МУРАББИИ ҶОНФИДО

Имрӯзҳо миёни мову шумо нафароне ҳастанд, ки дар соҳаи таълиму тарбия ҷонфидо будаву умри азизи хешро баҳри ривоҷу равнақи соҳаи маориф бахшидаанд.

Аз зумраи чунин мураббиёни сермаҳсул Усмон Бобоев мебошад, ки зиёда аз 30 сол инҷониб дар таълиму тарбияи насли наврас заҳмат мекашад.
У. Бобоев соли 1965 дар деҳаи Тиргарони ноҳияи Сариосиё ба дунё омадааст. Пас аз хатми мактаби таълими ҳамагонии рақами 7 ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон месупорад. Пас аз хатми донишкада чун мутахассис ба мактаби зодгоҳ бармегардад ва минбаъд пешаи омӯзгориашро сайқал дода, солҳои 2014-2016 вазифаи директории мактаби рақами 7-ро низ ба ӯҳда гирифт. 
Тӯли солҳои директории ин роҳбари чашмикордон дар таълимгоҳ як қатор дигаргуниҳо ва навовариҳо ба амал омаданд. Пеш аз ҳама, ҷалб намудани мутахассисони варзида як омили баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар мактаб ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, У. Бобоев дар баробари сидқидилона фаъолият намудан, ба он эътибор медод, ки омӯзгорону тарбиятгарон ба шогирдон ва таълиму тарбияи онҳо фидоӣ бошанд.
Соли 2016 дар ноҳияамон Мактаби варзишии бачагон ва наврасон ташкил гардид. Бешубҳа, вазифаи сарварии ин мактаб бо боварии зиёд ба мутахассиси варзида, мураббии дилсӯз Усмон Бобоев супорида шуд. Ин мактаби варзишӣ дорои се шуъба дар марказҳои мавзеи Чароғон, Янгиҳаёт ва Шарғун низ мебошад. Алҳол дар ин маскани варзиш 22 нафар мураббӣ, ки 12 нафари онҳо соҳиби маълумоти олӣ ва 10 нафарашон дорои маълумоти миёнаи махсус мебошанд, фаъолият доранд ва шогирдон аз онҳо нозукиҳои намудҳои гуногуни варзишро меомӯзанд. Инчунин, дар Мактаби варзиш 865 нафар шогирдон (аз онҳо 47 нафарашон духтарон) дар 12 намуди варзиш: 9-то олимпӣ, 2-то миллӣ ва 1 намуди ғайриолимпӣ маҳорати варзишии худро месанҷанд.
Дар арзи се сол ин мактаби варзишӣ бо саъю кӯшиши мураббиён ва устодони варзида ба як қатор комёбиҳо муваффақ шуд. Чунончи, аз соли 2016 то ба имрӯз 30 нафар шогирдон дар намудҳои гуногуни варзиш, аз қабили бокс, каратэ, гӯштӣ, чемпиони Ӯзбекистон гардидаанд. Бар замми ин, ҷамоаи футболбозони соли таваллудашон 2002 ба гирифтани ҷоми вилоят ноил гардида,  чемпиони вилоят шуданд ва барои иштирок дар чемпионати Ӯзбекистон, ки дар вилояти Қашқадарё баргузор мегардад, роҳхат гирифтанд.
Дар айни замон муваффақиятҳои бадастомадаи Мактаби варзишии кӯдакон ва наврасони ноҳия назаррас аст. Барои ба даст овардани ин пирӯзиҳо саҳми Усмон Бобоев калон аст. Шояд ҳамин меҳнати софдилона буд, ки ба наздикӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгорон ва мураббиён ба гирифтани нишони Аълочии варзиши Ӯзбекистон сазовор дониста шуд. 
Мо ин омӯзгори соҳибтаҷрибаро бо чунин комёбиҳо самимона муборакбод намуда, дар корҳои минбаъдааш бурдбориҳои калон таманно дорем.

Зулола ХОЛИҚОВА, 
омӯзгори мактаби рақами 67-и ноҳияи Сариосиё.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: