Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Ӯзбекистон ва Уммон баргузор шуд

26 июни соли 2024 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов бо вазири корҳои хориҷии Уммон Сайид Бадр бин Ҳамад ал-Бусайдӣ мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ қайд карда шуд, ки Ӯзбекистон ва Уммонро робитаҳои бойи таърихӣ ва мероси фарҳангӣ муттаҳид намуда, барои рушди бомуваффақият дидгоҳи муштарак доранд.

Ҳамчунин масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла, тиҷорату иқтисод, энергетикаи "сабз", пайвастагӣ, таҳкими иқтидор, дипломатияи ҷамъиятӣ, инчунин рӯзномаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд.

Дар поёни мулоқот вазирон ба Созишнома дар бораи низоми бидуни раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ имзо карданд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: