МУНОСИБИ НОМАМ МЕШАВАМ!

Дар деҳаи Эҷ дида ба дунё кушодаам.

Дар деҳаи Эҷ дида ба дунё кушодаам. Кӯҳу дашти сабзу хуррам, чашмаҳои софу зулол ва сою ҷӯйборҳои пуроби деҳаамро дида фахр мекунам, ки чунин деҳаи зебоманзар зодгоҳи ман аст.
Номи зебою пурмаъноро пайвандонам ба хотири модаркалонам ба ман гузоштаанд. Модаркалонам дар аввали фасли баҳор, дар арафаи Наврӯз ба дунё омадаанд. Аз ин рӯ, наздиконашон ба умеди он ки сол бахосият ояд, сериву фаровонӣ шавад, ба он кас Хосият ном гузоштаанд. Мегӯянд, ки момои Хосият зани ҳалиму меҳрубон, ҳунарманду донишманд будаанд. Гилему сӯзаниҳои дӯхтаи модаркалонам ҳоло ҳам гӯшаи хонаамонро зеб медиҳад. Бахусус, дар навохтани доира ҳамто надоштаанд. Бо садои доира ва сурудаҳои мардумӣ тӯю ҷашнҳои деҳаро дилкаштару ҷаззобтар мегардондаанд. Аз меҳмоннавозӣ, инсондӯстӣ, тарбияи фарзанд, покизакорӣ ва оиладории модаркалонам падари омӯзгорам бофахр ҳикоя мекунанд. Модаркалонам китобдӯст будаанд, ривояту афсонаҳои халқиро ба фарзандону набераҳояшон нақл мекардаанд.
Мегӯянд, ки модаре, ки се нафар духтарро ба воя расондааст, ҷаннатӣ мегардад. Момои ман ҳашт нафар духтарро тарбия намудаанд.
Дар назди ман вазифаи пурмасъул меистад. Бояд одоби хуб, илму дониши чуқурро дошта бошам. Соҳиби касбу ҳунари зебо гардам. Ба номи мубораки момоям муносиб бошам. Ба Ватани озоду ободам, ки ба ман ва ба ҳамаи ҳамсолонам чунин шароити мукаммали зиндагиро додааст, хидмат намоям.

Хосият РӮЗИЕВА,
хонандаи мактаби миёнаи рақами 43-юми ноҳияи Нуратои
вилояти Навоӣ.   

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: