МУНОСИБАТҲО БА МОДАР-ЗАМИН

Бузургон заминро аз муқаддасот ҳисобида ва беҳуда онро ба модар монанд намекунанд.

Яке аз шеърҳои ба модар бахшидаи шоире ин тавр сар мешавад: “Ту монанди замин яктоӣ, модар...”
Замин – неъмати Парвардигор. Одамон муваққатан дар рӯи он зиндагӣ мекунанд. Ҳаёт мегузарад, замин дар ҷои худ бозмемонад. Вале мешавад инсон порчаи заминеро, ки гӯё “қонунӣ” соҳиби он аст, ба каси дигар фурӯшад. Аммо хариду фурӯши заминро аз қадим ниёгони мо чизи хуб намеҳисобиданд. Мегуфтанд заминфурӯшӣ хосият надорад. Айни замон панд медоданд хор кардани китоби муқаддас, хор кардани зан, хор кардани замин аз гуноҳҳои азим аст. Яъне бояд китобро мутолиа кард, аз зан меҳрро дареғ надошт, ташнаи ғамхорӣ ва навозиш будани заминро фаромӯш накард.
Дар ҷумҳурии мо Кодекси замин амал менамояд. Он маҷмуи қоидаҳост дар бораи замин ва истифодаи он. Порчаҳои замин ба оилаҳо ё шахсони ҷудоногонае, ки ба он воқеан ниёз доранд, дар асоси қоидаҳои амалкунанда дода мешаванд. Хариду фурӯшҳои замин низ таҳти назорати идораҳои масъул, дар вазъи риоя ба талаботи қонунгузорӣ амалӣ мегардад.
Айни замон асосҳои хусусигардонии қитъаҳои замин дар фармоне, ки роҳбари давлат дар ин самт имзо гузоштааст, ба амал бароварда мешавад.
Вале афсус, қонуншиканиҳо вобаста ба хариду фурӯши замин имрӯзҳо зиёд ба назар мерасанд. Ҷинояткорон ба даст афтода ва мувофиқи кирдор ба ҷазо кашида шаванд ҳам зумраи аз ин хулосаи дуруст набароварда ва амали носавоб дар хариду фурӯши заминро ҳамон идома медиҳанд. Гӯё онҳо мувофиқи қонун мекунанд ин корро ва таври худ ҳуҷҷатҳоро расмӣ мекунонанд. Аммо шартномаи хариду фурӯш, ки дар даст доранд, магар ба талаботи қонунгузории мо мувофиқ?
Як-ду сухан дар бораи шартномаи хариду фурӯш. Шартномаи хариду фурӯш яке аз институтҳои асосии ҳуқуқи шаҳрвандист. Дар шароити ҳозираи иқтисодиёти бозаргонӣ донистани моҳияти ин ҳуҷҷат барои ҳар як шаҳрванд ҳатмист. Бояд ҳар яки мо хусусиятҳои ин ҳуҷҷатро омӯзем. Дар ин бора дониш ва таҷрибаи ҳуқуқӣ дошта бошем. Вале афсӯс, ҳатто баъзе ходимони идораҳои ҳифзи ҳуқуқ, адвокатҳо, шахсони мутасаддие, ки ба расмисозии шартномаи хариду фурӯш машғуланд, дар ин самт ё ба бесаводӣ роҳ мегузоранд ё аз қоидаҳо (хусусан нуктаҳои фармони Президент аз соли 2021) огоҳ бошанд ҳам ба қонуншиканиҳо роҳ медиҳанд.
Моддаи 386-уми Кодекси шаҳрвандӣ айнан аз ҳамин хусус. Ду тараф (фурӯшгор ва харидор) ба он имзо мегузорад. Баъди пардохти маблағе, ки дар шартнома муайян карда шудааст, харидор соҳиби мулк хоҳад гашт.
Замин низ мулк, вале хариду фурӯши он қоидаҳои ба худ хос дорад. Замин бойигарии умумимиллии мост. Он бояд дар ҳолате ки зарур аст, танҳо дар асоси савдои музояда (ауксион), ки пештар эълон карда шудааст, хариду фурӯш карда шавад. Оиди оқилона истифода кардан аз замин ва қитъаҳои ҷудогонаи он, ҳифз, эҳтиром, зарурияти дар асоси талаботи қонунгузорӣ муносибат кардан ба захираҳои замин дар ҳуҷҷатҳо ишорот мавҷуд. Бо вуҷуди ҳамин, тавре дар боло гуфта гузаштем, аз хариду фурӯши ғайриқонунии замин дар маҳалҳо кас ҳайрон мемонад. Ба худ савол медиҳед – наход “вой” будани оқибати ин корро “заминҷаллобҳо” нафаҳманд...
Чанде пеш шуъбаи дар ноҳияи Зангиотабудаи Департаменти мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратура бо мақсади ҳифзи шаҳрвандон дар санҷишҳои то ҷараёни суд дарак ёфт, ки  шаҳрвандон Р.Қ. ва Б.Р. аз зудбоварии шаҳрванд И. истифода карда, ваъда додаанд бо бакорандозии шиносҳои ваколатноки худ дар ҳокимияти ноҳияи Қибрай баҳри хариди 7 гектар майдон дар асоси тендер кӯмак мекунанд ва ба ивази “хидмат” 23 ҳазору 500 доллари амрикоӣ талаб намудаанд. Тири фиребгарҳо хок хӯрд.
Дар натиҷаи рейдҳои таъҷилии шуъбаҳои дар ноҳияи Ангорбудаи Хидмати амнияти давлатӣ ва департаменте, ки дар боло зикр гашт, аниқ шуд. Хариду фурӯши ғайриқонунӣ дар вилояти Сурхондарё низ ба назар мерасад. Роҳбари хоҷагии фермерии “П” Ҳ.Ҳ. ба чашми шаҳрванд А. “хок пошид” ва ҳар ду оиди хариду фурӯши 2 гектар замине, ки дар захираи ноҳияи Бандихон мебошад, гуфтушунид карданд. Асное фиребгар аз содалавҳ 100 миллион сӯми ваъдагиро қабул менамуд, кор якбора сурати дигар гирифт...
Ҷиноятҳо марбут ба савдои ғайриқонунии фурӯши замин дар вилоятҳои Сирдарё, Фарғона ва Хоразм, айни замон, фош шуданд. Шаҳрванд В.Х. 20, 5 гектар заминеро, ки ба хоҷагии фермерии “В.О.”-и ноҳияи Бешариқ мутааллиқ мебошад, хост ба Н. ном сокини ҳамин ноҳия фурӯшад. Қаллобон асное мехостанд ба ивази 18 ҳазор доллари ИМА  ҳуҷҷатҳоро “расмӣ” гардонанд, шуъбаи дар шаҳри Қӯқанд будаи ХАД ва департамент ҳозир шуданд ва онҳоро болои ҷиноят дастгир карданд.
Таҳти рейди муштараки шуъбаҳои дар Урганҷ будаи ВХХ ва департамент кирдукори шаҳрванд Р.К., ки мехост 2,1 сотих заминро ба шаҳрванд М. ба ивази 6 ҳазор доллар бифурӯшад, фош гардид. Фиребгар аснои гирифтани 3 ҳазор доллари пешакӣ ба даст афтод.
Ин ҳама ҳодисаҳои номатлуби чанде пеш рӯйдода. Қонуншиканҳо ҷазои муносиб гирифтанд. Мутаассифона, дар рӯзҳои мо низ вобаста ба савдои ғайриқонунии замин ҷинояткориҳо идома меёбанд. Яке аз шахсони масъули ҳокимияти ноҳияи Давлатободи вилояти Намангон ба ивази расмӣ гардонидани 2 гектар замин барои барпои хонаву ҷой ва объекти истеҳсолӣ аз соҳибкор 200 ҳазор доллар талаб намуд. Аснои қабул кардани пора якбора хок хӯрдани тири худро фаҳмид ва ҳушёр гашт. Аммо дер шуда буд.
Узви ширкати боғдорию ангурпарварӣ аз ноҳияи Бектемири шаҳри Тошканд 4 сотих майдони ҳудуди ширкатро хост ба нафаре бо ивази 17 ҳазору 600 доллар обулой намояд. Ба нияти нопок нарасид. Ба ҳамин монанд воқеа дар ноҳияи Оққӯрғони вилояти Тошканд рӯй дод. Роҳбари хоҷагии фермерӣ 40 сотих майдони обёришавандаро бо кӯмаки шиносҳояш аз идораи кадастр ба ивази 30 ҳазор доллар ба номи шахсе расмӣ кунондан мехост, вале вақте 10 ҳазор доллари пешакӣ ваъдашударо мегирифт, кормандони мақомоти ҳуқуқ, масъулони Департаменти мубориза алайҳи ҷиноятҳои иқтисодии назди Сарпрокуратура “халал расонданд”.
Аз рӯи ҳолатҳое, ки вақтҳои охир ба вуқӯъ пайвастанд, бо моддаи 168-ум (фиребгарӣ) ва 28-ум, 211-уми Кодекси ҷиноӣ (пора додан) парвандаҳои ҷиноӣ кушода шуда, тафтишот оғоз ёфт.
Як чиз моро ба андеша водор менамояд. Наход иштирокдорони рӯйдодҳои номатлуб, ки қайд карда гузаштем, мувофиқи қонунгузорие, ки дар Кодекси замини Ӯзбекистон қайд ёфтааст, дарак надошта бошанд, ки хариду фурӯши бевоситаи замин манъ карда шудааст? Барои хариду фурӯши замин дар асоси савдои музояда бошад, имкониятҳои зарурӣ фароҳаманд.
Бармеояд қисме аз заминҳое, ки дар ихтиёри хоҷагиҳои фермерист, аниқ чен ва ҳисобу китоб карда нашудааст. Замини зиёдатӣ, ки доранд, зумрае ба ин гуна амали паст даст мезананд. Иштирокдорони воқеаҳо, айни замон, ниҳоят содалавҳ низ ба назар метобанд. Наход фикр накунанд, ки замини ба ихтиёри каси дигар гузаштаро “аз куҷо пайдо шуд?” гуфта касе напурсад? Охир он аз осмон намеафтад...
Фикр мекунем, дараҷаи дониши ҳуқуқии қисме аз шаҳрвандонамон хеле паст. Ё молу дунёпарастии аз меъёр зиёд ақлашонро кам, чашмашонро кӯр кардааст. Мехостем баробари ба аҳолӣ фаҳмонидани қоидаву қонунҳо оиди хариду фурӯши амвол дар масъалаи заминфурӯшии ғайриқонунӣ, порагириву порадиҳӣ ва навъҳои ҷудогонаи коррупсия чораҳо боз ҳам қатъитар гарданд.

М. ШОДИЕВ, 
мухбири “Овози тоҷик”.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: