Муносибатҳои стратегии ҳамкории бародаронаи байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз санҷиши замон гузаштаанд, беш аз пеш ривоҷ меёбанд.
Дар ин бобат иродаи қатъии сиёсии Президентҳои ду мамлакат ва муносибатҳои дӯстонаву ба эътимоди тарафайн асосёфта пойдевори муҳим мегарданд.
Ин ҷиҳати ҳамкориҳо дар вохӯрии байни Раиси Сенати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ва Раиси Жокорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Нурланбек Шакиев эътироф гардид. Дар давоми ташрифи кории Раиси Сенат ба шаҳри Бишкек масъалаҳои беш аз пеш инкишоф додани ҳамкориҳои байни парлумонҳо муҳокима шуданд.
Аз ҷумла, ҳамкории байни Олий Маҷлис ва Жокорку Кенеш бобати фаъолтар сохтани кори комиссияи байнипарлумонӣ, кӯмакрасонӣ барои таъмин сохтани иҷрои мулоқоти дараҷаи олӣ бо дарназардошти идораи назорати парлумонӣ табодули афкор ба амал омад.
Ҳамчунин бинобар таъмин сохтани иштироки фаъоли депутатҳои маҳаллӣ дар чорабиниҳои Шӯрои роҳбарони вилоятҳои наздисарҳадии ду давлат, беҳтару бештар намудани самаранокии ҳамкориҳо таклифҳо пеш гузошта шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои боз ҳам вусъат додани робитаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи сохторҳои байналхалқии байнипарлумонӣ ба мувофиқа расиданд.
Норгул АБДУРАИМОВА,
хабарнигори ӮзА.