МӮРЧАИ САРКАШ

Як гурӯҳи мӯрчагон дар буни садаи солхӯрдае сукунат доштанд.

Як гурӯҳи мӯрчагон дар буни садаи солхӯрдае сукунат доштанд. Ҳар рӯзи баҳор, тобистону тирамоҳ кори мӯрчаҳо пораи хӯрокаро бо лабони анбӯрвор гирояшон доштан ва ба сӯйи масканашон шитофтан буд. Онҳо аз субҳи содиқ то шоми торик дар қатора бор мекашиданд. Аз такрор ва якрангии ин кор дили мӯрчае ба танг омад. Аз миён ва пойҳои сӯзаносо борики ӯ асари хастагӣ ҳувайдо буд.
Рӯзе ин мӯрчаяк аз силсилаи мӯрчагон берун шуда, хӯрокае пайдо карда хӯрд ва дар сояи як барги хушкидаи гелос хуфт. Сардори силсилаи мӯрчагон мӯрчаи хобидаро насиҳат карда мегуфт:
– Дар оворагардӣ буду боши мӯрча мушкил аст. Бидон, ки зӯру тавони мӯрчагон дар муттафиқӣ ва иҷтимоъ аст. Ба қароргоҳи мо баргард, то ки амон бошӣ. Мӯрчаи саркаш ба сардори қатораи мӯрчагон гуфт:
– Барои ғамхориатон ташаккур! Ман ба маскани мӯрчагон баргаштан намехоҳам. Аз давутози якмароми боркашиатон ҷонам ба лаб омадагӣ. Ман ба танҳоӣ буду бош доштан мехоҳам. 
Мӯрчаи саркаш аз силсилаи мӯрчагон дур шуду аз иттифоқи онҳо ва муттафиқӣ берун монд.
Дар аснои ҷустуҷӯйи хӯрока дид, ки дар ҷое чанд халта зағир рехта шудааст. Вай хурсанд шуду чанд донаи зағирро ба сӯрохи деворе, ки барои сукунат ихтиёр карда буд, захира кард. Ӯ мехост, ки аз зағир барои зимистонгузаронӣ захира кунад, зеро ки вай хӯрокаи музаххар надошт. Вақте ки ба ҷойи зағири рехташуда рафт, дид, ки деҳқоне зағирро ба халтаҳо меандохт ва онҳоро ба хар бор карда мебурд.
Мӯрча хост, ки чанд донаи зағирро ба ҷойи маскунаш барои захира барад. Вале, вақте ки байни алафҳо як донаи зағирро пайдо карда мебурд, дар зери суми харе монду пойҳои ақибаш лат хӯрданд. Вай ба болои чӯби пӯсидае баромада кирмеро пайдо кард ва ба вай часпид. Мӯрча кирмро газида куштан мехост. Кирм аз ҳавли ҷон худро ба ҳар тараф мезад. Иттифоқан боди сарсарӣ вазида мӯрчаро бо кирм бардошта бурд ва ба толобе андохт.
Мӯрча ҷидду ҷаҳд карда бо як азоби алим ба болои барги бодоварде баромад. Ин вақт забони часпаки қурбоққае ба мӯрча часпид ва вайро ба лабаш гирифту фурӯ бурд. Вай дар шиками қурбоққа қарор гирифта бо таассуфу надомат мегуфт: Во дареғо, чаро худсарӣ кардам. Ба насиҳати сарвари мӯрчагон гӯш накардам. Ҳоло тӯъмаи қурбоққае гаштам. 
Пушаймонӣ дигар суд надошт. Қурбоққа ба болои барги нилуфаре баромада бо қур-қуру қур дар оҳанги бам байтеро замзама мекард:
Ҳон, талаф гардад 
ба соҳил чакраи 
амвоҷи маҷро,
Чун ҷудо шуд аз 
тифоқӣ қатраҳои 
оби дарё.

Малик КАБИРОВ.
 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: