28 июн мулоқоти телефонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов ба амал омад.
Дар аввали мулоқот сарвари давлатамон Президенти Туркманистонро бо зодрӯзаш самимона муборакбод намуда, ба вай сиҳатии мустаҳкам, беҳбудӣ ва комёбиҳои бузург таманно намуд.
Ба комёбиҳои беназир муваффақ гардидани Туркманистони имрӯза таҳти роҳбарии Президент Гурбангулӣ Бердимуҳамедов дар соҳаи сохтмони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат алоҳида таъкид гардид.
Қайд гардид, ки обрӯву эътибори давлат дар арсаи байналхалқӣ бемайлон баланд мегардад. Бо ташаббуси Туркманистон қабул гардидани резолютсияи навбатии Ассамблеяи генералии СММ дар бораи ҳамкории созмон ва Фонди байналхалқии наҷоти Арал, инчунин дар Туркманистон солҳои 2020-2021 баргузор шудани чемпионатҳои ҷаҳон оид ба самбо ва велоспорти трек аз ин далолат медиҳад.
Роҳбарони ду давлат масъалаҳои муҳими муносибатҳои дуҷониба ва сиёсати минтақавиро баррасӣ намуданд.
Пайваста мустаҳкам гардидани муносибатҳои дӯстона, некҳамсоягӣ ва шарикии стратегии Ӯзбекистону Туркманистон бо қаноатмандии амиқ таъкид гардид.
Муҳим будани минбаъд вусъат додани ҳаҷми савдои тарафайн, пурзӯр гардондани кооператсия дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, саноат ва кишоварзӣ қайд гардид.
Президентҳо зарурати ҷоннок гардондани фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ, инчунин идома додани ҳамкории самарабахши тиҷоратӣ ва маданиву инсонпарварӣ байни минтақаҳои наздисарҳадиро зикр намуданд.
Дар хотимаи мулоқот сарони давлатҳо бори дигар қатъӣ будани саъю кӯшишашонро барои рушди минбаъдаи шарикии бисёрнақшаи байни Ӯзбекистон ва Туркманистон ба нафъи ду мамлакату халқҳои бародар, бар манфиатҳои рушди устувор ва шукуфоии тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ собит намуданд.
ӮзА.