДЕНТИ ЭРОН

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 май бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 6 май бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасан Рӯҳонӣ суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Дар оғози суҳбат сарони давлатҳо ба муносибати  моҳи муқаддаси Рамазон муборкабодиҳои самимиашонро ба ҳам дида, ба ҳамдигар ва ба мардумони дӯст дар ин давраи душвор, ки бо паҳншавии глобалии сирояти коронавирус алоқаманданд, саломатӣ ва беҳбудӣ таманно карданд.

Масъалаҳои мубрами рӯзномаи муносибатҳои дуҷониба, аз ҷумла дурнамои густариши ҳамкориҳои амалии байни Ӯзбекистон ва Эрон дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, нақлиётиву коммуникатсионӣ дақиқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Президентҳо ба вазорату идораҳои дахлдор дастур доданд, ки таҷрибаи баргузории видеоконфронсҳоро ба мақсади кам кардани оқибатҳои манфии пандемия дар амалиёти савдо, лоиҳаҳои амалишавандаи кооператсия дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, ҳамлу нақли транзитии борҳои содиротмву воридотӣ мунтазам идома диҳанд.

Оид ба ҳамоҳангсозӣ ва ҳамкории зич дар мубориза бар зидди коронавирус, аз ҷумла мубодилаи иттилоот ва таҷриба дар соҳаи пешгирӣ ва табобати ин бемории хатарнок, инчунин чораҳои афзалиятноки дастгирии аҳолӣ ва соҳибкорӣ мувофиқа ба даст омад.

Зимни суҳбати телефонӣ як қатор масъалаҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ баррасӣ шуданд.

ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: