Мулоқоти вазири энергетикаи Ӯзбекистон бо намояндагони шаркати чинӣ

17 апрели соли равон вазири энергетика Ҷурабек Мирзомаҳмудов бо президенти ширкати чинии «State grid - CET» Ю Ҷун мулоқот кард.

Дар рафти мулоқот ширкати чинӣ оид ба фаъолият ва дигар чорабиниҳо маълумот дод. Аз ҷумла: ширкат бо зиёда аз 40 кишвари Осиё, Африқо, Амрикои Ҷанубӣ, Шарқи наздик, Аврупо ва минтақаҳои дигар амалиёти тиҷоратӣ пеш мебарад. Ҳамагӣ ширкат зиёда аз 200 лоиҳаро аз рӯйи тарҳрезӣ, сохтмон, таъминот ва хидматрасонӣ амалӣ кардааст.

Ширкат 1,1 миллиард нафар (83 фоизи аҳолӣ)-ро дар 26 музофоти Чин бо неруи барқ таъмин мекунад, ба сохтмони шабакаҳои баландшиддат ва пастшиддат, зерстансияҳо ва иқтидорҳои тавлидӣ эътибори алоҳида медиҳад.

Ҷаноби Ю Ҷун изҳор дошт, ки омодааст бунёди шабакаҳои баландшиддат ва зерстансияҳоро дар Ӯзбекистон дар шароитҳои лоиҳакашӣ, сохтмон, маблағгузорӣ ва «таҳвили калидӣ» омӯзад.

Бинобар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба созишнома дар бораи тезондани ҳамкорӣ дар самти мазкур имзо гузоштанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати энергетика.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: