МУЛОҚОТҲОИ СЕНАТОР АБДУҒАНӢ САНГИНОВ ДАР СУРХОНДАРЁ

Узви Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Раиси раёсати ҷамъияти саҳҳомии «Ӯзбекгидроэнерго» Абдуғанӣ Сангинов ба вилояти Сурхондарё ташриф оварда, бо сокинони ноҳияҳои Узун, Сариосиё ва Деҳнав мулоқот кард.

Дар вохӯрӣ дар коллеҷи тиббии Сариосиё оид ба моҳият ва аҳамияти суханронии Президенти кишвар дар ҷамъомади умумии якуми Сенати Олий Маҷлис ва Муроҷиатномаи ӯ ба парлумон мубодилаи муфассали афкор сурат гирифт. Дар чорабинӣ инчунин дар бораи рушди дарозмуддати стратегии Ӯзбекистон, кор оиди ба ташаббускори ислоҳот табдил додани ҷамъият ва вазифаҳои навбатӣ баррасӣ шуд.
— Солҳои охир озодӣ ва шаффофият дар ҳаёти мо мустаҳкам қарор ёфт, ки ин натиҷаи ислоҳоти дар кишвари мо татбиқшаванда мебошад. Бо шарофати ин, мардум мушкилоти худро озодона ба мақомоти давлатӣ баён мекунанд ва дар бораи онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ошкоро сухан мегӯянд. Ман медонам, ки аксарияти шумо аз нарасидани нерӯи барқ шикоят мекунед. Азбаски ман мутахассиси ин соҳа ҳастам, мехоҳам ба шумо як чизро гӯям. Айни замон, бинобар сохтмони корхонаҳои нави замонавӣ, афзоиши босуръати истеъмоли энергия дар вилояти Сурхондарё 137 МВт  нерӯи барқ намерасад. Ин масъала дар сатҳи давлатӣ таҳлил шуда, барои рафъи он чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Соли равон дар ноҳия НБО Зарчаб бо иқтидори 75 МВт ва соли оянда НБО Тӯпаланг бо иқтидори 175 МВт ба истифода дода мешавад. Трансформаторҳо, симчӯбҳо ва кабелҳои кӯҳна тадриҷан иваз карда мешаванд. Ба наздикӣ ман аз шабакаи иҷтимоӣ дар бораи мушкили норасоии нерӯи барқ дар маҳаллаи Нилоба хабар ёфтам. Имрӯз мо кӯшиш менамоем, роҳи ҳалли ин масъаларо пайдо кунем.
Дар доираи чорабинӣ таҳти унвони «Вохӯрӣ бо сенатор» бо иштироки ҳокими вилояти Сурхондарё Т. Боболов, ҳокими вилояти Сариосиё  У. Тӯраев ва роҳбарони мақомоти ваколатдор масъалаҳое, ки боиси нигаронии шаҳрвандон гардиданд, шунида шуданд. Мушкилоти ба таъминоти газ, қувваи барқ ва об, таъмири роҳ, шароити муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ марбути онҳо дар маҳал омӯхта шуда, мавриди назорат қарор гирифтанд. Манбаъҳои бо маблағ таъмин кардани роҳҳои ҳаллу фасли онҳо муайян шуданд.
Дар зиёда аз 740 хонаҳои маҳаллаи Нилоба беш аз 3200 нафар одамон зиндагӣ мекунанд. Як гурӯҳи сокинони маҳаллӣ дар шабакаи иҷтимоӣ дар бораи нарасидани қувваи барқ хабар додаанд. Тадқиқот нишон дод, ки довталабон дар минтақаи муҳофизати дарё манзил сохтаанд. Баъзеҳо ҳатто ҳуҷҷатҳои кадастрӣ надоранд. Сохтмони хонаҳои нав дар солҳои охир боиси норасоии нерӯи барқ шудааст. Ба трансформатори дорои қудрати бештар ниёз пайдо шуд. Илова бар ин, баъзе симчӯбҳо кӯҳна шудаанд. Ин масъаларо сенатор А. Сангинов рӯзҳои наздик ҳал хоҳад кард.
Ин мушкилот дар тамоми ноҳия омӯхта шуда, дар натиҷа қарор карда шуд, ки тақрибан бист трансформатор ва қариб 2000 ҳазор симчӯбро иваз кунанд. 
Худи ҳамон рӯз ҳокими вилоят Т. Боболов ва сенатор А. Сангинов ба беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи ноҳияи Сариосиё ташриф оварда, онро аз назар гузаронданд. Қарор шуд, ки биноро тармим карда, барои беморон шароити мусоид фароҳам оварда шавад.
Чунин масъалаҳо дар мулоқоти узви Сенати Олий Маҷлис дар ноҳияҳои Узун ва Деҳнав  бардошта шуданд. А. Сангинов масъалаҳои муҳимро дар маҳал омӯхт. Аз ҷумла, кӯпруке, ки маҳаллаҳои  Серҳаракат ва Мустақилликро мепайвандад, 40 сол қабл сохта шудааст. Тӯли солҳои зиёд, бар асари селҳои сахт дар фасли баҳор, атрофи кӯпрук, ки болои иншооти селбари “Дунгизолди” сохта шудааст, хароб шудааст. Хароб шудани он метавонад ҳаракати нақлиётро ба деҳаи Халқобод, ки дар он зиёда аз 600 нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, боздорад.
Мактаби № 53-и маҳаллаи Мустақиллик тақрибан бист сол пеш бо роҳи ҳашар сохта шудааст. Зараркунандаҳои термитӣ ба муассисаи таълимие, ки дар он 140 бача таҳсил мекунанд, зарари ҷиддӣ расонданд. Вакили халқ ба мактаби дар минтақаи дурдаст воқеъгардида рафта, онро аз назар гузаронд, масъулияти сохтмони мактаби нави замонавиро ба зимма гирифт.
Мулоқотҳои аввали сенатор аз он ҷиҳат ҷолиб буданд, ки онҳо ҳаллу фасли мушаххаси рафъи мушкилоти зиёдро пайдо карданд.

Х.  МАМАТРАЙИМОВ,
мухбири ӮзА.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: