«МУҚАДДИМА»

Дар Хонаи фотосуратҳои Тошканд намоишгоҳи донишҷӯёни факултети таълими рангтасвири Институти санъати тасвирӣ ва дизайни ба номи Камолиддин Беҳзод Руслан Эргашев ва Алишер Шодиев кушода шуд.

Дар намоишгоҳ, ки «Муқаддима» ном дошт, наздик ба 50 намуди корҳои рангтасвири рассомон ҷой доранд. Асарҳои муаллифон мазмунҳои мухталифро дарбар намудаанд. «Парвози турнаҳо», «Мактуб», «Якшанбе», «Анор», «Саҳар», «Падаркуш», «Манзара», «Манзараи кӯҳсор», «Модар», «Баҳор», «Қишлоқ», «Борон», «Иссиқкӯл», «Ҳавлии ҳамсоя», «Амирсой» барин намунаҳои беҳтарини эҷодиёти Руслан ва Алишер ба шумор мераванд. 
Руслан бистсола буда, бо дипломи институти мазкур ва ташаккурномаи Шӯрои эҷодкорони бадеии ҷумҳурӣ тақдиронида шудааст. Алишер бошад, 19 -сола, зодаи Бухоро аст. Соли 2023 дар ҷашнвораи байналхалқии анъанавии «Санъати тасвирӣ ва амалӣ» иштирок намуда, соҳиби медали биринҷӣ гардид.  

Ҳ. АБДУНАЗАРОВ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: