МУОЛИҶАИ КАФОЛАТНОК ВА САТҲИ ДОНИШИ КАСБӢ

Инсон ба тиббу табобат ва табибони ҳозиқ дар ҳамаи асру замонҳо ниёз дошту дорад.

Инсон ба тиббу табобат ва табибони ҳозиқ дар ҳамаи асру замонҳо ниёз дошту дорад. Зеро дар тӯли умр ороми ҳамаро дарде халалдор месозад. Бо такя ба натиҷагириҳои мантиқӣ ва таълифоти муаррихон метавон гуфт, ки дар боробари дигар касбу ҳунарҳо, пешаи табибӣ низ дар ҷамъияти инсонӣ дертар арзи ҳастӣ кардааст. Дар ибтидо табиби ҳар одам худи ӯ буд. Аз он ки инсон дар оғоз алафхор буд, таъсири гиёҳҳоро дар тану ҷонаш ҳис мекард. Бо назардошти ин таъсир, вақте ҳарорати баданаш баланд мешуд, ё сараш ба дард медаромад... даст ба гиёҳи ошно мебурд. Дертар, онҳое, ки дар интихоби гиёҳҳои давоибахш таҷриба андӯхтанд ва бино ба салоҳдиду тавсияҳои онҳо бештари беморон шифо ёфтанд, номи табибро гирифтанд.
Дар Осиёи Марказӣ, фикр мекунам, бо гиёҳдармонӣ бештар эронитаборон, аз ҷумла тоҷикон, машғул будаанд. Гиёҳдармонӣ дар байни ин мардум хеле ривоҷ ёфтааст. То ба наздикиҳо як гӯшаи сандуқи модару момо ва момокалонҳои мо аз гиёҳҳои давоӣ пур буд. 
Ёд дорам, дар деҳаамон мӯйсафеде бемор шуд. Меъдааш хӯрокро ба осонӣ ҳазм намекард. Кулчадору ва сӯзанзаниҳо натиҷаи матлуб намедоданд. Рӯзе дар хонааш чорабиние баргузор шуду меҳмонони зиёдеро даъват карданд. Пиразане (сокини деҳаи кӯҳии Синтаби ноҳияи Нурато) чун аз ҳоли хешаш воқиф гашт, гиёҳеро, ки ихроҷ ном доштааст, аз гӯшаи қарсаш берун оварду маслиҳат дод, ки ба бемор хӯронанд. Худи ҳамон рӯз вазъи бемор беҳ шуд, ба иштиҳо даромад... Ихроҷ вожаи арабӣ буда, дар фарҳангҳо ба маънии «хориҷ кардан», «берун баровардан» омадааст. Яъне, он рӯз мӯйсафед ҳар чӣ дар меъдаву рӯда дошт, ихроҷ карда буд.
Дар гузаштаҳои дур як шохаи кору фаъолияти олимону шоирони бузурги тоҷик Абуалӣ ибни Сино, Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусрав ва дигарон гиёҳдармонӣ будааст. Байни инҳо дар таърихи тибби ҷаҳон Абуалӣ ибни Сино ҷойгоҳи хосса дорад. Гиёҳдоруҳои тавсиякардаи ӯ то имрӯз аҳамияти худро гум накардаанд. Дар минтақаҳои кӯҳии Осиёи Марказӣ, ки асосан тоҷикон умр ба сар мебаранд, ба мушоҳида мерасад, ки имрӯз низ мардум бо ҷамъоварии гиёҳҳои гуногун ва омода кардани дору аз онҳо машғуланд.
Тӯли се-чор соли охир роҳбари давлати мо доир ба рушди соҳаи тибби мамлакат фармону қарорҳои созанда ба тасвиб расонд. Ба тибби хусусӣ ва гиёҳдармонӣ рӯйи эътибор гардонда шуд. Имрӯз табобатгоҳҳои нави замонавӣ қомат рост мекунанд. Клиника ва поликлиникаҳои мамлакат бо дастгоҳу таҷҳизоти ташхисгузорию муолиҷавии навтарини тиббӣ муҷаҳҳазанд, кормандони тиб маоши хуб мегиранд. Яъне дар соҳа, ба хотири тандурустии мардум, ислоҳоти назаррас по ба марзи амал мениҳанд... 
Вале имрӯз сатҳи дониши касбии табибон дар кадом поя аст? Оё донишу малакаи онҳо имкон медиҳад, ки ба беморон ташхиси дуруст гузошта шавад. Таассуф, ки ба ин суолҳо наметавон ҷавоби қаноатбахш гирифт. Бешубҳа, дар ҳама соҳаҳои тибби кишвар табибони ҳозиқ дастовардҳое доранд, муолиҷа бино ба ташхиси дуруст сурат мегирад. Вале фикр мекунам, табобати кафолатнок дар кишвари мо тақрибан 25-30 фоизро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки бояд 70-75 фоизро ташкил медод...  
Дар замони мо тиҷорат рӯ ба инкишоф ниҳодааст. Ин аст, ки эҳтиёҷи мардум ба манбаи даромад табдил меёбад. Дар ҳамаи кишварҳо инсонҳо мехоҳанд тандурусту солим ба сар баранд, умри дароз бинанд. Ин эҳтиёҷ аст. Бо назардошти ин эҳтиёҷ имрӯз, ба қавле, дар ҳар қадам як дорухона. Дар аҳди шӯравӣ воситаҳои давоӣ ва муолиҷа ройгон буданд. Дар ин ё он ноҳия як дорухона эҳтиёҷи мардумро қонеъ мегардонд...
Зиёд будани дорухонаҳо дарди бахайр. Вале дар онҳо ё доруҳои баландсифат тухми анқост, ё баъзе табибон, хоссатан табибони узвҳои дарунӣ, ба беморон ташхиси дуруст гузошта наметавонанд. Бемор, бино ба тавсияи ин ё он табиб аз таҳлили лабораторӣ мегузарад. Ба ҷуз ин, бино ба тавсияи табибон, ҳолати узвҳои даруниашро чанд дастгоҳи замонавии тиббӣ мавриди таҳлил қарор медиҳад. Сипас табиб, бино ба ин ҳама ташхис мегузорад. Вале, бо вуҷуди он ки чанд рӯз муолиҷа мегирад, вазъи саломатиаш беҳ намешавад. Ин ҳолат аз он далолат медиҳад, ки ё донишу малакаи онҳое, ки бо дастгоҳҳои замонавии тиббии ташхисгузорӣ сарукор доранд, кофӣ нест, ё донишу малакаи табибон. Бемори сиҳатнаёфта такрор ба назди духтур шикоят мебарад. Табиб, мисле ки ҷисми беморро ба майдони таҷриба табдил дода бошад, ба ҷойи доруҳои пештара, доруҳои навро тавсия медиҳад. Бад-ин тариқ, дар тоқчаи хонаи бемор ғарами доруҳои даркору нодаркор пайдо мешаванд. Бадиаш дар он аст, ки тибқи қонуни дарамалбуда доруҳои нодаркори  дар хонаи бемор «захира»-шударо ягон дорухона гардонда намегирад.
Вақте бо мардум, хоссатан беморон, суҳбат мекунед, маълум мешавад, ки аз табибон ташхисгузории дақиқ ва муолиҷаи кафолатнокро чашмдоранд. Аммо... Байни маргу зиндагӣ фосила басе кӯтоҳ аст. Ба қавли Умари Хайём маълум нест, ки: «Ин дам, ки фурӯ барӣ, барорӣ ё не». Ҳарчанд Абуалӣ Сино фармудааст:
Аз қаъри гили сияҳ то 
авҷи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти 
гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи банди 
ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд 
магар банди аҷал.
Мо бар онем, ки барои муолиҷаи кафолатнок бояд дар тибби ҷаҳон ковишҳои зиёде анҷом дода шавад...        
Барои фаҳмидани фикри дигарон перомуни ин мушкил чанд нафарро ба суҳбат кашидем.
— Фикр мекунам, ҳама мехоҳанд, ки муолиҷа кафолатнок бошад. Шояд дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон низ табибон дар муолиҷаи бемориҳои зиёде оҷизӣ мекашанд. Вақте мебинед, баъзан бемор ба беморхона бо пойи худ мераваду ӯро ба хонааш ба занбар  меоранд, натиҷа мегиред, ки то муолиҷаи кафолатнок хеле вақт ҳаст, — мегӯяд сокини маҳаллаи Ширинободи ноҳияи Яшнободи пойтахт Алиҷон Зуҳуров. — Ин мушкил ба дониши касбии мутахассисони соҳа иртиботи ногусастанӣ дорад. Тавре бояд кард, ки ба муассисаҳои таълими олии тиббӣ ҷавонони донишманду болаёқат дохил шаванд. Ин таҷриба чанд соли охир рӯйи кор омадааст. Шояд солҳои наздик самараи худро диҳад.
— Дар кишвари мо, тавре ки дар дигар кишварҳо ба назар мерасад, бахшҳои ҷарроҳӣ, травматология хеле рушд кардаанд, — изҳори ақида кард номзади илмҳои тиб, табиби тоифаи олӣ, ҷарроҳи поликлиникаи оилавии рақами 58-уми ноҳияи Яккасаройи пойтахт Зайниддин Норман. — Дар Маркази ҷарроҳии илмию амалии ихтисосонидашудаи ба номи В. Воҳидови Академияи тиббии пойтахт ва дигар соҳаҳо муолиҷаи кафолатнок то ҷое ба роҳ монда шудааст. Бо кӯмаки таҷҳизоти тиббии замонавӣ ба беморон ташхис гузошта мешавад, беморон шифо меёбанд. Вале бо дили пур наметавон гуфт, ки дар сартосари ҷумҳурӣ муолиҷаи кафолатнок ба роҳ монда шудааст. Соҳаи тиб ба мутахассисони донишманд ва соҳибмалака ниёз дорад. Зеро забони таҷҳизоти тиббии замонавиро на ҳамаи мутахассисон хуб мефаҳманд. Фикр мекунам, корро дар мавриди интихоби табибони оянда бояд аз мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ оғоз кард, низоми тестро такмил дод. Тавре бояд кард, ки ба ҳамаи муассисаҳои таълими олӣ, аз ҷумла донишкадаҳои тиббӣ, на ҷавонони сураташон олию дарунашон холӣ, балки донишманду болаёқат дохил шаванд.
— Одат шудааст: вақте бемор мешавем, роҳи поликлиникаро пеш мегирем, — мегӯяд ҳамсуҳбати дигари инҷониб сокини маҳаллаи Маърифати ноҳияи Яшнободи пойтахт Хосият Ғайбуллоева. — Табибон, баъди таҳлилҳои лабораторӣ ташхис мегузоранд. Касалӣ зиёд, имрӯз теъдоди дорухонаҳо низ, мисли занбӯруғҳои баъди борон, ба маротиб афзудаанд. Ин хуб аст. Бисёр бекорон бо шуғл фаро гирифта мешаванд. Вале доруҳо қимат. Чӣ илоҷ, бемор мехарад, зеро ба онҳо ниёз дорад.  Фикр мекунам, ҳоло даромади як доруфурӯш, назар ба даромади газворфурӯш, бештар аст. Ба сабаби ташхисгузории нодуруст гоҳо дар хонаи бемор доруҳои зиёде, ки ба пули қимат гирифтааст, ҷамъ мешаванд. Онҳоро, ҳарчанд муҳлаташон нагузаштааст, ягон дорухона гардонда намегирад. Ҳоло клиникаҳои хусусӣ ё пулакӣ низ кам нестанд. Вале дар муқоиса бо даромади аҳолии миёнаҳол, нархи муолиҷа арзон нест. Халқи мо, агар донад, ки дар ин ё он клиника шифо меёбад, пулро илоҷе карда меёбад. Аммо, баъди пардохти маблағ, муолиҷа на ҳамеша натиҷаи матлуб мебахшад. Яъне, дар мо муолиҷаи кафолатнок ҳанӯз қомат рост накардааст. Шояд ин кори оянда бошад.

А. СУБҲОНОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: