МУЛОҚОТҲО ДОИМӢ БАРГУЗОР МЕГАРДАНД

Ҳокими вилояти Сирдарё Акмалҷон Маҳмудалиев дар Маркази ҷавонони шаҳри Гулистон бо ҷавонон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълими олӣ таҳсил мегиранд, вохӯрд.

Ҳокими вилоят таъкид намуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ барои тарбия, донишомӯзӣ ва ояндаи ҷавонон, дар ҷамъият ҷойи муносиби худро пайдо кардани онҳо ҳамаи шароит фароҳам оварда мешавад, ки онҳо бояд муносиби чунин эътибор бошанд. Ҳокими вилоят доир ба яке аз масъалаҳои муҳим – бедор намудани ҳисси дахлдории онҳо ба ислоҳоти амалишаванда ва ояндаи кишвар низ гуфт. Дар чорабиниҳое, ки ба наздикӣ дар доираи форуми сармоягузории байналхалқии I “Open Guliston” баргузор шуд, ба тарзи ихтиёрӣ, ё ки ба сифати тарҷумон фаъол иштирок кардани ҷавононро алоҳида эътироф намуд.
Дар чорабинӣ ҷавонон фикр, пешниҳод ва андешаҳояшонро дар хусуси баланд бардоштани фаъолнокии соҳаи иҷтимоиву сиёсӣ ва салоҳияти зеҳнии ҳамсолонашон ва ғояю ташаббусҳое, ки ба ривоҷёбии ҷамъият хидмат мекунад, гуфта гузаштанд.
— Роҳбари вилоят пешниҳоди манро доир ба дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук кушодани хештек таҳти шиори «Ман Гулистонро дӯст медорам» ва пурра кардани маълумот доир ба вилояти Сирдарё  бо забони ӯзбекӣ, русӣ ва англисӣ дастгирӣ кард, — гуфт донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Гулистон Ҷавоҳир Деҳқонов. – Ин бешубҳа, нафақат ба шахсоне, ки дар мамлакатамон, балки дар миқёси ҷаҳон аз шабакаи интернет истифода мебаранд, имконияти дастрас кардани маълумот доир ба вилояти Сирдарёро медиҳад.
Дар чорабинӣ пешниҳоди ҷавонон оид ба тарзи доимӣ ба роҳ мондани тадбири “Ҳоким ва ҷавонон” маъқул дониста шуд. Ҳокими вилоят шанбеи дуюми ҳар моҳ доимӣ баргузор кардани мулоқотро бо ҷавонон таъкид намуд.
Ҳокими вилоят ба саволҳои ҷавонон ҷавоб дод. Ба ҷавонони фаъолу ташаббускор миннатдорӣ изҳор кард ва ташаккурномаву туҳфаҳои хотиравӣ супурд.

Далер АЗИЗОВ, 
хабарнигори 
«Овози тоҷик».

Вилояти СИРДАРЁ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: