МУЛОҚОТИ ҲОКИМ ДАР НОҲИЯИ БУХОРО

Дар маркази маданияти ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кунҷи қалъа»-и ноҳияи Бухоро вохӯрии ҳокими вилоят Б. Зарипов бо ёрдамчиёни ҳоким ва раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия ба амал омад.

Дар маркази маданияти ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи «Кунҷи қалъа»-и ноҳияи Бухоро вохӯрии ҳокими вилоят 
Б. Зарипов бо ёрдамчиёни ҳоким ва раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои ноҳия ба амал омад.
– Боло бардоштани салоҳияти иқтисодии маҳалла, бо шуғл фарогирии шаҳрвандони бекор, омӯхтани соҳибкорӣ ба одамон аз ҷумлаи вазифаҳои асосии ёрдамчии ҳоким ба шумор меравад. Барои ин чуқур омӯхтани маълумоти ҷамъовардашуда оиди ҳар як хонадон муҳим аст, – таъкид намуд ҳоким.
Дар ноҳияи Бухоро 36 ҷамоати шаҳрвандони маҳалла мавҷуд буда, то ҳол 85 фоизи онҳо аз тарафи ёварони ҳоким омӯхта шудааст. Бинобар ин вазъи иҷтимоии оилаҳо ба тоифаҳо ҷудо карда шуда, чораҳои зиёд гардондани даромади моддии онҳо дида мешавад. Хусусан, ҷараёни кор ба аҳолӣ бо усули музояда додани наздик ба 600 гектар замин, истифодаи самаранок аз заминҳои назди ҳавлӣ, паҳн кардани таҷрибаи соҳибкорони пешқадам, ташкил кардани соҳаҳои паррандапарварӣ, заргӯшпарварӣ, чорводорӣ, созмон додани гармхонаҳои муъҷаз оғоз ёфтааст.
Ҳокими вилоят баъди шиносшавӣ бо рафти корҳо супориш дод, ки дараҷаи пешравии маҳаллаҳои ноҳия омӯхта шавад. Вай бобати зиёдтар гардондани даромади оилаҳо изҳори ақида кард. Дар вохӯрӣ инчунин, таклифу мулоҳизаҳои раисони ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳо ва ёрдамчиёни ҳоким омӯхта шуд ва роҳҳои ба амал татбиқ гардондани онҳо муайян гардид.
Дар охир суханони зерини собиқадори меҳнат Гулнора Қӯлдошева диққати ҳозиронро беихтиёр сӯи худ кашид:
– Банда ҳоло 65-сола ҳастам. Солҳои зиёд омӯзгорӣ намудам. Баҳри ободии маҳалла саҳм гузоштам. Ду фарзанди хешро ба воя расонда, ба ҳаёти мустақилона водор кардам. Ба ростӣ сахтиҳои зиёди рӯзгорро дидам. Шукри беҳад, ки ҳоло каси азму кӯшишкарда ба мақсад мерасад. Имрӯз ба раисони маҳаллаҳо ҳавас мекунам. Ҳар чизе, ки пурсанд, давлат мушкилкушои онҳост. Талабу хоҳиши одамон низ ҷомаи амал мепӯшад. Ба қарибӣ писари хурдиамро хонадор кардам. Чӣ ҳоҷати пинҳон кардан, баъди маърака шароити моддии оилаамон бад шуд. Баъди андешаи зиёд ба ҳокимият муроҷиат карда кредит пурсидам. Хоҳиши мо эҷобӣ ҳал шуд. 24 сар гӯсфанд харидем. Ҳоло шароитамон хуб. Кредитро низ саривақт бармегардонем. Боз як масъалаи дигар. Бо нияти тавофи Каъба маблағ пасандоз карда будам. Онро барои бунёди толори варзиш дар маҳалла сарф кардан мехоҳам. Агар Шумо дар ин бора маро дастгирӣ мекардед, сарам ба осмон мерасид.
Ҳокими вилоят Б. Зарипов ба бонуи ҳимматбаланд миннатдорӣ изҳор карда, ӯро бовар кунонд, ки сохтмони спортзалро шахсан худаш ба назорат мегирад.

А. АВЕЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик» дар вилояти Бухоро.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: