МУНОСИБАТҲОИ ДӮСТОНА ТАҲКИМ МЕЁБАНД

Дар Вазорати хоҷагии оби ҷумҳурӣ бо ташаббуси Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» бо аъзо ва фаъолони ҷамъияти мазкур вохӯрӣ сурат гирифт.

Вазири хоҷагии об, раиси Ҷамъияти дӯстии «Ӯзбекистон – Тоҷикистон» Шавкат Ҳамроев бо суханони муқаддимавӣ маҷлисро ифтитоҳ бахшида, оиди корҳое, ки барои тарғибу ташвиқи дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек мусоидат мекунанд, ибрози назар намуд. 
Собиқадори хоҷагии оби ҷумҳурӣ Исмоил Ҷӯрабеков таъкид намуд, ки дар бисёр оилаҳо ӯзбекону тоҷикон зану шавҳар зиндагӣ мекунанд ва онҳо зиндагии пурсаодат низ доранд. 
Дар чорабинӣ Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мамлакати мо Содиқ Имомӣ, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон Ғайрат Маҷид ва дигарон оиди дӯстиву рафоқати ду миллати ҳамҷавор ибрози ақида намуданд ва намояндаи Иттифоқи нависандагони Ӯзбекистон гулчини аз ҷониби тарҷумонҳои забардаст тарҷумашудаи ашъори Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ – «Махзани муҳаббат»-ро ҳамроҳ бо чанд китоби дигар ба Ҷамъияти дӯстӣ тақдим кард.
Таъкид гардид, барои пешрафти корҳо оиди минбаъд таҳким бахшидани алоқаҳои дӯстӣ мусоидат мекунанд. Зеро то ба сари қудрат омадани Президент Ш. Мирзиёев рафтуомад миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ниҳоят сангин буд ва ҳатто хешу табори қариб ҳам аз дидорбинии наздикони худ маҳрум мемонданд. 
Интизор меравад, ки муносибатҳои дӯстона дар соли 2020 боз ҳам қавитар мегарданд ва дӯстие, ки аз ҷониби Абдураҳмони Ҷомиву Алишер Навоӣ поягузорӣ карда шудааст, чун мероси бузургони ду миллат самимона идома дода хоҳад шуд. 
Ҳамчунин зикр шуд, ки тарҷумаи осори эҷодкорони тоҷик ба ӯзбекӣ ва осори нависандагони ӯзбек ба тоҷикӣ боиси пешрафти адабиётҳо мегардад. Ходимони «Овози тоҷик» дар пешрафти муносибатҳои дӯстона омодаанд, ки аз наздик ба Ҷамъияти дӯстӣ ёрӣ расонанд ва маводҳои ҷолиби диққатро ба нашр расонда, дӯстии халқҳоямонро байни омма ташвиқ намоянд. 
Дар охир ба фаъолони ҷамъият ба муносибати фарорасии Соли нав ҳадяҳои хотирмон супурда шуд.

Х. ҲАМИДОВ,
хабарнигори 
«Овози тоҷик». 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: