МУЛОҲИЗАҲО ДАР БОРАИ ТАРЗИ ТАЪЛИМИ ИБОРА

Ибора яке аз воҳидҳои наҳвии забон буда, омӯзиши он дар мактабҳои таълимоташон умумӣ тавассути фанни “Забони тоҷикӣ” амалӣ мегардад.

 Таълими ибора дар мактаб ҳанӯз аз синфҳои ибтидоӣ ба тарзи содаю одӣ оғоз мегардад. Тибқи барномаи таълим боби ибора ва хелҳои он зина ба зина омӯзонида мешавад. Дар боби “Ибора” хонанда ба калимаҳои сарф, наҳв, иборасозӣ, тобеъкунанда, тобеъшаванда, зарб, муайянкунанда, муайяншаванда, калимаи асосӣ, камонак, изофӣ, пешоянд, пасоянд, оҳанг, ҳамчунин калимаҳои такягоҳӣ рӯ ба рӯ меояд.
Машғулиятҳо доир ба ибора барои аз худ кардани қисми сарф (морфология) ҷиҳати омӯзиши шаклу сохти калимаҳои алоҳида ва  омӯхтани сохти ҷумлаҳо дар илми наҳв (синтаксис) замина фароҳам меоварад.
Ин аст, ки ҳангоми омӯзондани ин мавзӯъ омӯзгор бояд ба чандин масъала: монанди фарқи ибора аз калима, ҷузъҳою хелҳои он, аз ҷиҳати маъно ва таркиб ҷудо кардани ибора аз байни ҷумла,  сохти ибора рӯйи эътибор гардонад. Бинобар ин раванди мазкур аз омӯзгор дониши амиқ ва масъулияти бештарро талаб менамояд. 
Ба мо маълум аст, ки дар мактабҳои тоҷикӣ омӯзиши бевоситаи ибора аз синфи 5 оғоз меёбад. Ва айнан ин мавзӯъ дар боби “Наҳв ва аломатҳои китобат” дар дарсҳои 6-7 бо номи “Ибора ва калимаҳои асосӣ” (Т.Чориев, “Забони тоҷикӣ, нашр.”Ӯзбекистон”,2020) омӯзонда мешавад. Айни муддаост, ки он бо таърифи ибора сар мешавад. Омӯзгор бояд қоидаи онро тавре ки дар китоби дарсӣ омадааст, яъне “ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаъное, ки аз ҷиҳати маъно ва муносибати грамматикӣ ба ҳамдигар алоқаманд шуда, мафҳумеро ифода мекунанд, ибора номида мешаванд”, баррасӣ кунад. Зарур аст, ки қоидаро як бори дигар ба талабагон хотиррасон намуда, аз онҳо пурсад, ки чаро қоидаи ибора бо ифодаи “ду ва ё зиёда...” оғоз ёфт. Бо мақсади муқоиса водор кунад, ки аз синфҳои поёнӣ қоидаи ҷумларо ба хотир оранд. Яъне, “ду ва ё зиёда калимаҳои ба ҳам алоқаманд ва ё калимаҳои ҷудогонае, ки як фикри томро ифода менамоянд, ҷумла номида мешавад”.(Т.Чориев, Забони модарӣ, синфи 4, саҳ. 111, нашр. “Ӯзбекистон”, 2015). Пас аз он омӯзгор саволҳои зеринро ба донишомӯзон медиҳад: “Фарқи қоидаҳо дар чист, чаро дар қоидаи ҷумла калимаҳои ҷудогона оварда шудааст, барои чӣ ҷумла фикри тамомшударо мефаҳмонад ва ибора бошад мафҳумеро?» ва монанди инҳо. Муқоисаи онҳоро ба худи хонандагон ҳавола менамояд. Метавон дар ин бахш якчанд мисол дар тахтаи синф навишта, фарқияти онҳоро гаштаю баргашта аз талабагон пурсад.
Омӯзгор метавонад, барои комилтар фаҳмондани мавзӯи ибора, дар тахтаи синф ҷумлаи содаи машқи 25-ро аз китоби дарсӣ пурра карда нависад. Ва аз онҳо талаб намояд, ки ҷумлаи “Дили модар аз меҳру вафо лабрез гардид”-ро ба ҳиссаҳои хурду калон ҷудо намояд ва ба ҳар яки он рақам гузорад. Масалан, “дили  модар” (1), “аз меҳру вафо” (2), “лабрез гардад” (3). Сипас, воситаи алоқаи байни калимаҳоро ба тарзи одӣ шарҳ дода гузарад. Дар ифодаи “дили модар”  пайвандшавии ду калимаи мустақили “дил” ва “модар”-ро фаҳмонда, вазифаи воситаи  алоқаи изофи (ӣ)-ро эзоҳ диҳад. Дар ифодаи дуюм бошад, мураккабтар шудани ҷараёни сохта шудани ибора ва истифода шудани пешоянду пайвандакро ҳам ба тарзи сода гуфта гузарад. Ва зиёд шудани ҷузъҳои ибораро хотиррасон намояд. Дар ифодаи сеюми “лабрез гардид” ба воситаи чӣ ба ҳам алоқаманд шудани калимаҳоро аз талабагон пурсад. Айнан, дар ҳамин ҷо муаллим вазифадор аст, ки воситаи алоқаи ибораи якумро, ки худаш пештар фаҳмонда буд, аз талабагон пурсад, ибораи дуюмро, ки пешоянду пайвандак дорад, бори дигар ба ёд орад ва ибораи сеюмро ба худи хонандагон ҳавола кунад. 
Ногуфта намонад, ки машқҳои 22 ва 23-юми китоби дарсиро ба худи хонандагон вогузор кардан мумкин аст, зеро тибқи талаби машқи 22, ки чунин аст: “Калима ва ибораҳоро дар алоҳидагӣ номбар кунед”, онҳо чандон мушкилӣ намекашанд. Талаби машқи 23-юми китоб низ “Аз калимаҳо ибора созед ва фарқи онҳоро гӯед” аст, оиди мавзӯъ мавриди қабул  аст. Аммо ҳангоми иҷрои машқи 24, ки матлаби он чунин аст: порчаи шеъриро хонед,  ибораҳоро муайян намуда, ба дафтар рӯйбардор кунед:
Сарчашмаи ҳаёти ҷаҳонанд модарон,
Зиннатфизои давру замонанд модарон.
Сидқу сафои оламиёнанд модарон,
Бахту саодати дилу ҷонанд модарон.
(Боқӣ РАҲИМЗОДА). 
Ба омӯзгор лозим аст, ки талаби машқро бо ҳамроҳии талабагон иҷро кунад. Чунки ба ибораҳо ҷудо кардани сатрҳои шеърӣ ба талабагон мушкилиҳо дорад. Дар ин боб зарур аст, ки вай аз сохти ибораҳо ёдовар шуда, ба ибораҳои сода ҷудо карда навиштани онҳоро фаҳмонад. Пас аз навиштани ибораҳои содаи мисраъҳо метавонад доир ба воситаи алоқаи онҳо саволу ҷавоб ташкил диҳад. Пас аз он аз рӯйи нишондоди китоби  дарсӣ иҷрои бахши “саволҳо барои санҷиши дониш” оғоз мегардад. Дар ин бахш кӯшиш карда мешавад, ки  аҳли синф пурра ба саволу ҷавоб ҷалб карда шуда, ба таври мушаххас ҷавоби саволҳоро аз худ намоянд ва доир ба онҳо мисолҳо оварда фарқиятҳоро сарфаҳм раванд. Машқи 26-уми марбути дарси 6, ки матлаби он чунин аст: “Ибораҳои зеринро ҳамчун нақша истифода баред ва дар мавзӯи “Таътили тобистонаи ман” баён нависед” ба талабагон вазифаи хонагӣ супурда мешавад.
