МУНОСИБАТҲО БЕҲТАР МЕШАВАНД

Баъд аз кушода шудани сарҳади байни мамлакатҳои ҳамсояи ба ҳам дӯсту бародар, хусусан Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон бо Ӯзбекистон муносибатҳои фарҳангии миёни ин давлатҳо барқарор гардид.

Баробари соҳаҳои дигар дар самтҳои илму фан низ муносибатҳо хуб шуда, бо донишкадаву донишгоҳҳои ин давлатҳо шартномаҳои тарафайн ба имзо расиданд. Аз ҷумла, баҳри ҳамкориҳои илмию маданӣ дар байни Донишгоҳи давлатии Тирмиз ва Донишгоҳи давлатии Русияву  Тоҷикистон (Славянӣ) шартномаи дуҷониба имзо шуд. Аз ҷумла устодони Донишгоҳи давлатии Русияву Тоҷикистон  номзадҳои улуми филологӣ Х.Табаров ва Р.Салимов моҳи феврали соли 2019  ба факултаи филологии Донишгоҳи давлатии Тирмиз омада, ба донишҷӯён оид ба масъалаҳои муҳими забоншиносӣ ва адабиётшиносӣ бо инноватсия ва технологияи нави замонавӣ дарсҳои маҳорат гузаштанд. 
Баъдан бо мақсади мубодилаи таҷрибаҳои илмӣ ва шинос шудан бо муҳити адабӣ ва илмии донишгоҳи зикршуда моҳи марти соли ҷорӣ номзадҳои илми филологӣ,  дотсентон Н.Панҷиев ва камина  ба он ҷо рафта, бо як ҷаҳон таассуроти аҷиб баргаштем. Ин муносибатҳо барои рушду равнақи илм ва фарҳанги ҳар ду давлат саҳм мегузоранд.
Бар иловаи ин гуфтаҳо мутобиқи қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 25 феврали соли 2019 ва тибқи нақшаи конфронсҳои илмию техникӣ ва байналмилалии кишвар дирӯз дар Донишгоҳи давлатии Тирмиз таҳти унвони «Робитаҳои адабӣ ва муколамаи фарҳангҳо» конфронси байналмилалӣ баргузор гардид.
Мақсади конфронс зиёд кардани эътибор ба таълими забонҳои миллӣ ва муносибатҳои мутақобилан судманди байни миллатҳо мебошад.
Мақолаҳои анҷуман бояд фарогири мавзӯъ ва масоили мубрами илмӣ бошанд, дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаву ғояҳои амиқи муаллифон, бо назардошти таклифу дархостҳо пешниҳод шаванд. Конфронс бо шаш забон: ӯзбекӣ, англисӣ, русӣ, тоҷикӣ-форсӣ-дарӣ гузаронида мешавад.

Р. АБДУЛЛОЕВ, 
дотсенти ДДТ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: