МУНОДИИ ДӮСТӢ

Воқеан, санаи фараҳбахш аст, ки рӯзномаи овозадори кишвари дӯсту бародари Ӯзбекистон – «Овози тоҷик» ҷашни якасраи худро таҷлил менамояд.

Дар давоми ин солҳо рӯзнома барои инъикоси ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву мадании кишвари ҳамҷавор саҳми боризи худро гузоштааст. 
Як рисолати дигари рӯзнома ин саҳмгузорӣ дар пойдории робитаҳои дӯстиву бародарии мардумони тоҷику ӯзбек мебошад. Ин рисолатро анқариб дар ҳар як шумораи рӯзнома мушоҳида намудан мумкин аст. Ба ин маъно метавон гуфт, ки рӯзнома мунодӣ ва пули дӯстист. 
Ин рисолатро дар кишвари мо – Тоҷикистони азиз рӯзномаи «Халқ овози» ба ҷо меорад. 
Як қаробат ва муштаракоти рӯзномаҳои мо – «Овози тоҷик» ва «Халқ овози» он аст, ки аввалин кормандони рӯзномаи «Қизил Тожикистон» («Халқ овози»-и имрӯза) дастпарварони рӯзномаи «Овози тоҷик» будаанд. 
Мисоли рӯшани он аввалин муҳаррири рӯзномаи «Қизил Тожикистон» Муҳаммадҷон Ҳасанов мебошад, ки то ба Душанбе омадан, дар шаҳри Самарқанд ба ҳайси хабарнигор ва муҳаррири рӯзномаи «Овози тоҷик» фаъолият дошт. Инчунин, аллома Бобоҷон Ғафуров аз дастпарварони рӯзномаи «Овози тоҷик» мебошад, ки баъдан муҳаррир ва ифтихори доимии кормандони минбаъдаи рӯзномаи «Қизил Тожикистон» гардид. 
Аз ин лиҳоз, нақши рӯзномаи «Овози тоҷик» дар тарбияи аввалин рӯзноманигорони тоҷик хеле назаррас аст.  
Дар давоми 100 сол рӯзнома барои шоирону нависандагон ва аҳли қалами тоҷики Ӯзбекистон даргоҳи муқаддас ва мактаби камолоти эҷодӣ гардид. 
Солҳои охир бо шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарони ду давлат – Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар баробари дигар соҳаҳо ба рушди забон ва фарҳанги ақаллиятҳои миллии ин кишварҳо низ заминаҳои мусоид фароҳам омаданд. 
Дар заминаи ҳамин сиёсат моро зарур аст, ки барои пойдории дӯстии халқҳо бо ҳам саъю талош намоем. 
Ба аҳли эҷоди «Овози тоҷик» ҷашни 100-солагии рӯзномаро табрик ва муборакбод гуфта, дастовардҳои баланди эҷодиро орзу менамоям. 
Бигузор, рӯзнома садсолаҳои дигар рӯйи чопро бинаду рисолати бузурги худро сарбаландона адо намояд.

Ёқубҷон АБДУМАННОНЗОДА, 
сармуҳаррири нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Халқ овози»

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: