Ҳайате зери роҳбарии раиси Маҷлиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Нигматулин ба мамлакатамон ташриф овард.
Дар доираи ташриф 7 июн аъзои ҳайат бо раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ниғматилло Йӯлдошев вохӯрд.
Зимни суҳбат дар бобати вазъи имрӯзаи алоқаҳои байни парлумонҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон сухан ба миён омад. Дар заминаи рушди ҳамкориҳо дар соҳаи қонунгузорӣ табодули афкор ба амал омад.
– Риштаҳои пайвандии мамлакатҳоямон дар соҳаҳои гуногун дар асоси некҳамсоягӣ, дӯстии мустаҳкам ривоҷ меёбад, – гуфт Н.Йӯлдошев. – Аҳду паймоне, ки аз рӯи самтҳои гуногун дар мулоқоти дараҷаи олии роҳбарони ду мамлакат ва натиҷаи вохӯриҳои онҳо барои бо мазмуни амалӣ ва манфиати тарафайн ғанӣ сохтан хидмат менамояд. Вохӯрии имрӯза барои боз ҳам ривоҷ додани ҳамкориҳои байнипорлумонӣ ҷойгоҳи муҳимро молик аст.
Соли 2018 байни Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Маҷлиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дар бобати ҳамкории тарафайн меморандум ба имзо расидааст. Ҳуҷҷати мазкур барои боз ҳам васеъ равнақ бахшидани алоқаҳои байнипарлумонӣ имконият ба вуҷуд овард.
– Дар доираи ташриф дар вилояти Самарқанд низ будем. Қиёфаи таърихии ин ҳудуд, ки таҷассумгари гузашта ва замон мебошад, дар мо таассуроти калон гузошт, – гуфт Н.Нигматулин. – Мо барои омӯхтани таҷрибаи парлумони Ӯзбекистон, ки барои ҳифзи чунин мероси бузург, вазифаи боҳашамат ва шарафноки асосҳои қонунии ба насли оянда расондани онро таҳия намудааст, омодаем.
Зимни суҳбат Н.Нигматулин намояндагони парлумони Ӯзбекистонро ба анҷумани байналхалқии раисони парлумони мамлакатҳои Авруосиё, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Нур-Султон баргузор мегардад, даъват намуд.
Дар поёни мулоқот ҷонибҳо аҳду паймон намуданд, ки намудҳои нави ҳамкории тарафайн, дар зинаи нав ривоҷ додани робитаҳои байнипорлумонӣ чорабиниҳои амалиро тасдиқ намоянд.
Раиси Маҷлиси парлумони Қазоқистон аз хиёбони Мустақиллик боздид намуда, ба пояи муҷассамаи рамзи озодӣ, истиқболи дурахшон ва ниятҳои нек – Мустақиллик ва некӣ гул гузошт.
Дар вохӯрие, ки дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид, масъалаҳои бо мазмуни нав ғанӣ сохтани ҳамкории байни парлумонҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон, дар асоси доимӣ ба амал татбиқ намудани табодули таҷриба дар соҳаи қонунгузорӣ муҳокима гардиданд. Инчунин масъалаҳои боз ҳам мустаҳкам намудани асосҳои ҳуқуқии ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузории байни давлатҳоямон, васеъ намудани домани робитаҳо дар ҷанбаҳои нақлиёту коммуникатсия, маданиву инсонпарварӣ ва ғайра баррасӣ гардиданд.
Президент Шавкат Мирзиёев дар ҷиҳати сиёсати хориҷии Ӯзбекистон дар навбати аввал барои бо мамлакатҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ боз ҳам мустаҳкам намудани алоқаҳо аҳамияти алоҳида медиҳад. Ба ин маъно, яке аз сафарҳои нахустини хориҷии роҳбари давлатамон айнан ба Ҷумҳурии Қазоқистон буд. Солҳои охир бо ин давлат ба туфайли алоқаҳои боҷадал дар ҷиҳати шохаҳои асосии иқтисодиёт табодули ҳаҷми савдо соли 2018 қариб 50 фоиз афзуда, аз 3 миллиард доллар зиёд гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Маҷлиси парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон фикри худро дар заминаи муттасил идома додани мулоқоти конструктивӣ ва амалӣ, васеъ ва мустаҳкам намудани ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ки дар рушди робитаҳои дуҷониба аз омилҳои муҳим ба шумор меравад, иброз намуд.
Қайд гардид, ки идома додани мулоқотҳо дар самтҳои мазкур барои ҳар ду мамлакат манфиатнок мебошанд.
Малоҳат Ҳусанова,
Ғайрат Хонназаров,
хабарнигорони ӮзА.