Ҳамин тавр соати якуми ба мавзӯи “Ибора” ҷудокардашуда, омӯзонда мешавад. Дарси 7, ки дар саҳифаи 19-уми китоб оварда шудааст, “Калимаҳои асосӣ ва тобеъ дар ибора” ном дорад.
Дар ин соати дарсӣ омӯзгор метавонад дар тахтаи синф ибораи содаеро навишта, аввал аз талабагон аз чанд ҷузъ ё аз чанд калимаи мустақил сохта шудани онро пурсад. Сипас, ба фаҳмондани мавзӯъ пардохта метавонад бигӯяд, ки дар ибора яке аз калимаҳо асосӣ буда, боқимонда барои шарҳи он меоянд. Калимаи асосӣ  тобеъкунанда (муайяншаванда), калимаи шарҳу эзоҳдиҳанда – тобеъшаванда (муайянкунанда) ба шумор меравад. Дар вақти муайян кардани вазифаи калимаҳои ибора истилоҳҳои тобеъкунанда, тобеъшаванда ё ин ки муайяншаванда, муайянкунанда интихоб карда мешавад. Дар болои калимаи тобеъкунанда аломати зарб (х) ва дар болои калимаи тобеъшаванда аломати камонак гузошта мешавад. Калимаи тобеъкунанда бо калимаи тобеъшаванда бо воситаи бандаки изофӣ (и) ва бе иштироки он ба ҳамдигар алоқаманд мегардад. Дар ибора кадом ҳиссаи нутқ асосӣ – тобеъкунанда бошад, ибора ҳамон номро мегирад. Агар калимаи асосии ибора исм бошад, онро ибораи исмӣ, сифат бошад,  ибораи сифатӣ, шумора бошад, ибораи шуморавӣ, ҷонишин бошад, ибораи ҷонишинӣ, феъл бошад, ибораи феълӣ, зарф бошад, ибораи зарфӣ меноманд гуфта, ба хонандагон маълумоти назарӣ дода мешавад.
Пас, биёед, дар ин бахш аз мисолҳои мавзӯъ дур нарафта тарзи фаҳмондани роҳи осони онро пеш гирем. Масалан, ба машқи 27-уми китоб рӯй меоварем, ки матлаби он чунин аст: “Калимаҳои асосӣ ва тобеи ибораҳоро муайян кунед: “Парчами давлатӣ, мактуб навиштан”. Дар тахтаи синф ин ду ибораро менависем.
Тавре ки гуфта гузаштем, дар ибора яке аз калимаҳо асосӣ буда, боқимонда ба шарҳи он меоянд  ва агар  чунин бошад, кадоми ин калимаҳоро асосӣ меҳисобем ва барои чӣ? Масалан, парчами давлатӣ – чӣ хел парчам? Ба хонандагон фаҳмондан зарур, ки бо аввалин саволи гузошташуда, ки бо он ҷузъи тобеъ муайян карда мешавад, калимаи тобеъкунанда низ номбар мешавад.
Пас аз фаҳмондани ин ду мисол ба таври қиёсӣ, аллакай донишомӯзон маълумоти умумии муайян кардани калимаи асосӣ ва тобеъро ёд мегиранд. Ва ҳамин тавр, машқҳои 27, 28-уми китоб аз ҷониби талабагон иҷро карда мешавад. 
Бояд омӯзгор дар ҳар дарс ҳангоми таҳким бахшидани мавзӯи мавриди назар ба ҳаллу фасли он диққати асосӣ диҳад. Зеро таълими дуруст ва возеҳи ибора барои инкишофи нутқи мураттаби хонандагон хазинаи бебаҳост. 

Ҳикмат СУЛТОНЗОДА, 
устоди Донишкадаи 
давлатии омӯзгории
 Чирчиқ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: