Иштироккунандаи чорабинии бахшида ба дурнамои ҳамкорӣ ва натиҷаҳои форуми 2-юми тиббии Олмон – Ӯзбекистон, ки дар сафоратхонаи мо баргузор гардид, раиси ҷамъияти тиббии Олмон – Ӯзбекистон «Кох-Авитсенна», профессори Донишгоҳи тиббии Берлин ба номи Шарите — Ҳелмут Ҳан дар мусоҳиба бо Оҷонсии иттилоотии «Дунё» андешаҳои худро оид ба ҳолати имрӯза ва ояндаи ҳамкориҳои байни ду давлат дар соҳаи тиббиёт баён намуд:
— Робитаҳои дӯстии халқҳои ӯзбеку олмон таърихи дурудароз дорад. Дар сарзамини шумо солҳои 980–1037 олими барҷаста Абӯалӣ ибни Сино, ки дар рушди тибби ҷаҳон саҳми ногусастанӣ гузоштааст, умр ба сар бурдааст. Ӯ ҳамаи донишҳои давраи қадимаи ба илми тиб бахшидашударо омӯхта, дар «Қонунҳои тиб» ном асараш ҷамъ овардааст. Асари мазкур ба забони қадимаи лотинӣ тарҷума шуда, ҳамчун манбаи асосиву ягонаи илмҳои тиббии Аврупо, дар давоми чандин асрҳо барои толибилмон ҳамчун дастуруламал хидмат кардааст. Инчунин, ба рушди илми тибби Аврупо саҳми беҳамтои худро гузоштааст.
Бояд таъкид намуд, ки Ибни Сино устоди ҳамаи шифокорони ҷаҳон мебошад. Аз ин сабаб, вақте ки таклифи барпо намудани ҷамъияти тиббии «Олмон–Ӯзбекистон»-ро пешниҳод намуданд, ин барои мо баробари шарафи бузург будан, ҳамкорӣ бо ватани «падари тиббиёт» масъулияти бузургро низ ба зиммаи мо гузошт.
Дар муддати кӯтоҳ ҷамъияти Олмон – Ӯзбекистон «Кох-Авитсенна»-ро барпо намуда, ба баргузор намудани форуми 1-уми тиббии Самарқанд муваффақ гардидем. Иштироки 650 нафар ҳамкасбони ӯзбекистонӣ дар форуми мазкур собит намуд, ки таваҷҷуҳи онҳо нисбат ба ҳамкорӣ бо Олмон зиёд аст. Бо ташаббуси мо вазири ҳифзи тандурустӣ ба саммити умумиҷаҳонии тандурустӣ даъват карда шуд ва ӯ дар баромади худ олимон, шифокорон ва намояндагони дигари соҳаи тибро бо раванди ислоҳоти васеъмиқёс, ки дар Ӯзбекистон бобати ҳифзи тандурустӣ мувофиқи талаби замон амалӣ мегарданд, шинос намуд.
Ҳамчун идомаи ҳамкорӣ 18-19-уми апрели соли ҷорӣ дар Берлин мо форуми дуюми чорабиниро ташкил намудем. Фикр мекунам, ки чорабинии имрӯза инчунин як қадами дигар барои ба сатҳи нав баровардани ҳамкорӣ мебошад.
Мо бесабаб форуми Самарқандро «форуми дуюм» наномидем, зеро он маънои пайдарҳамӣ, давомнокиро дорад.
Барои таҳкими ҳамкорӣ пеш аз ҳама бояд заминаи он фароҳам оварда, пас инкишоф дода шавад. Бо баргузор намудани тадбири имрӯза, мо барои ҳамкории минбаъдаи доимӣ замина мегузорем. Оғози ҳама гуна ҳамкорӣ мисли натиҷаи он муҳим аст. Ҳамкории мо дар асоси мубодилаи таҷриба ва омӯзиш бунёд мегардад.
АИ «Дунё»,
БЕРЛИН.