МУЛОҲИЗАЕ ЧАНД ПЕРОМУНИ ТАЗКИРАИ “АДИБОНИ ӮЗБЕК”

Нашри панҷуми тазкираи “Адибони ӯзбек” (“Ӯзбек адиблари”. Муаллифон: Собир Мирвалиев, Рихсия Шокирова. Муҳаррир: Сироҷиддин Рауф, Орзиқул Эргаш) дар бораи 278 шоиру нависанда маълумот медиҳад.

Нашри панҷуми тазкираи “Адибони ӯзбек” (“Ӯзбек адиблари”. Муаллифон: Собир Мирвалиев, Рихсия Шокирова. Муҳаррир: Сироҷиддин Рауф, Орзиқул Эргаш) дар бораи  278  шоиру нависанда маълумот медиҳад. Он таҳти таҳрири Нависандаи халқии Ӯзбекистон  Муҳаммад Алӣ «Хонаи эҷодии табъу нашри ба номи Ғафур Ғулом” соли 2016 чоп шудааст.
Дарвоқеъ, ин маҷмӯаи мансуб ба силсилаи “Интишороти илмӣ-адабӣ”, завқовару  хонданист, барои  толибилмон ва муаллимони адабиёти ӯзбек муфид аст. Як ҷиҳати муҳими ин нашр ҳамин аст, ки дар он оид ба адибони ҳаракати ҷадидия, маорифпарварони ислоҳотҷӯ, чун Айнӣ, Авлонӣ, Исҳоқхони  Ибрат,  Беҳбудӣ,  Боту, Зафарӣ, Сӯфизода, Фитрат, Ғозӣ Юнус, Ҳамза, Абдулло Қодирӣ, Чӯлпон, Элбек, Чархӣ, Чустӣ... маълумотҳои тоза дода шудааст.
Сарфи назар аз дастовардҳо, нашри панҷум ҳам ишора ба он менамояд, ки  “гӯшт бе устухон намешавад”. Чанд иштибоҳе, ки дидем, шояд бо айби мусаҳҳеҳ ё аз каммасъулиятии муҳаррирон рух дода  бошад. Ба умеди он, ки   нашри нав комилтар ва бенуқс мебарояд, чанд мулоҳизоти худро пешниҳод намуданием.
а) Вожае, ки дар асоси калимаи “ғайр”-и арабӣ  (бегона) ба тарзи “ғайрли” корбаст шуда ба маънои ҷумла соя меафканад.
б) Эроди дигар ҳангоми зикри силсилатадқиқоти Устод Айнӣ рух додааст, ки дар асл бахшида ба Восифӣ бошад ҳам, барғалат “Васфӣ”омада, боиси иштибоҳ шудааст.
Эроди аввала ба саҳифаи 9-и маҷмӯа иртибот дорад, ки ба ҳаёт ва фаъолияти иҷтимоию адабии яке аз намояндагони фаъоли давраи бедории миллӣ, ба шоиру носир, олиму сайёҳ, ба муаллими навҷӯ ва аввалин матбаачӣ “Исҳоқхонтӯра  Ибрат” бахшида шудааст. Бо назардошти ин, ки муштариёни рӯзнома ҳама забони давлатиро нағз медонанд, матнро бидуни тарҷума айнан меоварем, ки ин аст: “...Ибратнинг илм-фан, маданият, мактаб-маориф соҳасидаги жонбозлиги айрим  ғаламис мутаассибларнинг ғайрли муносабатлари  кӯп  тӯсиқларга дуч келди”.
Дар ин ҷумла  бо зам кардани часпаки “ли” ба вожаи арабии “ғайр”, ки маънои асосиаш “бегона” мебошад, вожа ӯзбекӣ нашудааст. Агар калима дар шакли “ғаразли” таҳрир меёфт, фаҳмо, ҷумла бе сакта, мешуд.
Эроди дигари мо аз боби “Садриддин Айнӣ” (дар саҳ.15-18) сар зад, ки Устод (Айнӣ) яке аз поягузорони адабиёти навин, арбоби давлатии ҳар ду ҷумҳурии бародарӣ буда, ба сифати кӯпруки дӯстии халқҳои ӯзбеку тоҷик хидмати беҳамто кардааст. Муаллифони маҷмӯа ҳам нисбати устод бо камоли самимият ҳарф зада, аз он ҷумла нигоштаанд: “Садриддин Айнӣ ба сифати адиби тавоно, олими зукко ва донандаи таърих оиди таърихи адабиёти ӯзбек ва тоҷик тадқиқоти  пурарзиш анҷом додааст. Асарҳои илмии ӯ бахшида ба шоирони бузурги осиёимиёнагӣ, олиму мутафаккирон: Рӯдакӣ, Саъдӣ, Ибни Сино, Восифӣ, Бедил, Алишер Навоӣ, Аҳмади Дониш барин симоҳо ниҳоят пурарзишанд”. 
Аз  ин иқтибос фаҳмидан душвор нест, ки муаллифони тазкира барғалат  Саъдии Шерозии дар ҷануби Эрону Бедили дар Ҳиндустон ба дунё омадаро чун удабои Осиёи Миёна муаррифӣ карда, хонандаро ба иштибоҳ андохтаанд.
Аз ин лиҳоз ҷумлаи охирини иқтибоси моқаблро  айнан меоварем, ки дар матни ӯзбекӣ чунин аст: “Унинг (яъне С.Айнӣ. — М.О.) Ӯрта Осиёлик буюк шоир, олим ва мутафаккирлар – Рӯдакий, Саъдий, Ибни Сино, Васфий, Бедил, Алишер Навоий, Аҳмад Дониш каби сиймолар ҳақида ёзган илмий асарлари ниҳоятда қийматли”.
Дар ҳамин ҷо хатои нисбатан ҷиддитар  низ ҳаст, ки онро фақат одамони бо адабиёти тоҷик сарукор дошта метавонанд дарк кунанд. Гап дар бораи яке аз тадқиқотҳои аз тарафи мутахассисони дунё комилан эътирофшудаи Айнӣ меравад, ки  Зайниддин Восифӣ буд. Ҷойи таассуф, ки ба қавли муаллифони тазкираи таҳти назар, гӯё устод Айнӣ  муҳаққиқи  Васфӣ низ будааст? Воқеият бошад – дигар. 
Аввал ин, ки адибе мутахаллис бо “Васфӣ” зиндагӣ дошт. Аммо Садриддин Айнӣ дар бораи ӯ ҳатто мақолае ҳам эълон накардааст. Пас, дар ин нашр ҷойи Восифии машҳурро ба чӣ асос ё  сабаб Васфие, ки баъди чор асри вафоти  Восифӣ ба сар бурдааст, гирифт?
Ба гумони мо муаллифони “Адибони ӯзбек” барои дарёфти маълумот, оиди Айнӣ, ба сарчашмаҳои русӣ (ё интернет) муроҷиат кардаанд, ки ба забони русӣ номи “Восифӣ”-ро одатан дар шакли “Васифи” менависанд. Муаллифон (бехабар аз таҳқиқоти Айнӣ) тахаллуси русишаклро пазируфтаанд.
Барои собит намудани ин фикр метавон ба таҳқиқоти шарқшиноси рус А.Н.Болдирев муроҷиат кард, ки зимни сарсуханаш дар китоби дуҷилдаи матни интиқодии “Бадоеъ-ул-вақоеъ” (Душанбе, 1957) ба Устод Айнӣ, ҳамчун авваллин восифишинос арзи эҳтиром менамояд. 
Пас, чӣ гуна ҷойи Восифии машҳурро Васфии номашҳур гирифт? Айни ҳол ин аст, ки  шоир Васфӣ ҳам аз қаламкашони зуллисонайни замон буда, дар соҳаи тарҷума ба забони ӯзбекӣ, аз ашъори классикони адабиёти форсӣ, шахсияти нодире буд.  
Ҳароина, дар ин маврид ёдоварӣ аз устод Васфӣ – Муҳаммадҷон Мухторов кори савоб аст. Аз соли 1969 бо ин марди шариф, шоири ҳозирҷавобу тарҷумони беҳамто  ҳамкор будам ва сабақҳои аввалин рӯзноманигориро аз он кас гирифтаам. 
Васфӣ шоири дузабона, муаллифи якчанд маҷмӯаи шеърӣ, тарҷумони моҳири ашъори Шайх Саъдӣ, Ҳофизу Ҷомӣ “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсиро низ бо вазни арӯз пурра тарҷума карда буданд. Бисёр афсӯс мехӯрданд, ки ин тарҷумаашон бо баҳонаи ин ки «хонандагони советӣ, тарҷумаи «Шоҳнома»-ро бояд бо вазни ҳиҷо бихонанд, на бо вазни арӯз!» бо амри «боло» чоп нашуда монд. 
Домулло Васфӣ гӯшрас карда буданд, ки тахаллуси “Васфӣ”-ро барояшон Устод Айнӣ додаанд. Аз нақли устод фаҳмидаем, ки маҳз бо дастгирии Садриддин Айнӣ аз маҳбас озод шуда, ба кори газетаи вилоятии Бухоро, сонитар ба ҷамоаи “Овози тоҷик” пайвастаанд. Аммо дар бораи ягон тадқиқот, ҳатто мақолае, ки Устод Айнӣ бахшида ба Васфӣ навишта бошанд, ҳарфе нашунидаем.    
Ин ҳам бояд ёдрас карда шавад, ки дар тазкира (саҳ.202) зодгоҳи Ҷамол Камол саҳван қишлоқи Чигарони ноҳияи Шофиркони вилояти Бухоро чоп шудааст. Ҳол он, ки номи зодгоҳи ин шоири маъруф Читгарон аст.
Ва ниҳоят қобили ёдоварист, ки пешгуфтори китоб асарро гоҳе “маҷмуа”, гоҳе “маълумотнома”, “китоб” номида  ягон бор  аз вожаи ихтисосии “тазкира” кор нагирифтааст. Дар поёни сухан гуфтанием, ки нашри тоза номи “Тазкираи адибони Ӯзбекистони навин” (Янги Ӯзбекистон адиблари тазкираси)-ро гирад, зебанда мешуд. 
 
Маъруф ОТАХОНЗОДА, 
Журналисти шоистаи
 Ӯзбекистон.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: