Масъалаҳои таълими забон ва адабиёти тоҷикро аз дидгоҳи нав танҳо алоқаманд бо вазифаҳои умумии мактаб дар кишвар метавон ҳаллу фасл кард.
Барои ин, пеш аз ҳама, дар бораи забон ва адабиёт ҳамчун фанни таълимӣ ва санъати сухан ва нақши онҳо дар ҷараёни умумии таълим бояд тасаввуроти комил дошт. Дар ин замина бояд дар назар дошт, ки ба тоҷикӣ савод баровардан душвор аст. Сабаб ин аст, ки забони тоҷикӣ аз ҷумлаи забонҳои қадимӣ ва куҳнамеъёр аст. Меъёрҳои давраи навини он аз замони Рӯдакиву Фирдавсӣ ташаккул ёфтааст ва беш аз ҳазор сол таърих дорад. Душворӣ дар он аст, ки миёни забони китобиву гуфтугӯйӣ ва меъёрҳои онҳо фарқи зиёд аст. Бинобар ин саводи имрӯзиён оид ба забону адабиёт таҷрибаи гузашта ва имрӯзаро фаро мегирад.
Барои савод баровардан ба ин забон ва дониш андӯхтан аз ин адабиёти ҳазорсола лозим аст, ки доираи биниши мо васеъ бошад ва на танҳо имрӯз, балки гузаштаи забон ва таърихи адабиётро дар бар гирад. Навҷӯйиҳо дар таълими ин ду фан ҳам ба воқеият такя мекунад, ҳам ба таҷрибаи таърихӣ. Бинобар ин ҳам, барои он ки дар ин самт ба муваффақият даст ёбем, ба нуктаҳои зер таваҷҷӯҳ кардан дуруст меояд.
Нахуст ба барномаи таълими забони тоҷикӣ дар мактабҳои тоҷикии кишвар бояд таҷдиди назар намуд. Усули асосии саводомӯзӣ дар таълими забон бар осори суханварони бузург такя кардан бамаврид аст. Аз шарҳу тафсири осори сусти бадеӣ дар дарсҳои забон даст кашидан лозим. Таълими забон бояд дар такя ба андӯхтаҳои волои забон сурат гирад. Дар таълими забон ба маводи содда такя кардан ба пояҳои пасти савод мерасонаду халос. Бинобар ин, дар таълими забон аз намунаҳои асили забонӣ истифода кардан шарти саводнокии хонандагон хоҳад буд. Саводомӯзиро дар дарсҳои забон ба воситаи интихоби матн бо маънавият ҳамбаста кардан аз василаҳои асосии расидан ба ҳадафҳои маънавиву саводнокшавӣ дар дарсҳои забон ва адабиёт аст. Ин амал метавонад ба василаи шарҳу тафсир натиҷаи дилхоҳ диҳад.
Бинобар он ки солҳои таҳсили ибтидоӣ давраи қавӣ сохтани ҳофиза аст, дар китобҳои дарсии забони ин синфҳо ҳар чи бештар ҷой додани пораҳои ҳикматомез, ибратомӯз, донишафзо, зебову хушсадо лозим аст. Дар синфҳои 5-9 омӯзиши забон набояд фақат аз омӯзиши дастур (грамматика) иборат бошад. Талаба қоидаҳои забонро қориёна аз ёд мекунад, вале саводи хуб намебарорад. Дар заминаи матн омӯхтани забон хонандагонро аз дастуромӯзии бефоидаву дилбазан раҳо хоҳад кард.
Усулҳои таълиф ва таълими китоби дарсии адабиётро низ бояд тағйир дод. Китобҳои дарсии адабиёти мо аз китобҳои таърих фарқ надоранд. Дар эҷоди ин гуна китобҳо аз усули тарҷумаиҳолӣ даст кашидан ба манфиати кор аст.
Дар синфҳои 5-7 ба таълим ва хонондану фаҳмондани осори классикӣ таваҷҷӯҳ кардан ба фоидаи кор аст. Вобаста ба мақоми ин ё он адиб соатҳои дарсиро бояд тақсим намуд. Усули таълимро бар пояи маънирасӣ устувор сохтан шарти муваффақият дар таълими адабиёт дар синфҳои 5-7 мебошад. Дар назар доштан лозим аст, ки синфҳои ибтидоӣ давраи саводомӯзӣ, синфҳои 5-7 давраи маънирасии ибтидоӣ ва синфҳои 8-11 давраи маънирасии амиқ мебошанд.
Адабиёт масъалаҳои зиндагиро инъикос мекунад. Вале он бештар бо моҳияти иҷтимоӣ ва ботинии инсон алоқаманд аст. Бинобар ин ҳам, муҳаққиқон адабиётро ҳамчун фанни инсоншиносӣ таъбир кардаанд. Нақш ва ҷойгоҳи адабиётро ҳамчун фанни таълимӣ хусусиятҳои хоси он муайян мекунад. Дар ин равиш адабиёт ҳамчун шакли худшиносии иҷтимоӣ, санъати сухан, низоми назариву амалӣ ва мафҳумҳои адабиётшиносӣ ба назар меояд. Аз ин ҷиҳат бояд таваҷҷуҳ дошт, ки адабиёт, пеш аз ҳама, завқи зебоишиносӣ ва бадеии хонандагонро шакл медиҳад. Имрӯз мо аз ин фан ҳамчун василаи ғанисозии интеллект, шаклгирии ормонҳои ҳаётии хонандагон бояд истифода кунем. Барномаи адабиёт дар заминаи осори адабиёти гузаштаву муосир таҳия шуда, барои дарёфти арзишҳои ҳунарӣ, ҳусну назокати суханварӣ ва ташаккули ҳиссиёти солими зиндагишиносии хонандагон мусоидат ва муҳаббати онҳоро ба табиат, ҷомеа, ватан ва башарият зиёд менамояд. Барномаҳои таълимии адабиёт бояд дар ҳамин равиш таҳия ва корбаст шаванд.
Барномаҳои нави таълими адабиёт мувофиқи талаботи давр бояд дар мактаби миёна ба ду марҳила ҷудо шаванд: марҳилаи аввал дарсҳои хониши адабӣ ва марҳилаи дуввум дарсҳои таърихи адабиёт. Дарсҳои хониши адабӣ синфҳои 5-7 ва таърихи адабиёт синфҳои 8-11-ро дар бар мегиранд. Ин тарзи барномарезӣ бар камолёбии маънавӣ, ҳунарӣ ва завқии хонандагон мусоидат мекунад.
Дарси адабиёт набояд ба нақли мазмун асос ёбад, зеро хонанда моҳияти асарро намефаҳмад. Танҳо таҳлили бадеиву зебоишинохтӣ василаи тарбияи завқи зебоишинохтии хонандагон мебошад. Дар таълими таърихи адабиёт шарҳу тафсири ҳам мазмуни асар ва ҳам ҳунари адиб мақоми аввал дорад. Дар давоми ин гуна дарсҳо хонандагон бо арзишҳои адабиёти инсонии мо – арзишҳои ахлоқӣ, таълимӣ ва зебоишинохтӣ сарфаҳм рафта, қонунҳои назарӣ ва бадеии инкишофи адабиётро дарк менамоянд.
Таълими забону адабиёт ва мундариҷаи он ягонагии омӯзиш ва тарбияро низ фаро мегирад. Дар ин замина такя ба таълими осори бадеии арзандаи классикон ва муосирон ниҳоят муҳим ва арзишманд аст.
Таълими бомуваффақияти забон ва адабиёт дар мактабҳои кишвар ба омили аслии пешрафт – муаллим вобастагии зиёд дошта, дар ин замина ба муваффақият даст ёфтан ҳамоно ба савияи таълим ва тарбияи кадрҳои омӯзгорӣ дар мактабҳои олӣ вобастагӣ дорад.
Шароити нави таърихӣ дар назди кормандони соҳа талаботи нав гузошта, ба ин васила масьулиятро дар назди касбу вазифа зиёд мекунад. Танҳо эҳсоси масъулият ва талошҳои доимӣ омили пешрафт ва комёбӣ дар ин самт шуда метавонад.
Ҷумъақул ҲАМРОЕВ,
доктори илмҳои филология,
профессори Донишгоҳи давлатии Самарқанд.