МӮЪМИНАИ ДАРДКАШИДА ДАР СУРАТИ ШОИРАИ РУС

Ба муносибати 130-солагии Анна Ахматова

Мегӯянд, адабиёт ва санъат сарҳад надорад. Ҳад намеписандад. Аз мамлакате ба мамлакати дигар чун шамол мегузарад.
Ба туфайли ҳардуи ин халқ ва миллатҳо ба якдигар наздик мешаванд, маданият, маънавият ва ҳунари миллиашонро такмил медиҳанд. 
Номи шоираи барҷастаи рус Анна Ахматова ба мо низ азиз. Эҷоди ӯ, хусусан, ба фаъолияти адибаҳоямон таъсири нек гузоштааст. Гулчеҳра, Мавҷуда Ҳакимова, Гулрухсор барин шоираҳои тоҷик шеърҳои ӯро ба забони модариашон гардонда, таҳти таъсири ҳунари шеърофариаш ҷаҳонбинӣ ва истеъдод сайқал додаашонро пинҳон нанамудаанд. Қаламиҳои дилпазири Ахматова ба ӯзбекӣ низ зиёд тарҷума ва рӯйи чоп дидааст.
Анна дар куҷо таваллуд ёфта ва зиндагӣ ба сар бурдааст? Чаро фамилияаш Ахматова? Эҳтимол «Аҳмадова» аст? Бо фамилияи Ахматова (Аҳмадова) шинохта шудани шоираи рус, ки айни замон байни шоираҳои олам мақоми ба худ хос дошт, ҳайратангез нест?
Анна соли 1889 дар Одесса таваллуд ёфт. Падараш дар Флоти баҳри Сиёҳ чун муҳандис-механик фаъолият дошт. Баъди яксола шудани Анна оилаашон ба Петербург кӯч баст.
Чӣ қадар бачагии хушбахтона – то шонздаҳсолагӣ Анна дар ҷаҳорбоғи машҳури Питер – Сарское Село, ҷое, ки подшоҳ ва аҳли дарбори рус истироҳат мекард, зиндагӣ намуд.
Анна ҳанӯз дар панҷсолагӣ фаронсавиро пурра фаро ва дар гимназияи духтарона таълим гирифт. Падараш Андрей Горенко барои илмомӯзии ӯ кулли шароитро фароҳам сохта буд. Аз 11-солагӣ шеърнависӣ машқ кард. Рӯзе ба падараш машқҳои худ нишон доду ғайричашмдошт: «Нанавис» гуфт Андрей Антонович. Духтар ҷойи истодааш карахт шуда монд. Падар давом намуд: «Кореро, ки ба шаъни оилаи мо мувофиқ нест, накун. Хеле шеър навиштан хоҳӣ, ба зераш фамилияи маро нагузор!»
Дили Анна шикаст. Вале меҳри шеър аз қалбу вуҷуд дур андохта натавонист. Акнун ба зери навиштаҳояш «Анна Горенко» не, «Анна Ахматова» сабт менамуд. Сулолаи Ахматхонҳо солҳои тӯлонӣ дар Қрим хукмронӣ кардаанд. Модари Анна авлоди ҳамон қримтоторҳои хонӣ ба шумор мерафт. Вай аз ин ифтихор менамуд.
Бинобар муомилаи дурушти падар вай аз баҳри фамилияи падарӣ баромад, «Ахматова»-ро ба худ ихтиёр намуд.
Тавре дар хотираҳои адиби барҷаста Корней Чуковский қайд шуда, дар тарбияи истеъдоди Анна шоири рус Николай Гумилёв нақши муҳим бозид. Устод ва шогирд бо шарофати шеър ба ҳам қарин шуданд: дилҳои ба шеърият ошно акнун якҷо тапида суруди зиндагӣ тараннум менамуданд. Вале бо амри тақдир Анна ба Қрим, Гумилёв ба Париж роҳ пеш гирифтанд. Гумилёв дар Париж бо унвони «Сириус» маҷаллае таъсис намуд, нахустин шеърҳои Анна дар он рӯйи чоп диданд. Анна ва Николай боз ба дидори ҳам расида ва соли 1910 дар шаҳри Киев аз никоҳ гузоштанд. Анна 21-сола буд. Николай аз вай се сол калон, вале ҳамчун муаллифи «Роҳи истилогарон», «Гулҳои романтикӣ», «Марворидҳо» барин маҷмӯаҳо аллакай шоири машҳур. 
Шоир ва шоира ба Фаронса рафта ва як муддат дар Париж зиндагӣ намуданд. Вале ин дер напоид. Тақдир водошт боз ба ду ҷониб равона шаванд: Анна боз дар Қрим, Николай бошад роҳи Африқоро пеш гирифт.
Ду эҷодкор дар ду гӯшаи олам дар ҳаёти худ мезистанд, вале ҷудоӣ осон намекӯчид. Дард ва аламҳои ҳиҷрон дилу ҷонашонро пора менамуд. Роз ва ниёзҳои қалб дар шеърҳои пурсӯз ифшо мекарданд. Эҳсосоти қалбии якдигарро бисёр ҳурмат менамуданд. 
Николай аз Африқо баргашт. Анна машқҳои худро тақдим намуд. Шавҳар хонд ва: «Акнун шоираи ҳақиқӣ шудаӣ, навиштаҳоятро дар шакли китоб чоп кардан мумкин» гуфт. Ҳамин тавр, бо дастгирии Николай, нахустин дафтари шеърҳои Анна бо унвони «Шом» ба табъ расид.
Чун ангур аз ҳамдигар ранг гирифта, дар оташи эҳсоси якдигар обутоб ёфта, зан ва шавҳар дар роҳи камолот дилпурона қадам заданд, дар чаманзори сухан соҳиби садои худ гардиданд. Маҷмӯаҳои Анна «Тасбеҳҳо», «Гурӯҳҳои сафед», «Барги зуф», китобҳои Николай «Осмони бегона», «Тирдон», «Гулхан», «Растаи чинӣ», «Сутуни оташин», «Қароргоҳ» ба табъ расида, ба дасту дили шеърдӯстон гармӣ бахшиданд.
Вале... якбора ба деги ҷӯшон тақдир оби сард рехт: Николайро, ки ҳамагӣ 35 сол дошт, чун садоқадманди салтанати шоҳӣ комиссариати фавқулоддаи болшевикӣ ба ҳабс гирифт ва парронд. Дунё дар пеши назари Анна тагорӯ шуда рафт...
Ҷанги дуюми ҷаҳон оғоз ёфт ва Анна Ахматова қатори намояндагони илм, адаб ва маънавияти рус, ки ба Шарқ эвакуатсия карда шуда буданд, ба Тошканд омад. Ба ҳаёти мардуми мо аз наздик шинос шуд. Эътиқоди пок, саранҷом ва сариштагии бонувонамон ӯро мафтун месохт. Адибони ӯзбек ӯро ба манзилҳои худ мехонданд. Меҳмонӣ дар хонадонҳое, ки рӯзҳои душвор азоби ночорӣ кашанд ҳам, меҳри дилу ҷон аз кас дареғ намедоштанд, барояш бисёр хушоянд буд. Мегуфт: «Ман ҳам мусулмонзан, фамилияам Аҳмадова, дар ин сарзамин тавъамии одамият ва мусулмонигариро дида, беҳад мутаассирам...»
Анна Ахматова соли 1966 дар синни 77 вафот намуд. 
Шеърҳои пур аз дард ва сӯзаш дар маҳфилҳои ёдбуд садо медиҳанд. Баъди аз Тошканд ба диёри худ баргаштанаш ба сараш боз ташвиш афтод. Падидаҳояш аз ғалбер гузаронда, ӯро ба моилӣ ба кадоме аз ҷараёнҳои адабӣ, ки ба чашмашон иртиҷоӣ ва зараррасон метофт, айбдор менамуданд. Бо вуҷуди ин алоқамандони шеъри воқеӣ ӯро сидқан дӯст медоштанд. Дар Аврупо ва тамоми ҷаҳон номашро бо ҳурмати тамом ба забон мегирифтанд. Дар ҷамъомади байналхалқии шоираҳои ҷаҳон, ки соли 1962 дар Италиё рӯйи кор омад, Анна Ахматоваро «Беҳтарин суханвари дунё» эътироф намуданд. 
Баъди фоҷиаи шавҳараш Анна солҳои дароз шеър нанавишт. Навиштаҳояш шеърро не, «пораҳои дард»-ро мемонданд, ки аз танӯри тафсони дил берун шудаанд.
Яке аз беҳтарин шеърҳои Анна Ахматова дар васфи Тошканд ва мардуми меҳмондӯсти он. Наздик 800 рӯз вай аз офтоби меҳри мардуми диёри мо баҳраманд ва он айёмро, бо вуҷуди душвориҳои давраиҷангӣ, «рӯзҳои сафед» меномид.  

Ш. МУҲАММАД.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: