Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Урали Ҷанубӣ, академики Фарҳангистони улуми Русия, шифокори шоистаи Русия, доктори илмҳои тиб, профессор Андрей Важанин ба сарконсулхонаи Ӯзбекистон дар Екатеринбург нома ирсол намудааст, ки дар он таассуроташ аз маросими муаррифии китоби «Фалсафаи боғи Ғалаба» ифода ёфтаанд.
Ӯ менигорад, ки «Аз даъват ба маросими тақдимоти китоби «Фалсафаи боғи Ғалаба», ки ба шарафи маҷмаи ёдгории «Боғи Ғалаба»-и Тошканд навишта шудааст, арзи сипос менамоям. Тақдимоти китоб хеле ҷолиб буд. Баъди муаррифии таълифот филми бадеии «Ту ятим нестӣ», ки филмсозони ӯзбекистонӣ ба навор гирифтаанд, намоиш дода шуд. Тамошои филм эҳтироми маро нисбат ба созмондиҳандагони чорабинӣ ва киносозон афзуд. Халқҳои моро хотираи Ҷанги Бузурги Ватанӣ абадан муттаҳид сохт. Падарону бобоёни мо алайҳи фашистон китф ба китфи якдигар гузошта ҷангидаанд. Кино дар бораи Шоаҳмад Шомаҳмудов ва ҳамсари ӯ Баҳрӣ Акрамова, ки дар солҳои даҳшатангези ҷанг 14 нафар бачаи ятиммондаро аз гӯшаву канори гуногуни мамлакат ба оғӯши меҳр гирифта, ба воя расондаанд, ба дили ҳар як инсон басе наздик аст. Фикр мекунам, филме, ки аз ҳаёти як оила ва падарону модароне, ки дар давраи Ҷанги дуюми ҷаҳон бачаҳои аз марказҳои ҷанг овардашударо чун фарзанди худ қабул кардаанд, ба классикаи кинои ҷаҳон табдил хоҳад ёфт ва дар дили ҳар як инсон ҳисси инсонпарвариро хоҳад ангехт.
Дар рафти тамошои филм итминон ҳосил намудам, ки халқҳои мо минбаъд низ дар роҳи сулҳу салоҳ ва тарақиёт дар якҷоягӣ часпу талош мекунанд. Умед аст, ки мо дар оянда чорабиниҳои зиёдеро доир ба мавзӯъҳои ватанпарварӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ баргузор менамоем».
АИ «Дунё»,
ЕКАТЕРИНБУРГ.