Пас аз ҷамъбасти музокироти раҳбарони Ӯзбекистону Тоҷикистон барои намояндагони расонаҳои дохиливу хориҷӣ брифинг баргузор шуд.
Президент Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои ҳайати Тоҷикистонро дар сарзамини меҳмоннавози Ӯзбекистон самимона истиқбол намуда, Президент Шавкат Мирзиёев қайд кард, ки Тоҷикистон ҳамсояи наздик, дӯсти ҳақиқӣ ва шарики боэътимоди стратегӣ мебошад, ки дар тӯли асрҳо озмуда шудааст.
— Дар Ӯзбекистон муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии некро бо халқи бародари тоҷик, ки ба таърихи муштарак, мероси маънавию фарҳангӣ ва анъанаҳои неки ниёгон асос ёфтааст, самимона қадр мекунанд. Мо ҳамеша паҳлӯ ба паҳлӯ истодем, ҳам дар рӯзҳои равшан ва чи дар замони озмоишҳо якдигарро пуштибонӣ мекардем, — гуфт роҳбари Ӯзбекистон.
Вай алоҳида таъкид кард, ки ба туфайли ҷидду ҷаҳди якҷоя дар муносибатҳои дуҷониба мо тавонистем ба натиҷаҳои воқеан пешрафт ноил гардем ва онҳоро ба сатҳи олӣ бардорем.
— Ба шарофати ҳамин имрӯз қарори ҳақиқатан тақдирсоз қабул карда шуд. Мо Эъломияи таърихиро дар бораи таҳкими дӯстии абадӣ ва иттифоқӣ ба имзо расонидем, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
— Дар Тоҷикистон ба саҳми шахсии Президенти Ӯзбекистон дар рушди муносибатҳои неки ҳамсоягии Тоҷикистону Ӯзбекистон баҳои баланд медиҳанд. Моҳи октябри соли ҷорӣ Тоҷикистону Ӯзбекистон 30-умин солгарди истиқрори равобити дипломатиро ҷашн мегиранд. Муҳим аст, ки мо дар соли бароямон ҷашнӣ қарори дорои аҳамияти таърихӣ — дар бораи ба сатҳи иттифоқӣ боло бурдани муносибатҳоямонро қабул кардем, — гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки тайи солҳои охир ҳаҷми муомилоти моли дуҷониба қариб 40 баробар ва аз аввали соли ҷорӣ 35 фоиз афзоиш ёфтааст.
Дар остонаи сафар дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматӣ ва дар Тошканд форуми соҳибкорон баргузор гардид, ки дар натиҷаи он бастаи устувори ҳуҷҷатҳо ва қарордодҳо ба маблағи беш аз 1 миллиард доллар ба имзо расида, “харитаи роҳ”-и кооператсияи саноатӣ тасдиқ гардид.
Аз 20 июни соли равон қатораи мусофирбар дар масири Тошканд – Душанбе ба кор шурӯъ мекунад.
Ҷонибҳо дар бораи ташаккули долонҳои нави транзитӣ ва фароҳам овардани инфрасохтори замонавии логистика, афзоиши ҳамлу нақли ҳавоӣ, роҳи оҳан ва автобусҳо, ташкили кластерҳои кишоварзӣ ва корхонаҳои замонавии истеҳсолӣ, роҳандозии коркарди меваю сабзавот ва якҷоя ворид шудан ба бозорҳои кишварҳои сеюм ба мувофиқа расиданд.
Таъкид гардид, ки барои ҳамкории судманд дар соҳаи энергетика ва истифодаи оқилонаи об имкониятҳои беназир вуҷуд доранд. Ба ин муносибат, аз ташаббуси Президенти Тоҷикистон дар бораи таъсиси Сандуқи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ҷонибдорӣ карда шуд.
Зимни суҳбат ба густариши минбаъдаи муколамаи байнипарлумонӣ ва дипломатияи мардумӣ, рушди робитаҳои байниминтақавӣ, таҳкими ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
— Омили пайванди ҷамъиятҳои сершумори миллии мост, ки онҳо ба ғанӣ гардондани якдигар ва ба ҳам наздик шудани халқҳои бародар, инчунин ба рушди ҳар ду мамлакат ҳиссаи сазовор мегузоранд. Мо бори дигар омода ҳастем, ки барои фаъолияти бомуваффақияти марказҳои фарҳангии миллӣ тамоми шароити заруриро фароҳам орем, — таъкид намуд Президенти Ӯзбекистон.
Илова бар ин, ҷониби Ӯзбакистон ният дорад, шумораи грантҳои таҳсилоти ҳамасола барои шаҳрвандони Тоҷикистонро афзоиш диҳад.
Гузаронидани мунтазами тарафайни Рӯзҳои кино, фарҳанг ва ҷашнвораҳои гуногун давом дода мешавад.
Тавре маълум аст, имсол наворгирии филми муштарак дар бораи дӯстии бузурги ду шоир ва мутафаккири бузург – Алишери Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ шурӯъ мешавад.
— Ба фикрам, намоиши он дар доираи таҷлили густурдаи 30-солагии муносибатҳои дипломатии байни давлатҳоямон як рӯйдоди деринтизор хоҳад буд, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Зимни музокирот раҳбарони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ҳамчунин доир ба масъалаҳои амният ва суботи минтақавӣ табодули афкор намуда, аҳамияти алоҳидаи Мулоқотҳои машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро баён намуда, зарурати идомаи муколамаи созанда ва дастгирии мутақобиларо дар доираи чаҳорчӯби созмонҳо ва сохторҳои байналмилалӣ қайд намуданд.
Дар хотима Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори итминони қатъӣ намуд, ки «натиҷаҳои сафари таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бешубҳа ба таҳкими минбаъдаи риштаҳои чандинасраи дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва неки ҳамсоягии халқҳои мо хизмат хоҳад кард».