Имрӯз, 1 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Ҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
1 декабр Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қасим-Ҷомарт Тоқаев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод.
Сардори давлати мо мардуми сермиллати Қазоқистонро бо иди давлатӣ -- Рӯзи Нахустин Президенти мамлакат самимона табрик намуда, аз таҳти дил сулҳ, некӯаҳволӣ ва пешрафт орзу кард.
Зимни суҳбат масъалаҳои мубрами таҳкими муносибатҳои дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва шарикии стратегии Ӯзбекистон ва Қазоқистон баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба пешбурди лоиҳаҳо ва барномаҳои муштараки амалӣ, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва гуманитарӣ зоҳир карда шуд.
Президентҳо инчунин рӯзномаи байналмилалӣ, аз ҷумла омодагӣ ба ҳамоиши ИДМ-ро, ки ҳамин моҳ таҳти раёсати Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор мегардад, муҳокима карданд. Омодагии мутақобилаи идома додани муколамаи наздик дар доираи Иттиҳод, инчунин дигар сохторҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ изҳор карда шуд.
Дар поёни сӯҳбат ҷонибҳо саъйи тарафайнро ба рушди ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи ду кишвари бародар тасдиқ карданд.