МУРҒИ НАҒМАХОНИ БӮСТОНИ СУХАН

Шоири бузурги Машриқзамин Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ фармудааст:

Саҳар дар шохсори бӯстоне,
Чӣ хуш мегуфт мурғи нағмахоне:
«Баровар ҳар чӣ андар сина дорӣ,
Суруде, нолае, оҳе, фиғоне».
Аз синаи яке аз мурғони нағмахон — шоира Ҳадяи Бухороӣ ним аср аст, ки суруд гоҳо печида бо дарду оҳ, гоҳе нишотангез берун меояд. Ин зани бо шеъри дарӣ ошно ва худшиносро ҳанӯз аз овони донишҷӯйӣ мешиносам. Мо дар курси аввали факултаи филологияи тоҷики собиқ Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Садриддин Айнии Самарқанд таҳсил доштем, ӯ омӯзгори ҷавон буд. Ҳолдонон мегуфтанд, ки шеър менависад. Шеърҳои ӯ, устодон Ҷонибек Қувноқ, Салим Кенҷа, Асад Гулзодаи Бухороӣ, шодравон Акбар Пирӯзӣ ва дигарон сари чанд вақт дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ӯзбекистон» (ҳоло «Овози тоҷик») ва нашрияҳои Тоҷикистон рӯйи чопро медиданд. Мо навмашқон ба қаламиҳои онҳо бо ҳавас менигаристем, аз эшон гирумон меомӯхтем... 
Хонуми Ҳадя — номзади илмҳои фалсафа вақте дар Донишкадаи давлатии хӯрокворӣ ва саноати сабук ва Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро ба ҳайси устод кору фаъолият дошт, дар баробари бори таълиму тарбия, рӯзгордорӣ, бори гарони эҷодро низ бар дӯш дошт. Лаҳзаҳои фориғ аз кору бори зиндагӣ, вақте эҳсоси гунге дар дилаш забон мекушод, хома ба даст гирифта, дар чаҳорчӯбаи сухани муқаффо рози дил мекард, ҳар он чи дар сина дошт, рӯйи коғаз мерехт...
Нахустин китоби шеърҳояш зери унвони «Ба хокат по ниҳам бо номи Яздон» соли 2002 рӯйи чопро дид. Маҷмӯаҳои дигари шеъриаш «Парвоз»(2006), «Кишвари дил» (2008), «Набзи зиндагӣ» (2010), «Ишқи ҳастизо» (2011) ва «Ситораи уммед» (2014) паси ҳам ба дасти нашр расиданд.
Инак, дафтари навбатии ашъори ӯ — «Меъроҷ», ки аз тариқи нашриёти «Бухоро» рӯйи чопро дидааст, дар дасти мост. Китоб ғазалу дубайтӣ, рубоӣ ва чоргонаҳои ӯро дар бар гирифтааст. Шоира дар байти зерин:
Мекуним меъроҷ сӯйи ахтару сайёраҳо,
Чарх гардем ин фалакро қудрату имкон зи мост.
(аз ғазали «Маънии инсон...») ба ковишу кашф ва халлоқияти хиради инсонӣ арҷ мегузорад. («Меъроҷ» саҳ. 7). Аз байти зерин:
Дар гӯшае шудам гум аз чашму гӯши мардум,
То аз даҳон фитодам, узлат бигашт роҳат.
як андак бӯйи яъсу навмедӣ ба машом мерасад. Ин як ҳолати рӯҳиест, ки баъзан дар шахси эҷодкор рӯй медиҳад. Гӯшанишинӣ ихтиёр мекунад, дар танҳоӣ бо  одаму олам ба сар мебарад ва дар ниҳояти кор ин ҷамъият дар узлат мояи дилхушии ӯ мегардад, ғайриихтиёр равзанаи нуре ба торикистони дилаш ворид мешавад. Ва чунин сатрҳо:
Ба номат Ҳадя рози дил  фиристод,
Зи ҳар сатраш биҷӯ  меҳри ниҳонӣ.
чун резаборони баҳорӣ ба хушкии дилҳо мерезанд.
Шоира дар шеъри «Ганҷи маънӣ» сатре пурбадеъ ва маънибор дорад, ки ин аст: «Сухан кӯҳ асту маънӣ ганҷи ноёб». Бале, ҳар нафаре, ки бо шеър сарукор дорад, доир ба бояду шояди шеър назари худро дорад ва худу дигаронро дар ин баландӣ дидан мехоҳад. Воқеан, сухан кӯҳ аст ва агар дар он ганҷи маъниву ҳикмате нест, қимате надорад.
Шоира дар ғазале, ки онро «Ишқ» номгузорӣ кардааст, дуруст натиҷагирӣ кардааст:
Бипайвандад ба ҳам кулли ҷаҳонро, 
Тамоми ҳастиро бошад бақо ишқ.
Ё:
Ишқи покат баҳор меорад,
Боғи дилро ба бор меорад...
Чунин байтҳои маънибор ва сатрҳои дилнишин дар маҷмӯаи «Меъроҷ» кам нестанд. Бемуболиға, имрӯз бо забони тоҷикӣ озод ҳарф задан, огоҳона дастгирӣ кардани рӯзномаҳои тоҷикӣ, маводе дуруст кардан ё сухани  муқаффо гуфтан дар кишвари мо қаҳрамонист. Пас, яке аз қаҳрамонҳое, ки ҳастияшро ба шеъри дарӣ ҳадя кардааст, Ҳадяи Бухороист. Мо бехабар ин мурғи чамани бӯстони сухан по ба зинаи 70 - уми умр ниҳодааст.
Аз номи муштариёни рӯзномаи «Овози тоҷик» ва мухлисони  ашъораш бонуи суханварро бо ин санаи муборак табрик гуфта, барояш тандурустӣ, хонаободӣ, умри  дароз ва комёбиҳои беш аз пеши эҷодӣ таманно менамоем.

А. СУБҲОН,
муҳаррири бахши адабиёт ва ҳунари «Овози тоҷик».

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: