МУНОСИБАТҲОИ ШАРИКИИ БАЙНИ БУХОРО ВА НАФПЛИОН

Сафири Ӯзбекистон дар Юнон Отабек Акбаров бо роҳбари маъмурияти шаҳри Нафплиони Юнон Димитриос Костуриос мулоқот кард.

Дипломат ҷониби Юнонро бо рушди муосири шаҳру ноҳияҳои мамлакати мо, инчунин фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ, бо таваҷҷуҳ ба барқарор намудани робитаҳои мустақим бо минтақаҳои кишварҳои хориҷӣ шинос намуд.
Шаҳрдори Нафплион омодагии худро барои роҳандозии ҳамкорӣ бо Ӯзбекистон изҳор дошт. Вай ҳамчунин гуфт, чорабиние, ки дар майдони марказии шаҳр бахшида ба фарҳанги миллии Ӯзбекистон баргузор шуд, дар байни мардуми маҳаллӣ таваҷҷуҳ ва таассуроти зиёд ба бор овард.
Димитриос Костуриос омодагии худро барои имзои созишномаи дахлдор дар бораи барқарор кардани муносибатҳои шарикӣ ва бародарона бо шаҳри Бухоро изҳор намуд. Вай таъкид кард, ки чунин санад барои рушди ҳамкориҳои дуҷониба заминаи мустаҳкам фароҳам меорад. Роҳбари маъмурияти Нафплион аҳамияти на танҳо бо Бухоро барқарор намудани муносибатҳои бародарона, балки дар соҳаҳои гуногун ба роҳ мондани ҳамкории мунтазамро кайд намуд.
Ба ин муносибат шаҳрдор омодагии худро барои рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба миёни вилояти Пилопоннес, ки аз 7 минтақа иборат аст ва вилояти Бухоро, на танҳо бо Нафплион эълом кард. Аз ҷумла, зикр гардид, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, энергетикаи муқобил, саноати сабук (кулолгарӣ, қолинбофӣ) имкониятҳои васеъ мавҷуданд.
Дар баробари ин, зимни гуфтушунид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва махсус таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Зимнан зикр гардид, ки дар шаҳри Нафплион ду донишгоҳ мавҷуд аст ва пешниҳод шудааст, ки дар самти тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи театр, меъморӣ, санъати рақамӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шавад.

АИ «Дунё»,
шаҳри АФИНА

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: