Мураббии ҷопонӣ дар тими футболи занонаи Ӯзбекистон ба кор шурӯъ кард

Мидори Хонда сармураббии тими миллии занонаи футболи Ӯзбекистон шуд. Ассотсиатсияи футболи Ўзбекистон ва мутахассиси ҷопонӣ ба муҳлати то охири соли 2023 ба шартнома имзо карданд.

Бино ба иттилоъи маркази матбуоти Вазорати сайёҳӣ ва варзиш, Мидори Хонда, ки соли 1964 дар шаҳри Сидзуокаи Ҷопон таваллуд шудааст, аз соли 1981 то соли 1991 дар ҳайати тими занонаи Ҷопон бозӣ кардааст, барандаи медали биринҷии Бозиҳои осиёӣ мебошад.

Вай фаъолияти мураббигии худро дар клуби "Окаяма" соли 2001 оғоз карда, ба ҳайси ёвари мураббӣ дар тими занонаи Ҷопон У-20 кор кардааст. Ҳамон вақт намояндагони кишвари тулӯъи офтоб дар чемпионати ҷаҳон ҷои 3-юмро гирифтанд. Вай ҳамчун мураббӣ аз соли 2013 то 2019 ба клуби "Nagano Parseyro" ва аз соли 2020 то 2021 клуби "Sidzuoka SSU Asredjina" раҳбарӣ кардааст, хабар медиҳад ӮзА.

Мутахассиси дигари ҷопонӣ Такая Цуцуми ба ҳайси мураббии дарвозабон дар тими занонаи Ӯзбекистон ба кор шурӯъ мекунад.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: